Нашрияи Омӯзгор

Роҳи мушкили расидан ба истиқлол

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

Инқилоби октябри соли 1917 бо таври куллӣ тақдири тоҷиконро ҳам тағйир дод. Вай ба фаъолияти империяи Россия хотима дода, ба ҷойи он давлати сотсиалистӣ бунёд кард. Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ фақат як ҳизби болшевикон дар барномаи худ масъалаи миллиро монда бо таври худ онро ҳал кардан мехостанд, дигар ҳизбҳои Аврупо ба ин масъала таваҷҷуҳ надоштанд. Нахустин бор дар таърихи кишвари мо роҳбарони Ҳукумати Шӯравӣ масъалаи миллиро ба таври худ ҳал карданд. Дар ҳудуди собиқ империяи Россия як қатор давлатҳои миллӣ қомат рост карда, ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Бо оне ки империяи Россия сарнагун ва дар паҳнои он сохти нави сиёсӣ доман паҳн мекард, ин таҳаввулоти сиёсӣ гӯё барои аморати Бухоро, ки бештари сокинонаш тоҷикон буданд, бетафовут менамуд. Амири Бухоро – Олимхон пас аз пошхӯрии империяи Россия худро то андозае мустақил ҳисоб мекард. Сиёсати соҳибияти Осиёи Марказӣ дар мафкураи сиёсии инқилобчиҳои Россия В. И. Ленин ва Л. Тротский гиреҳ хӯрда буд, аммо амир Олимхони аз дунё бехабар ба масоили сиёсии минтақа ва ҷаҳон дуруст сарфаҳм намерафт. Бухоро амалан аз соли 1917 то 2 сентябри соли 1920 мустақил буд, амир аз ин вазъияти қулай самаранок истифода бурда натавонист. Роҳбарони болшевикон В.И.Ленин ва Л. Тротский мақсади инқилоби ҷаҳониро доштанд, онҳо дар Бухоро инқилобро амалӣ карда, сипас онро ба Афғонистон, Эрон, Ҳиндустон, Туркия гузарониданӣ буданд. Дар ин марҳила зулму золимии сохти амирӣ хеле авҷ гирифта, ба устухони мардум расид. Сокинони Бухоро орзуи инқилобу сарнагунии ин сохти пӯсидаи феодалиро доштанд. Барои дар Бухоро ташкил кардани инқилоб болшевикон беҳтарин лашкаркаши вақт Михаил Фрунзеро ва зиёда аз бист ҳазор аскари сурхи таҷрибадорро сафарбар карданд, ба онҳо аэропланҳо ва бронопоездҳо кумак мекарданд. Фармондеҳи фронти Туркистон Михаил Фрунзе бо ситодаш аз Тошканд ба Самарқанд омад. Аз он ҷо вай ба амалиёти Артиши Сурх ба муқобили аморати Бухоро бевосита роҳбарӣ кард. 29 августи соли 1920 амалиёти муваффақонаи Артиши Сурх оғоз ёфт ва 2 сентябри соли 1920 дар Бухоро амир Олимхон сарнагун ва Бухоро Ҷумҳурии халқии Шӯравӣ эълон карда шуд. Барҳамхӯрии сохти теократии Бухоро бо сарварии амирони сулолаи манғит, як хишти аввал гашт барои Истиқлоли минбаъдаи мо. Тадриҷан истиқлоли мо заминаи маънавӣ пайдо мекард, дар саргаҳи он Қаҳрамони ояндаи Тоҷикистон Садриддин Айнӣ меистод. Вай дар рафти Инқилоби Бухоро яке аз мушовирони Ҳизби коммунистии Бухоро буд. Ҳанӯз то инқилоби Бухоро С. Айнӣ дар саҳифаҳои аввалин маҷаллаи тоҷикии Шӯравӣ “Шуълаи инқилоб” бо мақолаҳои публитсистӣ баромад карда, мардуми моро ба худогоҳии сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳидоят мекард. Мақолаҳои С. Айнӣ дар саҳифаҳои “Шуълаи инқилоб” бо номи “Масъалаи Шарқ”, “Ҳукумати Шӯроии Туркистон ва масъалаи Шарқ”, “Ба аскарони сурх ёрӣ диҳед”, “Аскарӣ” ва “Зинда бод инқилоб”, “Ғалабаи инқилоб дар Шарқ”, “Сайфу қалам”, “Акнун навбати қалам аст”, “Бояд анҷом дод”, “Инқилоби Бухоро” ва ғайра заминаи мустаҳками маънавии Истиқлоли мардуми мо гашт. Ин фаъолияти Садриддин Айнӣ минбаъд дар рӯзномаи “Овози тоҷик” ва дигар асарҳояш самаранок идома ёфт.

Воқеаи муҳиму тақдирсози таърихи миллати мо ин тақсимоти ғайриодилонаи миллӣ – ҳудудии соли 1924 аст, ки дар харитаи кишвари мо якчанд давлатҳои миллӣ пайдо шуданд. Пӯшида нест, ки сиёсати тақсимоти миллӣ-ҳудудии тарҳрезикардаи болшевикон ба манофеи тоҷикон – қадимтарин сокинону соҳибони сарзамин латма ворид кард. Ин давраи таърихӣ як марҳилаи пурфоҷиа барои тоҷикон арзёбӣ шудааст. Пантуркистон, ки ба эътимоду боварии болшевикон даромада буданд, мавҷудияти қавмеро бо номи «тоҷик» инкор менамуданд. Зулму фишор ба дараҷае расид, ки тоҷикон аз мақомоти роҳбарӣ барканор, ҳатто бадарға мешуданд. Ховаршинос Камол Айнӣ-фарзанди устод Садриддин Айнӣ дар мусоҳибааш («Сталин: Лаврентий, аҳмақӣ накун, Айнӣ гуноҳе надорад», «Маориф», 2015) аз рӯзгори падар хотиррасон мекунад, ки фишори пантуркистон ба дараҷае буд, ки дар Бухорову Самарқанд рӯзномаҳои тоҷикиро бастанд, равшанфикронро аз муассисаҳои давлатӣ ронда ва ҳатто бадарға менамуданд.

 Бо вуҷуди чунин фишорҳои шадиди сунъӣ соли 1924 дар тақсимоти миллӣ – ҳудудӣ, ки онро ҷуғрофӣ гуфтан ҳам равост, дар баробари таъсиси дигар ҷумҳуриҳои мухтор Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис ёфту қомат рост кард. Ин барои тоҷикони азияткашидаву тақдиру сарнавишташон ба дасти бегонагон афтода, ки аз марказҳои бузурги фарҳангии хеш – Бухорову Самарқанд маҳрум шуда буданд, дар шинохту ташаккулёбӣ ба ҳайси як миллати воҳид фоли неке буд. Муҳимтар аз ҳама, ин як заминаи мустаҳкаме гардид барои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон.

Соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ қомат афрохт. Тоҷикон акнун мустақилияти нисбатан нисбӣ ба даст оварданд. Дар паҳнои Шӯравӣ тоҷикро ба ҳайси миллати дорои таъриху тамаддуни ғанӣ мешинохтагӣ шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон каму беш имкон пайдо кард, ки равобити хориҷӣ, аз ҷумла, муносибатҳои фарҳангии хешро бо мамолики ҳавзаи форсизабонон ва дунё ба роҳ монад. Ин муносибатҳо маҳдуд ҳам бошад, (онро Ҳукумати Шӯравӣ ҳаллу фасл мекард) миллати моро ҷаҳониён мешинохтагӣ шуданд.

 Дар тӯли ҳафтод соли дар ҳайати Шӯравӣ арзи ҳастӣ кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон, миллати мо боз ҳам ташаккул ёфт. Мо дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил гаштем; даҳҳо макотиби олӣ ба фаъолият шурӯъ кард, заводҳою фабрикаҳо сохта шуданд, заминҳои ташналаб обёрӣ гардид, водии Вахшро аз худ кардем. Дар чор гӯшаи Тоҷикистон бунёдкориҳои азим рӯйи кор омад. Бесаводӣ аз байн рафт, наслҳои наву ашхоси бофарҳанг, олимону фозилони шинохта ба камол расиданд ва Тоҷикистон яке аз қисматҳои пешрафтаи соҳаи кишоварзии Иттиҳодӣ Шӯравӣ маҳсуб меёфт, зеро тоҷикон истеҳсоли пахтаро, ки рӯзирасони асосии мардуми мо буд, дар соли 1980 ба як миллион тонна расонданд.

Империяи бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ моҳи августи соли 1991 пош хӯрд. Истиқлолияти воқеӣ барои аксар ҷумҳуриҳои умумииттифоқӣ, ки дар ҳайати он буданд, ба даст омад. 9 сентябри соли 1991 Парлумони Тоҷикистон кишвари моро мустақил эълон намуд. Вай минбаъд расман номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт. Мутаассифона, баъзе неруҳои сиёсии нав шаклгирифта, ки онҳо зери таъсир ва нуфузи бегонагон қарор доштанд, ба Истиқлолияти мо латма ворид карда, дар пайи пиёда намудани ҳадафҳои бепояи сиёсии худ Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Масъалаи на танҳо истиқлолияти воқеӣ, балки ҳаёту мамот барои тоҷикон бори дигар пеши рӯ омад. Ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандии солҳои 1992-1997 барои хоҷагии халқи мамлакати мо хисороти бузурги ҷонӣ ва молӣ ба бор овард. Зиёда аз 120 ҳазор нафар одамони бегуноҳ дар ин ҷанги нангин барои миллати мо ҷонҳои ширини худро аз даст доданд. Садҳо ва ҳазорон оилаҳо бе сарпаноҳ монданд, зиёда аз 1 миллион ҳамватанони мо ба хориҷи кишвар муҳоҷирати иҷборӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки таърих дар лаҳазоти мураккаб, ҳассос ва тақдирсоз шахсиятҳои таърихиро ба майдони сиёсӣ меорад. Ба бахти миллати мо ва дар таърихи навини мо чеҳраи шахсияти басо зебову гарми Эмомалӣ Раҳмон рух намуд, ки вай барои миллати мо ва якпорчагии Ватани азизамон хидматҳои беандоза бузургеро анҷом дод. Ин ҷавонмарди далеру боғайрат дар синни 40-солагӣ, моҳи ноябри соли 1992 раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд ва барои сарҷамъии миллати парешонгаштаи тоҷик сина сипар кард. Мардуми мо ҳанӯз суханони эшонро, ки аз минбари Кохи Арбоб, ки ҷаласаи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар он мегузашт, хуб дар ёд доранд. Эмомалӣ Раҳмони миллатдӯст гуфта буд: «Ман то даме, ки як гуреза дар хориҷ аст, худро даме орому сокит намеҳисобам. Ман ба миллатам ва ба Ватанам то ҷон дар рамақ дорам, софдилона хидмат карда, ба Тоҷикистон сулҳ меорам». Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мухолифини тоҷик анқариб чаҳор сол ба гуфтушуниди сулҳ машғул шуд, дар натиҷа 27 июни соли 1997 ба сулҳ расидем.

Оре, Ҷумҳурии Тоҷикистон кашмакашиҳои бемаъниро пушти сар гузошт. Эмомалӣ Раҳмон, ки таърихи навини мо ӯро ба ҳайси меъмори Сулҳу Ваҳдат, болотар аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат ба ҷаҳон муаррифӣ кардааст, тавонист дар лаҳзаҳои басо душвор ҷонро дар гарав монда, миллатро сарҷамъ созад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷаҳониён ба ҳайси кишвари мустақил, демократӣ, дунявӣ ва ягона мешиносанд.

Соли равон аз Истиқлолия-ти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Бо ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии Ватанамон навгониҳои зиёде ба миён омаданд. 2 марти соли 1992 дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ба узвияти СММ пазируфта шуд. Беш аз 200 мамлакат кишвари моро ба расмият шинохт. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди СММ суханронӣ намуда, як қатор масоили доғи ҷомеаи ҷаҳониро барои баррасӣ ба муҳокима гузошт.

Ҳамчун муаррих наметавонам аз дастовардҳои миллати азизам сарфи назар намоям. Мо дар ин солҳо дар ободонӣ ва созандагӣ қариб роҳи нимасраро тай кардем. Ду неругоҳи обии барқӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, нахустин агрегатҳои неругоҳи Роғун ва чандин шаҳру деҳоти нав сохта шуданд. Дар ағбаи Анзоб, Шаҳристон, Чормағзак, Шаршар роҳҳои зеризаминӣ бунёд гардид, ки ин қаблан барои ҳар сокини кишвар танҳо орзу буд. Акнун рафтуомад тавассути нақлиёт ва интиқоли ҳамагуна борҳои хоҷагии халқ дар тамоми чор фасли сол ба ҳар гӯшаи Тоҷикистони азиз имконпазир ва таъмин аст.

Дастовардҳоямон дар замони соҳибистиқлолӣ хеле бузурганд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавсеаи сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ ҳадафҳои созандаро сол то сол муваффақона татбиқ менамояд. Мо якпорчагӣ ва Истиқлолияти давлатии онро мисли гавҳараки чашм ҳифз ва азизу гиромӣ медорем ва шукри ин неъмати бебаҳо мекунем.

 

Амиршоҳ ЁРМУҲАММАДОВ,

дотсенти ДМТ, Аълочии маориф ва

илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш