Нашрияи Омӯзгор

Саломатиамонро ҳифз бикунем

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 756        Шарҳ: 0

Кӯдак ва телефон

Таъсири зарарноки истифодаи аз меъёр зиёди дастгоҳҳои мобилӣ барои муошират ҳанӯз дар ҷараёни омӯзиш аст. Ин дар ҳолати эҳсоси мондашавии шахс, суст гардидани хотира, болоравии фишори хун ва дар бехобӣ, мушоҳида мешавад. Олимони имрӯз бар он ақидаанд, ки зарари истифодаи телефонҳои мобилӣ ба кӯдакону наврасон ба зарари истеъмоли тамоку баробар мебошад. Гӯшии мобилӣ манбаи хориҷ гаштани нурҳои электромагнитӣ буда, эҳтимоли зарари онҳо (бо вуҷуди эътимодбахш эълон шуданашон) ба саломатии инсон ҳанӯз бартараф нагаштааст. Махсусан, ба организми кӯдак таъсири манфии нурҳои электромагнитии ин гуна дастгоҳҳо нисбат ба калонсолон 2-4 маротиба зиёдтар мебошад.

Табибон аз меъёр зиёд болоравии тағйирёбии гармоналии кӯдакон, камқувватӣ ва паст шудани масунияти бадан, афзоиши серҳаракат шудан ва устувортар гаштани бемориҳои музминро ба истифодаи телефонҳои мобилӣ алоқаманд медонанд. Устухонҳои тунуки косахонаи сари кӯдак қобилияти муҳофизати майнаи сари ӯро аз мавҷҳои электромагнитӣ надорад. Азбаски то 14-солагӣ системаи асаби кӯдак бо пуррагӣ инкишоф наёфтааст, аз тарафи мутахассисони илми тиб истифодаи дастгоҳҳои мобилӣ барои ин  син (то 8-сола қатъиян манъ) танҳо дар зарурат тавсия карда шудааст.

Ба ақидаи мутахассисони шведсиягӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар оянда ба зиёд гаштани хатари як қатор бемориҳои табобатнашаванда оварда расонида метавонад. Мутахассисони беморхонаи донишгоҳии ш. Оребро ҳангоми муҳокимаи 18 тадқиқот дар  ИМА, Дания, Финляндия, Шведсия, Британияи Кабир, Олмон ва ҷопон ба чунин хулоса омаданд, ки шахсони то 20-солагӣ ба телефонҳои мобилӣ сари коргирифта 5 маротиба зиёдтар ба бемориҳои саратон гирифтор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи дастгоҳҳои мобилӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ ҳанӯз аз баҳори соли 2007 оғоз ёфта, моҳи марти соли 2009 тибқи қонунгузорӣ  манъ гардид. Пӯшида нест, ки телефони мобилӣ қобилиятҳои кӯдакро ба муошират бо атрофиён маҳдуд мегардонад. Олами атрофи кӯдак танҳо компютер, интернет ва телефони мобилиро дар бар мегираду халос, таҷрибаи муносибатҳои дӯстона барқарор кардан дар ӯ маҳдуд мегардад. Ақидаи кӯдак дар хусуси беқадр будан миёни дӯстон аз лиҳози надоштани телефони мобилӣ бештар мегардад. Ба ҷои муваффақиятҳо дар хониш, дастовардҳо дар варзиш ва дар машғулиятҳои дӯстдошта, танҳо то чӣ андоза сарватманд будани волидайни наврас ба назар гирифта мешавад. Дар ин ҳолат дар оила эҳтимоли ба миён омадани ҷанҷолу хархашаҳо низ аз имкон дур нест. Инчунин телефони мобилӣ дар оила сабаби хароҷоти иловагӣ ҳам мебошад.

Пластика хуб, аммо...

Истеҳсол ва фурӯши зарфҳои пластикӣ сол то сол зиёдтар шуда истодааст. Истеҳсолкунандагони чунин зарфҳо мегӯянд, ки истифодаи зарфҳои пластикӣ дар ҳолати риояи қоидаҳои муайянкардашуда куллан безарар мебошад. Мутаассифона, на ҳамаи мо аз ин қоидаҳо бархӯрдор ҳастем.

Пластик дар ҳақиқат, маҳсулоти безарари ғайритаксикӣ ба шумор меравад. Вале истеҳсолкунандагон бо мақсади бадошт ва муҳлати истифодаи онро дароз намудан, ба таркиби пластик моддаҳои махсуси кимиёвӣ илова мекунанд, ки ин дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои махсуси дар онҳо дарҷгашта ба саломатии инсон зарар меоварад.

 

Ҳ.ОРИФҷОНОВА,

омӯзгори Муассисаи  давлатии ибтидоӣ-шабонарӯзии таълимоти

махсус барои кӯдакони  нобино ва сустбини шаҳри Душанбе


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш