Нашрияи Омӯзгор

Бунёдкориҳо дар Кӯҳистони Мастчоҳ

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо мақсади дар сатҳи  баланд таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  омодагии ҳаматарафа дида мешавад. Ҳоло ин ҷо корҳои созандагӣ бомаром идома дошта, сокинони ин минтақаи дурдасти кишварамон барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи фархунда софдилона заҳмат мекашанд.

Зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Сафар Салимов изҳор дошт, ки тибқи нақша-чорабиниҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар соҳаи маориф бомаром идома доранд.

Аз тарафи Дирексияи иншооти сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия сохтмони мактаб барои 420 нафар хонанда аз тарафи пудратчӣ  КСМ-101 босуръат давом дорад.

Сохтмони мактаб барои 340 хонанда дар деҳаи эсизи поён, Ҷамоати деҳоти ба номи Иван - Тоҷик  бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дошта, дар ин замина 50 фисади корҳои сохтмонӣ  пурра ба  иҷро расонида шуданд.

Дар деҳаи Дашт сохтмони мактаб барои 350 нафар хонанда бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши лоиҳавии  2617,93  ҳазор сомонӣ идома дорад.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми аҳолии деҳаи Ғукат аз тарафи ҶДММ «Пастиғав»  ба маблағи умумии 97 ҳазор сомонӣ чор синфхонаи кушоду барҳаво сохта ба истифода дода  шуд.

Дар деҳаи Деҳавзи  Ҷамоати  деҳоти  Лангар аз тарафи соҳибкор Фаррух Амонов як муассисаи таълимӣ ба маблағи  705 ҳазор сомонӣ ба истифода  дода  шуд. Сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Табушни Ҷамоати деҳоти Лангар пурра ба охир расид.

Панҷ синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Худгифи Офтоб бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии аҳолии  деҳа  пурра сохта шуда, бо дастгирии бевоситаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой  Аҳмадзода мизу курсӣ  ва тахтаи синфӣ барои ин  иншоот дастрас карда шуд.

Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 дар деҳаҳои Пит, Ғаз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия пурра ба анҷом расид.

Нуъмон РАҶАБЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш