Нашрияи Омӯзгор

Гуфтушуниди ректорони академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои узви СҲШ

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 775        Шарҳ: 0

 

 

Дар Маркази дӯстӣ ва ҳамкориҳои Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ дар Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба 20 — солагии СҲШ ва дар доираи раёсати Тоҷикистон дар ин созмон мулоқоти ректорони академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои узви СҲШ таҳти унвони «20 соли СҲШ: дурнамои ҳамкории академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ» дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид.

Мулоқот бо мақсади тақвияти муносибатҳои дӯстона ва шарикии муассисаҳои идоракунии давлатӣ дар чаҳорчӯбаи СҲШ, инчунин, барои табодули таҷрибаи идоракунӣ ва омӯзонидани хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд.

Дар мулоқот ректорони муассисаҳои идоракунии давлатии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, инчунин, намояндаи Котиботи СҲШ, Котиби Генералии Кумитаи чинӣ оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, Муовини директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон, Президенти академияи миллии идоракунии Чин ва намояндагони сафоратҳои Ҳиндустон ва Покистон иштирок ва сухан кардан.

 Дар мулоқот масъалаҳои марбут ба барқарор намудан ва тақвият додани муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни академияҳои идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии давлатҳои узви СҲШ, ҷалби чунин муассисаҳо аз кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ дар саммитҳои минбаъда, табодули таҷриба, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти омодакунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, лоиҳаҳои таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва муайян намудани дигар самтҳои ҳамкорӣ бо назардошти таҳдидҳо ва имкониятҳое, ки дар шароити пандемияи СOVID-19 амалӣ карда мешаванд, баррасӣ шуданд.

Оид ба натиҷаҳои кори мулоқот қабули Изҳороти муштарак ба нақша гирифта шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти навбунёд буда, имрӯз дар марҳилаи ташаккулёбӣ ва рушди худ қарор дорад. Он бо дастгирӣ ва розигии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти созмон таъсис дода шудааст.

Ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самаранок Марказ Дурнамои рушд ва фаъолияти 5-соларо таҳия намуда, мутобиқи он силсилаи чорабиниҳоро дар самти рушди дипломатияи мардумӣ, маориф, илм ва фарҳанг, ташвиқу тарғиби фаъолияти СҲШ ва марказ амалӣ менамояд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш