Нашрияи Омӯзгор

Ифтитоҳи мактаб дар маҳаллаи Мерганчаи вилояти Самарқанд

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 786        Шарҳ: 0

 

10 июни соли равон дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ — бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои саховатмандонаи сарони давлатҳо аз тарафи ҳукуматҳои ду кишвар бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Зимни ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №154-и ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд М.  Имомзода – вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ш. Шерматов – вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Н. Собирзода – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Э. Ҳамроев – муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Х. Очилов – муовини раиси вилояти Самарқанд, И. Камолзода – сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Д. Сафарзода – сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илм, омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳияи Ургут иштирок намуданд.

Фармоишгари иншооти таълимӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ “ПИЛҶ САНИИОСП” таҳияи гардида, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Гулгун” иҷро гардидаанд. Ҳамзамон, лоиҳаи иншоот дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ташхиси давлатии сохтмони “Tasdiglayman” Director v.b Abdiev M аз 14.02.2019 с YIGMA EKSPERT XULOSA №284 – 2019 гузаронида шудааст. Масоҳати қитъаи замини ҷудогардида 1,5 га-ро ташкил дода, дар иншоот корҳои сохтмонӣ моҳи марти соли 2019 оғоз ёфтанд. Иншоот бо арзиши 33 млн. 357 ҳазору 270 сомонӣ бунёд гардид.

Тибқи иттилои Д. Сафарзода – сардори раёсати сохтмони асосии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоот аз 5 бинои (А, Б, В, Г ва Д) сеошёна иборат мебошад.

Илёр Пӯлодов – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ургут зимни суҳбат бо намояндагони ВАО бо қаноатмандӣ иброз дошт, ки  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №154 бо иқдому ташаббуси сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бунёд гардид ва натиҷаи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи маориф мебошад. Дар ноҳияи Ургут то ин замон 153 мактаб фаъолият мекард ва инак, 154-ум мактаб ба истифода дода шуд. Бо чунин шароит ва имконот мактабе, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд, мисли як донишгоҳи бузург аст. Синфхонаҳои барҳавои таълимии муҷаҳҳаз бо техникаю технологияи муосир, кабинетҳои фаннӣ, маҷлисгоҳҳо, китобхона, осорхона, толору майдонҳои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст. Ман аз номи омӯзгорони ноҳия ва падару модарони хонандагон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён мекунам.

Сафаралӣ Ҳасанов – сокини ноҳияи Ургут зикр кард, ки бо ташаббуси ду Президент сохта ба истифода додани ин гуна муассисаҳо робитаи байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва риштаҳои дӯстии ду халқро боз ҳам мустаҳкамтар месозад.

–  Бояд эътироф кард, ки мактаб мувофиқ ба сатандартҳои  ҷаҳонӣ сохта шудааст ва аз хонандагон танҳо омӯзиши амиқро тақозо мекунад. Мо аз ин иқдом  бениҳоят миннатдорем ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳори миннатдорӣ менамоем.

Дар ин муассисаи таълимӣ ба фарқ аз дигар мактабҳои ноҳияи Ургут 4 синфхонаи ҳунаромӯзӣ бунёд ва бо пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизот муҷаҳҳаз гардидааст. Ба таъкиди омӯзгорон, синфхонаҳои ҳунаромӯзӣ барои соҳибкасб гардидани хонандагони мактаб метавонад нақши калон дошта бошад.

Ба таъбири омӯзгори муассиса Насиба Нарзиқулова, дар мактаб 4 синфхонаи ҳунаромӯзӣ мавҷуд аст. Вақте духтарону писарон дар синни мактабӣ ҳунар меомӯзанд, оянда дар зиндагӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ намешаванд.

Ҳамаи синфхонаҳои мактаб бо пешрафтатарин технология ва воситаҳои илмомӯзии муосир, аз ҷумла, тахтаҳои электронию компютерҳо муҷаҳҳаз гардидаанд. Дар баробари ин, ҷиҳати сайқал додани дониши хонандагон кабинетҳои лингофонӣ бунёд шудаанд, ки аз таҷрибаи самаровар дар соҳаи маориф ба ҳисоб мераванд. Дар ҳамаи синфхонаҳо, утоқҳои корӣ, роҳравҳо ва дар саҳни бино камераҳои назоратӣ насб карда шудааст. 

Таълим бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда мешавад. Хонандагону омӯзгорон пурра бо китобҳои дарсӣ, ки бо забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ нашр шудаанд, таъмин мебошанд. Дар китобхонаи мактаб адабиёти зиёди илмию бадеӣ мавҷуд аст, ки хонандагон метавонанд аз онҳо васеъ истифода намоянд.

Тибқи иттилои К. Исозода-директори маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари вазири маориф ва илм ба муассисаи мазкур 17 номгӯй китоби дарсӣ ва 35 номгӯй китоби бадеии бо забони тоҷикӣ нашршуда тақдим карда шуд.

Омӯзгор Саноат Аҳадова зикр кард, ки пеш аз ҳама, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худ ва тамоми омӯзгорони ноҳияи Ургутро мерасонам.  Мактабе, ки барои мо сохтанд, тамоми шароитро дорад. Хусусан, синфхонаи забон ва адабиёти тоҷик ба таври мукаммал ҷиҳозонида шудааст. 

Дилфӯза Бердиева – омӯзгори мактаби мазкур зикр кард, ки мо-омӯзгорони мактаб аз сарони ду давлат сипосгузорем ва кӯшиш менамоем, ки хонандагонро дар рӯҳияи хештаншиносию ватандӯстӣ тарбия намоем. Бовар дорем, ки насли навраси мо дар густариши робитаи дӯстонаи ду кишвар ҳиссаи сазовор хоҳад гузошт.

Илова бар ин, дар ҳудуди қитъаи замини ҷудогардида гузаргоҳ, майдонча барои истироҳат, майдонча барои бозии хонандагони синфҳои аз 1 то 4, майдонча барои бозии хонандагони синфҳои аз 5 то 9, роҳрав барои давидани хонандагон, майдончаи бозии футбол бо андозаи 60х30 метр, ҷойи нишаст барои 250 нафар, майдонча барои гузарондани маҷлис (линейка) ва анбори зидди сӯхтор барои 100 м3 об ҷойгир гардидааст. Барои баргузории дарсҳои амалии омодагии дифои ҳарбӣ як майдончаи замонавӣ низ сохта шудааст.

Хонандаи муассисаи мазкур Аълохон Хуррамова зикр кард, ки толори варзишӣ ҷиҳати машқу тамрин бениҳоят мусоид аст.

- Мо дар ин ҷо волейбол ва баскетбол бозӣ мекунем. Хонандагони мактаб ҳама хурсанданд, зеро дар ин ҷо барои онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Мо аллакай дар мактаб дастаҳои варзишии футбол, волейбол ва баскетболро миёни духтарону писарон таъсис додем. Дар ин муассиса, ҳамчунин, як буғхонаи бо неруи барқ ва ангишт фаъолияткунанда сохта шудааст. Таҷҳизоти гармидиҳанда имконият дорад, ки тамоми муассисаро дар фасли сармо бо гармӣ таъмин намояд.

Дар осорхонаи мактаби нав дастовардҳои замони соҳибистиқлолии ду давлат-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон муаррифӣ гардида, дар он ҳамзамон, либос, ашёи рӯзгор ва намунаи ёдгориҳои таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст. Ин тадбир имконият медиҳад, ки насли наврас аз таърихи гузаштаи ду халқи ба ҳам дӯсту ҳамсоя огоҳии бештар дошта бошад.

Баъд аз маросими ифтитоҳи муассиса М.Имомзода-вазири маориф ва илм бо хонандагони муассисаи таҳсилоти умумии мазкур мулоқот ва суҳбати озод анҷом дода, дар чорабинии адабию фарҳангии таҳиякардаи хонандагон иштирок варзиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ҷамоати Т. Улҷабоеви ноҳияи Спитамени вилояти Суғд муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 моҳи сентябри соли 2020 ба истифода дода шуда буд, ки дар маросими ифтитоҳии он ҳайатҳои расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони аҳли илму маорифи кишварҳо, аз ҷумла вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, омӯзгорону хонандагон ва сокинони ноҳия ширкат доштанд.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш