Нашрияи Омӯзгор

Мулоқоти М. Имомзода бо А. Тошқулов

Сана: 2021-06-17        Дида шуд: 765        Шарҳ: 0

 

Дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Абдуқодир Тошқулов-вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳамкориҳо дар соҳаи таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва дурнамои инкишофи ин самти фаъолият ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳар ду кишвар теъдоди зиёди шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳсил менамоянд ва ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар ин самт минбаъд низ чораҳои дахлдор андешида мешавад.

 Дар охири суҳбат Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Абдуқодир Тошқулов-вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҳамдигар даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба ҷумҳуриҳои якдигар сафар намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташуда ба истифода дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он бевосита вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошт.

Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш