Ҳафтаномаи «Омӯзгор» бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» озмун эълон карда буд. Он аз оғози моҳи марти соли 2020 то аввали моҳи июни соли 2021 идома ёфт. Дар ин муддат дар саҳифаҳои ҳафтанома беш аз сӣ навиштаи довталабони озмун ба нашр расид. Бояд гуфт, ки аксари навиштаҳо ҳадафмандонаву навоварона буданд ва пешниҳоду мулоҳизаҳои ҷолиб доштанд. Ҳайати доварон пас аз омӯзиши ҳаматарафаи навиштаҳои довталабон ба чунин хулоса расид.
Ҷойи якум:
Азизбек Зумратов, омӯзгори литсейи №3-и шаҳри Душанбе, барои мақолаи «Рушди фанҳои дақиқ – тақозои замон».
Ҷойи дуюм:
Ислом Ғуломов, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, устоди ДДК ба номи Рӯдакӣ, барои мақолаи «Риёзидон бояд ҳамадон бошад».
Ҷойи сеюм:
Ҳамид Маҷидов, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор, устоди ДДТТ, барои мақолаи «Монеаҳо бартарафшавандаанд» ва
Асадулло Шарифзода, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дотсенти ДМТ, барои мақолаи «Математика ва тарбияи шахсият».
Ғолибони озмунро табрик намуда, барояшон комёбиҳои навин таманно дорем. Ҳамчунин, ба ҳамаи онҳое, ки дар ин озмуни бонуфуз фаъолона ширкат варзиданд, арзи сипос менамоем. (Гузориши муфассал оид ба ҷамъбасти озмун дар шумораи ояндаи ҳафтанома ба нашр мерасад).
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр