Ба холи ҳиндуяш Ҳофиз
Самарқанду Бухоро дод,
Ба ҳусни дилбари тоҷик
бахшам ганҷи дунёро.
Бузургон гуфтаанд: «Шахсе, ки гузаштаи худро намедонад, ояндаи хуб бунёд карда наметавонад». Комилан дуруст таъкид кардаанд, ки миёни паёмбарон занон вуҷуд надоранд, вале ҳамаи паёмбаронро зан-модар ба дунё овардаву тарбият намудааст. Яъне, рисолати муқаддастарин Зан-Модар будан аст. Ёдовар мешавем, ки дар ҳар давлате, ки дар он эҳтироми зан вуҷуд надорад ва ҳуқуқҳои зан поймол мешаванд, аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эътироф намегардад. Хушбахтона, дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо бо талошу ғамхориҳои пайгиронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила мақоми зан дар ҷомеа боло меравад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 17) дарҷ гардида: «Ҳама дар назди қонун баробаранд. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд». Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (3 декабри соли 1999) «Дар бораи баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи кафолатҳои баробарҳуқуқии занон ва мардон ва имкониятҳои баробари тадбиқи онҳо» (соли 2005) дар ҳаёти бонувон марҳилаи наверо ифтитоҳ намуданд. Инчунин, дар моддаи 32-и «Кодекси оила» баробарии ҳуқуқҳои ҳамсарон дар оила таъкид шудааст. Ҳарчанд оид ба таълиму тарбия асноди зиёде ба тасвиб расидаанд, аммо тарбияи хуби фарзандон ва солимии хонавода боз ҳам аз маърифати баланди модарон вобастагии бештар дорад. Бонуи бомаърифат, босавод дар ҷодаи фаъолияти меҳнатӣ низ муваффақ аст. Занон бояд дар рақобати маърифатию илмӣ устувор ва аз ҷиҳати касбӣ босалоҳият бошанд, то ки воқеан ҳам, ба мансабҳои роҳбарикунанда довталаб шуда тавонанд. Агар онҳо маҳорати идоракунӣ, ташкилотчигиро доро бошанд, бунёдкору пешбаранда хоҳанд буд.
Ҷиҳати фароҳам овардани шароити таҳсиломӯзии духтарон дар макотиби олӣ соли 1997 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба тариқи квотаи Президентӣ ба мактабҳои олӣ дохилшавии духтаронро муайян кард. Ин тадбир дар соҳаи маориф барои духтарони манотиқи дурдаст имконоти зиёдеро фароҳам овард. Қисми зиёди духтарони деҳот дорои маълумоти олӣ гардиданд ва чандест, ки дар ҷомеа фаъолияти шоиста доранд.
Биёед, ба оғози истиқлолият назар афканем. Ҳангоми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар толори қасри Арбоб бонувон якчанд нафаранду халос. Марҳила ба марҳила, аз Паём то Паём, сол то сол дар толорҳои ҳамоишҳои бонуфуз ҳайати занони хушсалиқа меафзояд. Имрӯз соҳае нест, ки дар он занони мо фаъолият надошта бошанд. Гузаштани паради ҳарбӣ бо иштироки гурӯҳи занони низомӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ боиси ифтихори мо, бонувон, гардида буд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки бонуи тоҷикистонӣ имрӯз на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ нақшгузори рушди ҷомеа аст, балки муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мебошад. Бонувони мо аз минбарҳои баланд, аз ҷумла, дар ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид ҳарф мезананд, дар хориҷи кишвар касб меомӯзанд ва бо ифтихори миллӣ дар Ватани азизу маҳбубамон хидмат ба ҷо меоранд.
Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Вобаста ба ин кадбонуҳои мо фарҳанги пурғановати Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд. Ҳунарҳои дерини худ, аз қабили омода намудани таомҳои миллӣ, намудҳои гуногуни нон, кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ва амсоли инҳоро равнақ мебахшанд. Бояд қайд кард, ки бо доштани ҳунарҳои миллӣ бонувони хонашини мо иқтисодиёти оилавиро низ рушд бахшида, баҳри бартараф намудани камбудиҳои рӯзғордорӣ кумак мерасонанд. Дар бисёр маҳаллаҳои аҳолинишин дуконҳои адрасбофию атласбофӣ, маҳфилҳои ҳунарҳои миллӣ таъсис дода шудаанд, ки занон дар онҳо ҳам ба тиҷорат машғуланду ҳам ба ҳунаромӯзӣ. Ҳамаи ин дар заминаи сиёсати одилона ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мо, бонувон, амалӣ мешавад. Дар навбати худ мо, занону бонувони кишвар, мекӯшем, ки баҳри тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҷидду ҷаҳд намуда, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат саҳми арзанда гузорем.
Зарина НОРОВА,
ходими хурди илмии
МД ДҷТИБКСМ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр