Нашрияи Омӯзгор

Гавҳари ноёб

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Модар, ёд дорӣ, дар даврони кӯдакиам, ҳангоми бо шиддат боридани борон ҷои нишаст намеёфтӣ, беқарор будӣ, метарсидиву меларзидӣ. Ба осмон назар мекардиву аз Худо мехостӣ, то мо фарзандонат, худат ва кулбаатро дар паҳноҳаш нигоҳ дорад. Зеро хонаи мо дар наздикии селроҳа қарор дошт. Худои меҳрубон дуоятро мустаҷоб гардонд, то ҳол ба он кулба ҳеҷ зараре нарасидааст.  

Тобистон ба овул ба мавзеи Кӯли Чуқурак бо ҳамдеҳагон мебаромадем ва дар он ҷо хайма зада, чорвопарварӣ мекардем. Ин  мавзеъ дарёҳои саршор аз обҳои мусаффо ва кӯлҳои зебо ва табиати сарсабз дорад. Аз беша ҳезум меовардиву шири гов мепухтӣ ва аз он ҷурғот тайёр мекардиву баҳри мо, фарзандонат, медодӣ. Аз субҳ то шом баҳри мо заҳмат мекашидӣ, то солим ба воя расему асои пириат шавем. Он замон тамоми вақти қимататро, талошу пайкоратро  баҳри тарбияи мо дареғ намедоштӣ ва ҳоло ҳам бо панду насиҳатҳоят моро барои кори хайр ҳидоят менамоӣ.

Модар ростгӯю меҳрубону хайрхоҳ ҳастӣ ва диле дорӣ саршор аз покию хубиҳо. Бо аллаят суруди зиндагиро омӯхтам. Хуршеди тобони сарам ту ҳастӣ. Бо диданат тамоми ғамҳои дунёро фаромӯш мекунам. Бо вуҷуди покат дарёфтам, ки арзиши дунё дар одам аст. Модар, шукрона аз он дорам, ки имрӯзҳо дар барам ҳастиву давлати пирӣ  меронӣ ва бо меҳрубониҳою ҷоннисориҳоят ба зиндагӣ нуру сафо овардӣ.

Беҳтарин суруди ҳаётбахш аллаи модар ва бузургтарин ҳидоят дасти дуои модар аст. Ҳама бузургони оламро маҳз модар тарбия дод. Месазад, ки модарро омӯзгори омӯзгорон номем. Тамоми нобиғагони дунё ба ин вуҷуди муқаддас эҳтиром қоиланд. Ҳар яки мо дар назди модар қарздорем. Бояд ҳамеша дар зиндагӣ ба қадри ин сарчашмаи саодату хушбахтӣ бирасем.

То даме ки субҳ тулӯъ мекунад, то даме, ки хуршед нурафшонӣ мекунад, то даме, ки рӯдҳо хурӯшонанд, то даме, ки замин сабз аст ва моҳу кавокиб медурахшанд, хоҳони он ҳастам, ки тамоми орзуву ниятҳои модарон амалӣ гарданд.

Фатҳуллоҳи  Сафарзода,

омӯзгори мактаби №50, шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш