Нашрияи Омӯзгор

Хидматаш беинтиҳост

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Ҷумъахон Набиев аз зумраи омӯзгоронест, ки хушбахтии худро бе таълиму тарбияи насли наврас ва мактаб тасаввур карда наметавонанд. Ӯ аз ҷавонӣ ба ин касби пуршараф дилбастагӣ дошт. Шавқу рағбати омӯзгориро дар дили ӯ қиблагоҳаш, шодравон Мирзо Набиев, ки раиси хочагӣ буд, парваридааст.

Ҷумъахон Набиев баъди хатми мактаб-интернати ҷумҳуриявии ятимону бепарасторони деҳаи Саричашма ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 1978 бомуваффақият хатм намуд. Ҷумъахони ҷавон фаъолияти худро ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаи таълимии №22 оғоз кард. Хислатҳои ҳамида, дониши баланди касбӣ ва муомилаи хуб Ҷумъахони ҷавонро дар як муддати кӯтоҳ миёни аҳли омӯзгорони таълимгоҳ соҳибэҳтиром гардонид. Ин буд, ки ӯ соли 1981 ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятиму бепарастори Саричашма ба кор пардохт. Ҷумъахон худро ҳамчун яке аз омӯзгорони пешқадаму навовари мактаб-интернат нишон дода, шогирдони зиёдеро дар ҷодаи илму маърифат ба воя расонидааст. Ӯ ба сабаби нарасидани омӯзгорони соҳибкасб дар мактаби миёнаи №24 то соли 2000 ин ҷо кор мекунад. Кордонию роҳбарии ӯро ба назар гирифта, директори мактаби №24 таъйин мекунанд. Таҳти сарпарастии ӯ муассисаи таълимӣ саривақт аз таъмир бароварда шуда, заминаи моддию техникии он мустаҳкам мегардад. Аз ин ҷост, ки сатҳи донишандӯзии хонандагон сол то сол беҳтар гардида, онҳо дар озмунҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро сазовор мешаванд. Ҳамасола теъдоди дохилшавандагон ба муассисаҳои олии касбии дохил ва хориҷи кишвар меафзояд, ки ин ба раванди тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи боэътимод мегузорад. Ҷумъахон Набиев чун инсон ва роҳбар марди ҳалиму хоксор ва кордону оқил аст. Бо роҳбарии ӯ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ Назрулло Алиматов ва Хайрулло Алиматов барои хонандагони деҳа бинои ошхона барои 100 ҷойи нишаст ва барои аҳолии деҳа як бунгҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуд.

Устод Ҷумъахон Набиев ҳоло дар нафақа бошад ҳам, худро бе мактабу хонандагон тасаввур карда наметавонад. Бо ташаббуси ӯ дар мактаб осорхонаи ҳунарҳои миллӣ ташкил карда шудааст, ки худ вазифаи мудирии ин осорхонаро ба уҳда дорад.

 Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш