Нашрияи Омӯзгор

Адиби андешаписанд

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 800        Шарҳ: 0

 

Аз рӯзе, ки худро мешиносам, бо китоб сару кор дорам, чунки дар оилаи яке аз чеҳраҳои маъруфи водии Зарафшон Насруллоҳ Салимбоев ба дунё омадаам. Падари шодравонам шабу рӯз банди мутолиа буд. Ёд надорам, ки субҳе ӯро аз сари лавҳи китобхонӣ дур дида бошам. Китобхонаи ниҳоят бой ҳам дошт. Моро низ талқин менамуд, ки китоб хонем. Ҳангоме ки ин байти Абдураҳмони Ҷомиро қироат менамуд, гӯё аз забонаш шаҳд мерехт:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Мо, фарзандон, низ ба ӯ пайравӣ мекардем. Яке аз китобҳои аввалине, ки ман мутолиа кардам, «Субҳи ҷавонии мо» буд, ки ба қалами Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода тааллуқ дорад. Ёдам меояд, ки ҳангоми мутолиаи китоб саҳифаҳо аз ашки чашмонам тар мешуданд ва гоҳҳо ашк чунон пеши чашмонамро маҳкам менамуд, ки дигар ҳарферо намедидаму хонда наметавонистам.

Баътар ҳамаи асарҳои ин нависандаи писандидаамро мутолиа кардам ва дарёфтам, ки дар баробари ҳунари нависандагӣ Улуғзода ориф ва файласуфи бузургест, ки ҳар андеша ё андешапорааш касро ба умқи дарёи ҳастӣ ва маънӣ мебарад.

Ин адиби номвар чун устоди бузурги хеш Садриддин Айнӣ ҳамеша кӯшиш менамуд, ки забонро поку беолоиш нигоҳ дорад. Муҳаббати забони модарӣ ҳамеша дар синааш ҷӯш мезад. Босаводии мардум армони ҳамешагии дили ӯ буд. Нависанда дар як мақолааш бо номи «Хубони порсигӯ бахшандагони умранд», ки 14-уми марти соли 1991 дар ҳафтаномаи «Оинаи зиндагӣ» ба табъ расидааст, чунин мегӯяд: «Мо гоҳо ҳайрон мешавем, ки мутахассисони маълумоти олидор нутқ карда наметавонанд, ё бисёр душворӣ мекашанд. Ин бисёр камбудии калони мост. Аз афташ, сабаби ин ҳама дар омӯзиши забон дар мактабҳо ҳасту аз набудани услубшиносист. Грамматикаро тамоман об карда хӯред ҳам, як ҷумлаи дуруст сохта натавонистанатон мумкин. Охир, дар замони Саъдию Ҷомӣ грамматикаи забони тоҷикӣ набуд. Синтаксис ҳам набуд. Онҳо ба воситаи услуб ин забонро аз худ карданд. Ман мехостам арз кунам, ки забони модарии худро ҳар фард бояд дӯст дорад ва эҳтиром кунад».

Улуғзода дар мақолаи дигари худ, ки 9-уми сентябри соли 1987 бо номи «Аз сухан ба амал» дар газетаи «Комсомоли Тоҷикистон» дарҷ гардидааст, забони модариро асоси ҳастии инсоният мешуморад. Ин ҷумлаи Улуғзодаи бузург бо муҳтавои шеърҳои «Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ»-и Муъмин Қаноат, «Забонгумкарда»- и Лоиқ Шералӣ, «Забони модарӣ»-и Бозор Собир ва «То ҳаст одаме»- и Убайд Раҷаб ҳамоҳанг аст:

 «Касе, ки забони модариашро дӯст намедорад, намедонад ва онро хор мекунад, бетамиз, пастфитрат ва ҷоҳил аст».

 Сотим Улуғзода истеъдодро атои худовандӣ меҳисобад. Дар суханронии нависанда тавассути телевизиони тоҷик (25-уми январи соли 1998) чунин омадааст, ки қобили қабул аст:

 «Истеъдод ин атои худододӣ аст. Истеъдод набошад офаранда чизи хуб эҷод карда наметавонад. Дониш бошаду истеъдод набошад ҳам ҳеҷ аст. Шахси эҷодкорро маҳз истеъдодаш муайян мекунад».

Сотим Улуғзода Садриддин Айниро ҳамчун падар дӯст медошт. Писарвор номи ӯро ба забон меовард. Айнӣ барояш идеал буд. Ҳатто дар ғайб низ номи ӯро бо эҳтиром ба забон меовард. Ӯ мегӯяд:

 «Ҳамаи асарҳои шоир ва нависандаи бузург Айниро ман хондам ва нағз медонам. Устодро дар ҳаёти шахсии ӯ ҳам дер боз ба хубӣ мешинохтам. Инак, ҳар чизе, ки аз вай навиштаам, ба худам нотамом, нимкора, хира менамояд... Вай ба маънои том устод, омӯзгор буд, дӯсти ғамхори ҳамаи мо буд».

Улуғзода дар мақолаи хеш, ки 29-уми сентябри соли 1987 дар «Газетаи муаллимон» (ҳозира «Омӯзгор») бо номи «Гуҳар бе ҳунар нописанд асту хор» ба чоп расидааст, дар бораи бузургии Садриддин Айнӣ мегӯяд:

«Фаъолияти устод Айнӣ бисёрҷабҳа буд. Мушкилоти забонӣ ҳамвора садди роҳ мегашт, лекин дар рафъи он пуштбоне чун устод Айнӣ дар паҳлуи мо буд. Ӯ худ эҷод мекард ва эҷоди дигаронро низ мадди назар медошт. Ӯ ба кумаки насрнависон ва ҳам нозимон ҳама вақт омода буд».

 Чунонеки дар боло қайд кардем, нависанда устод Айнӣ ва меҳрубониҳои ӯро хеле хуб ба қалам додааст.

Нависанда мардумро ташвиқ мекунад, то гузаштаи худро хуб омӯзанд ва донанд:

«Одамӣ бояд ниёгони хешро бишносад, то бидонад, ки худи ӯ кист ва ба ҷаҳон баҳри чӣ коре омадааст. Бидонад, ки некӣ чист ва бадӣ чист, одамият чист, мурувват чист? Бояд меҳнатдӯстӣ биёмӯзад, некандешӣ ва некхоҳӣ биёмӯзад».

Сотим Улуғзода дар тамоми умри пурбаракати худ барои халқ эҷод кардааст, маърифати кулли мардумашро баланд бардоштааст ва то ҷовидон дар хотири мардуми бафарҳанги миллат чун нависандаи асили ватандӯст боқӣ хоҳад монд.

Сабзина САЛИМБОЕВА,

омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №25,

шаҳри Панҷакент


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш