Нашрияи Омӯзгор

Барои ҳиммату номи баландаш…

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 833        Шарҳ: 0

 

Ошноии  ман  бо  эҷодиёти  устод  Муъмин   Қаноат  аз шеъри  «Барои  ҳурмати  мӯи  сафедаш»  оғоз  гардида  буд.

Ҳангоми  хонандаи  мактаб  буданам  шеъри  мазкурро хондаву  ҳифз  ва  дар  ҷашнвораи  шоири  маъруфи  тоҷик, Мирзо Турсунзода қироат карда будам. Ва аз чӣ бошад,  ҳар  гоҳе  ин  шеърро  зери  лаб  замзама  мекардам, чеҳраву  симои  устоди  каломи  бадеъ пеши  назарам ҳувайдо  мегардид.  Шоир  аз  санъати  ташбеҳ  истифода бинмуда,  ҳар  тораи  мӯи  шоирро ба  роҳи  сафед  ва дили поку мубаррои варо ба оина монанд кардааст, ки он ҳама воқеиву заминӣ буда, дар хотиру ёдҳо маҳфуз мемонад.

Барои ҳурмати мӯи сафедаш,

Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст.

Барои дил, дили оинавораш,

Ки аз чашму нигоҳи ӯ падид аст.

Ва  аз  мушоҳидаву  тасвири  устод  Муъмин   Қаноат равшан мегардад, ки устод Мирзо Турсунзода соҳиби дили дарёиву ҳиммату номи баланд аст, вале дар айни ҳол чун Замин  батамкину  таҳаммулпеша  ва  хоксор  мебошад,  ки  ин  хисоли  неку  ҳамида  ва  волои инсонӣ  дар  дигарон  камтар  зоҳир  мегардад.  Таваҷҷуҳ бинмоед:

Барои ҳиммату номи баландаш,

Баландиҳои чун чархи баринаш,

Барои хоксориҳои покаш,

Таҳаммулнокии ҳамчун заминаш.

Тасвири  самимиву  ҷозибанок  ва  офариниши  нақши устод Мирзо Турсунзода низ  ба  гунаи  содаву  хотирмон  дар  шеърҳои аввалини Муъмин Қаноат бас фаҳмо, дилнишин ва орӣ аз  такаллуфу  суханбозиҳои  ғайримуқаррарӣ  ба  зуҳур омада.  Алқисса,  дар  шеъри  «Меҳри  модар»  ҳамин маҳбубият  ва  меҳру  муҳаббати  бепоёну  бекаронаи  модар  бо  ҷузъиётнигории  мунтахаби шоир  дақиқу  амиқ  рӯи  сафҳа  омадааст.  Дар  шеър  вожаҳову  ибораҳое,  аз  қабили гаҳвора,  модар,  минбару  меҳроб,  забони  кӯдакон,  аҷзу  бечорагӣ,  офтоб  ва  ғайра  корбаст шудаанд, ки бевосита ба офаридаи беҳамто - модар тавъам мебошанд.

Хурд будам, бистарам гаҳвора буд,

Бистари ҷунбони ман сайёра буд.

Дар ҳамин ҷо буд хӯрду хоби ман,

Дар ҳамин ҷо минбару меҳроби ман.

Дар ҳамин ҷо бар сари гаҳвораам

Аллагӯён модари бечораам,

Бо табассум, бо такаллум, бо шитоб

Мебаромад ҳар саҳар чун офтоб.

Дарвоқеъ,  инсон  аз  хурдӣ  дар  гаҳвора,  ки  дар ташбеҳи  Муъмин   Қаноат  ба  минбару  меҳроб мусовист,  парвариш  меёбад,  дар  ҳамин  гаҳвора суруди «Алла»-и модарро ба таври муназзам истимоъ мефармояд ва бешак, такаллуму сухан гуфтанро аз ин офтоби пурнуру зиё (модар) тадриҷан меомӯзаду аз бар мекунад. Ва барои шоир сеҳру ҷозибаи меҳри модар  бад-он  мартаба  бузургу  барҷаста  аст,  ки  ӯро  ҳамрадифи  Офтоб   меҳисобад.  Ва зимнан, метавон аломати ин ду офаридаи нодири Яздон - Офтобу Модарро падидаи ягонаву воҳид  арзёбӣ  кард.  Ҳаёти  ҷумла  ашёву  мавҷудоти  рӯи  Замин  ба  василаи  неруи  гармиву равшании  Офтоб  ва  оташи  фурӯзони  меҳру  сидқи  Зан-Модар  дар  ҷараён  асту  муттасил идома меёбад. Ва фалсафаи шеъри устод Муъмин Қаноат низ фарогири ҳамин ғоя, яъне абадию безавол будани қувваи ин ду мавҷуд, Офтоб ва Модар маҳсуб меёбад.

Лафзи модар ё қанди Самарқанд

Устод Муъмин Қаноат шояд аз нахустин шоироне буд, ки дар  солҳои  60-уми садаи ХХ  андар  боби  забони  тоҷикӣ,  мақому манзалати волои он дар масири таърих андешаронӣ намуда, изҳор  медорад,  ки  дар  фасоҳату  балоғат  ва  равонию хушоҳангӣ  ин  забон  назир  надорад.  Ширину  ноб  аст  ин забон, дурру гуҳаррез аст, дилрабову дилнишин аст, зеро бо шири  модар  дар  вуҷуди  фарзанди  тоҷик  ворид  гардидааст.

Он  айёму  замонҳои  баъдӣ  (ба  вижа,  дар  охири  солҳои горбачёвӣ)  мутакаббирони  фозилтароше  шеваҳои  тоҷикиву дарӣ ва форсиро ҳамчун забонҳои алоҳида қаламдод карда, эълом  медоштанд,  ки  забони  тоҷикӣ  аз  забони  афғонҳову эрониҳо  ҳароина,  тафовути  ҷиддӣ  дорад.  Ва  ин  фикри хатарзоро  ба  таври  густурда  таблиғу  таъриф  мекарданд  ва як  идда  ҷонибдорони  худро  ҳам  ба  майдон  оварда  буданд.

Иштибоҳи  нобахшиданӣ  будани  ин  ақидаро  абармардони ҷонфидои  миллат,  устодон  Муҳаммадҷон  Шакурӣ, Шарофиддин  Рустамов,  Лоиқ  Шералӣ,  Бозор  Собир,  Гулрухсор,  устод  Акбари  Турсон  ва бисёр дигарон бо мисолу далел ва арқоми раднашаванда баён доштанд. Ин афкори олиро ҳанӯз  миёнаҳои  солҳои  60-ум  Муъмин   Қаноат  дар  шеъри  «Ба  ҳаводорони  забони  тоҷикӣ» хеле сода, вале дар айни ҳол фаҳмову равшан ва ҳадафмандона иброз намуда, хотиррасон карда буд, ки ин се забонро наметавон аз ҳам ҷудо сохт, чун аслу решаашон якест:

Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб,

Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.

Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,

Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.

Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ,

Баҳри ман танҳо забони

модарист,

Ҳамчу шири модар аст...

Ё  бузургӣ  ва  шукӯҳу  ҷалоли забони  тоҷикиро  дар  шеъри  «Лафзи  модар»  устод  дар  он  мебинад,  ки  ин  забон  манбаи панду андарз аст, таъсирбахшу ҷаззоб ва ҷойгоҳаш чун забони Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз,  Ҷомию  Бедил,  Ҷалолиддини  Румист,  бас  баарзишу  олист.  Тасвирҳо  дар  ин  шеър тозаву наванд.  Ибораи  «шохаи  барқ»,  ки  шоир  забонро  ба  он  тавъам  медонад, табиӣ ва зинда баромадааст.

Лафз ё худ манбаи панд аст он,

Ё ки аз қанди Самарқанд аст он?

Ё ба шӯхӣ зодаи дарёст ӯ,

Ё ба шохи барқ пайванд аст он!

Маро гуфтӣ: «Биё, Шероз…»

Устод  Муъмин   Қаноат  пас  аз  сафари Эрон, ин мамлакати ҳамҷавор силсилаашъори маъруфи  худро  бо  номи  «Созҳои  Шероз» таълиф намуд, ки руҷӯе ба таърихи мардуми ориёист.  Қаҳрамони  шеъри  «Тахти  Ҷамшед» зимни  ёдоварии  воқеоту  ҳодисаҳои  гузаштаи пурифтихори  халқи  бумӣ,  андар  хусуси  шоҳ Дорову  Ҷамшед,  дирафши  Ковиёнӣ,  оташи Зардушт,  китоби  «Авасто»  сухан  меронад  ва оҳанги  баёнаш  басо  меҳанпарваронаю муфаххирона садо медиҳад:

…Ба чашмам медурахшад оташи

Зардушт дар соғар,

Ба дасти духтари пири муғон дар лаълии озар.

Ба гӯшам хониши пири муғон бо нола меояд,

«Авасто» мекашад фарёд аз минбар.

Шеърҳои баландғояи  «Ба Нодири Нодирпур»,  «Суруди охирин»,  «Зоиндаруд»  ва ғайра низ дар ҳамин равия эҷод шудаанд.

Шодӣ Раҷабзод,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш