Аҳмади Дониш намояндаи адабиёти аввали асри ХIХ бо асарҳои таърихии худ ба раванди маорифпарварӣ асос гузоштааст. Ин нависанда ва мутафаккиру маорифпарвари пешқадами замон, хусусан, пас аз сафарҳои анҷомдодааш ба шаҳри Петербурги Русия ба сифати сафир (он вақт элчӣ меномиданд) бо ҷаҳони комилан наве шинос гардид, ки ба рӯҳия ва ҷаҳонбинию тафаккури ӯ таъсири бузурге расонд. Устод Садриддин Айнӣ ин таъсиру дигаргуниро «табаддулоте дар ҳаёт ва эҷодиёти Аҳмади Дониш» номидааст. Ин тағйиру дигаргунӣ, ба хусус, дар шоҳасари нависанда – «Наводир-ул- вақоеъ» инъикоси ҳамаҷонибаи худро ёфтааст. Ба тасдиқи адабиётшиноси маъруфи тоҷик Расул Ҳодизода, «яке аз масъалаҳои асосие, ки дар эҷодиёти Аҳмади Дониш умуман ва аз ҷумла, дар «Наводир-ул- вақоеъ» мавқеи намоён ишғол кардааст, тарғиби маданияти рус мебошад».
Воқеан, пешрафту тараққӣ ва дастовардҳое, ки дар Русия ба амал омада буданд, Аҳмади Донишро ҳамчун як инсони соҳибфазилату хирадоин мутаассир намуд, ки вай на танҳо дидаву шунидаашро як - як ҳикоят карда, натиҷагирӣ намудааст, балки дар иртибот бо кашфиёту ихтироот ва муваффақиятҳои ба даст овардаи мардуми рус дар соҳаҳои санъату адабиёт, фарҳанг, тарзи сиёсии идоракунии давлатӣ ва амсоли инҳо пешниҳодҳои худро ҷиҳати беҳтар гардидани зиндагии аҳли заҳматкаши аморати Бухоро, инчунин, аз гирдоби ҷаҳлу нодонӣ баровардани ҳукуматдории ҳокимони давр бо ҷасорати олӣ баён кардааст. Аҳмади Дониш бо сохти вазоратдорӣ маҳдуд нашуда, ҳатто мақоми машваратиро пешниҳод мекунад, ки ин дар он замон хеле фикри пешқадам ва делерона буд. Дар сурате, ки дар ин мақоми машваратӣ аз ҳар табақа одамон иштирок мекунанд, пас, Аҳмади Дониш то андозаи муайян демократикунонии давлатдориро тарғиб мекунад. Ин ғоя аз он шаҳодат медиҳад, ки мутафаккири барҷастаи тоҷик ба таври мукаммал ҳам набошад, аз афкори пешқадами рус ва сохти ҷамъиятӣ - сиёсии мамлакатҳои тараққикардаи Аврупо тасаввурот доштааст. Дар асарҳои Аҳмади Дониш, махсусан, ба беҳ гардонидани вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шудааст, зеро нависандаи гуманист ба халқи одӣ муҳаббати беандоза дошт, нисбат ба нерую фаҳмиш ва иқтидори созандаи мардум боварию эътимод мепарварид.
Назмия ҚУЛМАТОВА,
муовини директор оид ба корҳои тарбиявии мактаби №72-и ноҳияи Фирдавсӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр