Нашрияи Омӯзгор

Накуном

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 822        Шарҳ: 0

 

Ёд кардан аз фаъолияту зиндагии инсонҳои шарифи ватандӯст, хайрхоҳу хайрандеш, ташаббускору навовар, донишманду заҳматкаш корест хеле савоб.

Абдулфаттоҳ Ҳотамов 7 марти соли 1951 дар деҳаи Чамани ноҳияи Орҷоникидзеобод  (шаҳри Ваҳдати ҳозира) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.

Соли 1968 мактаби миёнаи деҳаи Кофарниҳон ва соли 1974 факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербургро  хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро ҳамчун муаллими фанни химия дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе  ба номи устод Садриддин Айнӣ оғоз кардааст. То соли 2003 дар ин даргоҳи маърифат  кор карда, унвони дотсенти кафедраи химияи физикӣ - колоидиро соҳиб гардидааст.

Абдулфаттоҳ Ҳотамов муассиси мактаби типи нав - литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ПВ” мебошанд. Ӯ бо саъю кӯшиш ва заҳматҳои  зиёд  соли 2003 дар шаҳри Душанбе, соли 2010 дар шаҳри Ҳисор ва соли 2019 дар шаҳри Ваҳдат бо чунин ном таълимгоҳҳо таъсис додааст. Ҳар се муассисаи мазкур, ҳамчунин, мактаби хусусии ба номи Ҷӯраеви шаҳри Конибодом бо хоҳиши маъмурияташ дар литсей-интернати “Ҳотам ПВ”-и шаҳри Душанбе  мутамарказонида шудаанд.

Дар ин таълимгоҳҳо ба таҳсил фаро гирифтани садҳо хонанда ва бо кор таъмин намудани садҳо омӯзгору корманди техникӣ корест на саҳлу осон. Барои иҷрои ин   ақлу дониш, ҷасорату фидокорӣ ва заҳмати зиёде лозим аст. Хушбахтона, устод Абдулфаттоҳ Ҳотамов аз уҳдаи иҷрои ин кор баромад.

Дувоздаҳ сол қабл ҳар нафаре, ки аз назди  мактаб - интернати №2-и шаҳри Ҳисор мегузашт, биноҳои фарсудаи таъмирталаб, чандин дару тиреза ва бомпӯши шикастаро дида, ба ҳолати ногувор дучор меомад. Намуди ҳузноваре доштанд биноҳо. Он вақт идора кардани ин мактаб-интернат барои маъмурияташ хеле душвор буд. Чунки ҳолати  молиявии он хуб набуд. Дар он  ҳамагӣ 40-50 нафар таҳсил мекарданд.

Хушбахтона, баъди  сарварии онро ба уҳда гирифтани А. Ҳотамов ва аз ҷониби ӯ таъсис додани  литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ПВ” шароити таълиму тарбия ва будубоши хонандагон рӯ ба беҳбудӣ ниҳод.

Ҳоло дар ин таълимгоҳ зиёда аз 600 нафар насли наврас ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 40 нафар омӯзгор ва 28 нафар корманди техникӣ заҳмат мекашанд.

Муҳассилини таълимгоҳ ҷуз аз ғолибият дар олимпиадаву озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ, дар бисёр сабқатҳои байналмилалӣ аз фанҳои мухталиф пирӯзӣ ба даст овардаанд.

Панҷ  хонандаи ин даргоҳи дониш дар олимпиадаи байналмилалии фанни физика, ки 7-15 декаб-ри соли 2020 тариқи онлайн доир гардид, соҳиби 1 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ ва 1 ифтихорнома шудаанд.

Таълимгирандагони ин муассиса дар олимпиадаи байналмилалии  Жаутиков аз фанҳои математика, физика ва барномасозӣ, ки моҳи январи соли 2021 тариқи онлайн сурат гирифт, ширкат намуда, 14 медал - 2 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чунин дастовардҳоро аз таърихи фаъолияти  литсей-интернати тоҷикӣ-русии “Ҳотам ПВ”- и  шаҳри Ҳисор  бисёр мисол овардан мумкин аст.

Юсуф Ҳотамов баъд аз вафоти падар  (26 апрели соли 2020) сарварии ин таълимгоҳро ба уҳда дорад.

Абдулфаттоҳ Ҳотамов  баробари пеш бурдани корҳои омӯзгориву ҷамъиятӣ, дар оила низ ба тарбияву донишомӯзии фарзандон таваҷҷуҳ ва ғамхории зиёд зоҳир мекарданд. Ҳашт фарзанди солеҳ ва дорои одоби хубро ба камол расонидаанд. Юсуф, Илҳом, Ҷӯрабек, Гулбаҳор, Хурсандӣ, Шодӣ касби падарро идома дода истодаанд. Хуршед ва Гулизор  дар соҳаи кишоварзӣ заҳмат мекашанд.

Ҳотамов бештар аз 45 соли умри гаронбаҳои хешро ба кори пуршарафи омӯзгорӣ бахшида, баҳри омода кардани мутахассисони варзида, таълиму тарбияи шогирдони лаёқатманд хидматҳои шоиста кардаанд.

Агар ба устод Абдулфаттоҳ Ҳотамов   умр вафо мекард, чанд рӯз қабл дар ҳалқаи  хешу таборон ва ёру рафиқон 70 - солагиашонро ҷашн мегирифтанд. Бо номи неку баланд аз ин ҷаҳон рафтанд. Шоир Амирхусрави Деҳлавӣ барҳақ фармудаанд:

Чун ба гетӣ ҳар чӣ меояд, равон хоҳад гузашт,

Хуррам он кас, к-ӯ накуном аз ҷаҳон хоҳад гузашт.

Саидмурод Расулӣ,

Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш