Нашрияи Омӯзгор

Пайвандгари муҳаббат ва садоқат

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Муҳаббат ва садоқат аз волотарин хисоли одамиянд ва шаъну  шарафи ҳар инсон бо ин хислатҳои  ҳамидаву  писандида иртиботе ҳамешагиву ногусастанӣ дорад. Аз ин ҷост, ки  бузургони  таҷрибаандӯхтаву аз баду неки   ҷаҳон огаҳиёфтаамон фармудаанд:

Муҳаббат  бо садоқат  чун даромехт,

Ҷавонмардӣ  падид ояд ҳамеша.

Муҳаббат  бо садоқат  даромехта, комил мегардаду аз завол эмин мемонад ва бо ҷавонмардӣ  ҷӯр мешавад. Ин ҳақиқати  фалсафабунёдро  бисёр ҳаводиси   рӯзгор таъкиду собит кардаанд ва аз ин боб метавон далели  хурду бузурги  фаровоне пеш овард. Дар арсаи  маориф низ омӯзгорони  зиёде муҳаббатро бо садоқат пайваста комёбу шарафманд ва маъруфу машҳуру маҳбуби  ҳамагон  гаштаанд.

Омӯзгори варзида Аслон Муслиҳиддинов низ нахуст (ҳанӯз аз замоне ки  дар паси  партаи мактаб менишаст) муҳаббат ба ин пешаи  шарафбор пайдо кард ва ин муҳаббати  самимӣ  корагар гашту ӯро ба мактаби  олӣ – ба Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи  С.Айнӣ (соли 1966) овард. Ин боргоҳи маърифатро  бомуваффақият хатм  намуду ҳамчун омӯзгори  биология ва химия ба фаъолият пардохт. Нахуст дар мактаби №59-и ноҳияи Шаҳринав кор кард ва аз соли 1973 фаъолияташро  дар мактаби №39-и шаҳри Ҳисор (мактаби зодгоҳаш – деҳаи  Шоҳон, ки  замоне худ дар оғӯши  он таҳсил дошт) идома бахшид ва то имрӯз ин ҷо кор  мекунад. Муҳаббати ин омӯзгори иродатманд ба пешаи  бошарафи  хеш бо садоқат сахт пайваст ва барояш хушбахтиву комёбиҳо, шаъну эътибору эҳтиром бор овард.

Устод Аслон Муслиҳиддинов, воқеан ҳам, тимсоли  барҷастаи  садоқат ба пеша аст. Ӯ, инак, расо ним аср мешавад, ки гаравиш бо таълиму тарбияи  насли  наврас дорад. 50 сол! Чӣ қадар  меҳру муҳаббат, азму ирода, ҳодисаву воқеа, шебу фароз, комёбиву нокомӣ, фараҳмандию асабоният, ҷаҳду талош, баҳсу андеша… ниҳон аст дар умқи ин рақам! Дар моварои ин ним аср  Аслан Муслиҳиддинов ба ҳар гуна рухдодҳо бархӯрд карда бошад ҳам, садоқаташ ба пешаи  писандида ҳаргиз коҳиш наёфт ва ҳамеша, ҳама ҷо  ифтихор аз он дошту дорад, ки  омӯзгор асту ҳамагон ба ӯ бо нидои  самимиятрези «устод» муроҷиат  менамоянд, аз сари сидқ эҳтиромаш мекунанд ва дар ҳозиру ғоиб ҳамду санояш мегӯянд. Боре ба ӯ суол карда буданд: оё панҷоҳ сол дар як роҳ қадам  задану дар канори   як коргоҳ будан ва  ҳамарӯза 3-4 соат дарс додан боиси   якрангиву дилбазанӣ  ва якнавохтии  рӯзгоратон намешавад?

Ҳайратзада мешавад аз ин гуна суол устод Аслон Муслиҳиддинов. Аз дил мегузаронад, ки  чӣ  қадар ноогаҳу сатҳиназаранд иддае аз одамон. Дунёи омӯзгор ҳамбаста бо машғулиятҳо бо шогирдон, омӯзишу мутолиа, суҳбату машваратҳо бо ҳамкорон, робита бо аҳли илму адаб, баҳсу мулоҳизарониҳо, иртибот бо волидон… ҳамарӯза дигаргун мешавад, рангубори тоза пайдо мекунад, вусъат  дармеёбад, рангин мешавад. Ҳаёти омӯзгор созгор ба ин  даъвати пурҳикмати шоири  миллат аст:

Бояд аз рӯз ба рӯз

Боз ҳам  бихраду солор шавем,

На чу дирӯза ба як қоида такрор шавем!

Омӯзгор ҳар рӯз шахсе дигар аст; такмилёфта, дорои азму ниятҳои  тоза, орзуву омоли  неки  навин. Ҳар як дарси  омӯзгори ҳақиқӣ, омӯзгори муҳаббатбунёду садоқатоин дунёест дигар, дунёест  рангину ширин ва саршор аз навгониҳо. Омӯзгор  ҳар рӯз бо шогирдонаш сайри олами пурэъҷозу маърифатбори дониш мекунад, лаззат мебарад, ранҷ ҳам  мекашад. Он кайфияте, ки  хар устодони  варзидае чун Аслон Муслиҳиддинов аз комёбиҳои  шогирдон ва ҷидду ҷаҳди онҳо дар арсаи хонишу дониш дармеёбанд, берун аз имконоти  қалами  тавсиф аст. Барои омӯзгори  ҳақиқӣ ҳаргиз рӯзҳо яксон нестанд; ӯ худ рӯзҳоро рангу таровати тоза бо неруи  хирад мебахшад. Коргоҳаш – муҳити мактаб низ бо фаъолияти  фарогири ҳамкорон, бо гирумони  ҳавасбору пурорзуву армони шогирдон мунтазам дилработару шукуфотар мешавад. Аз дунёи шаҳдрези  маънавӣ бехабаранд онҳое, ки  дунёи омӯзгорро, муҳити  ӯро якрангу якнавоз мегуморанд.

Устод Аслон Муслиҳиддинов дар баробари омӯзгори химияву биология буданаш сӣ сол дар вазифаи  масъулиятбори  ҷонишини  директори мактаб кор кард ва дар  такмили  таълиму тарбия дар  дабистон  нақши  бориз гузошт, дастгиру раҳнамои омӯзгорон буд, фаъолияташ ғолибан асос ба маслиҳату машварат дошт. Расмиятро, намоишкориро, худситоиро, сарфи  беҳудаи вақтро ҳаргиз намеписандид. Бар он назар буд, ки  беҳтарин тавсифномаи ҳар  омӯзгор машғулиятҳои ӯ  бо шогирдон ва сатҳи дониши дастпарваронаш аст. Дар бораи  омӯзгорони  шоистаи  таълимгоҳ ба масъулини шуъбаи   маориф маълумот медод, бо он ҳадаф, ки  ин гуна муаллимон  подоши  мувофиқи  фаъолияташонро  дарёбанд.

Устод Аслон Муслиҳиддинов пайваста таъкид месозад, ки  дар меҳвари  фаъолияти  омӯзгор маҳз дарс  қарор дорад. Ҳар дарси  муаллими хуб бояд «замзамаи муҳаббат» бошад, хонандагонро ба таҳрик, ба шавқу шӯр оварад, шавқафзои онон ба донишомӯзӣ гардад.

Дарсҳои худи устод ҳамеша ҳамин гуна махсусиятҳоро  дороянд. Ӯ мекӯшад, ки  ҳар мавзӯъро бо забони саҳеҳу дилчасп, бо истифода аз аёниятҳо, бо робита ба воқеият, дар иртибот бо дарсҳои  гузашта, дар ҳамбастагӣ  бо фанҳои  дигар ва дар заминаи риояи  қонуниятҳои  синнусолӣ ва равонии  шогирдон  тавзеҳ бахшад. Аз ин ҷост, ки  рағбату шавқи хонандагон дар мактаб ба омӯзиши химияву биология пайваста меафзояд.

Шогирдони устод дар озмуну сабқатҳои  фаннӣ  дар сатҳи  минтақаву ҷумҳурӣ борҳо шаҳди комёбӣ чашидаанд. Дар солҳои гуногун беш аз сад нафар шогирдаш дар олимпиадаҳои  фаннии мактабиён аз фанҳои  химияву биология дар марҳилаи ниҳоӣ сазовори  ҷойҳои  ифтихорӣ  гардидаанд. Дар соли таҳсили  равон яке аз шогирдони  фаъолаш – хонандаи синфи  10 дар  даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии мактабиён ҷойи дуюмро сазовор шуд. Боз ду шогирди дигараш ба дарёфти  ҷойҳои  ифтихорӣ  дар даври мазкур гардиданд.  Гурӯҳи  калони собиқ шогирдони устод имрӯз дар дармонгоҳу беморхонаҳои  шаҳри Душанбе ва водии Ҳисор ба сифати  духтури соҳибтахассус бомуваффақият кор мекунанд. Устод ифтихор аз он низ дорад, ки  чанде аз шогирдонаш пайрави  ӯ шуданду имрӯз дар мактаб, дар  паҳлуи ӯ ҳамчун  омӯзгори  химияву биология фаъолият  доранд.

Воқеан, устод аз ҳисоби хонандагони  мактабҳои деҳоти ҳамсоя низ шогирдон дорад. Волидон фарзандонашонро пас аз дарсҳо ба назди ӯ меоранд, илтимос мекунанд, ки  ба онҳо аз фанҳои  химияву биология дарсҳои  илова баргузор намояд. Устод, ки Офаридгор дили  нарму меҳрбор атояш кардааст ва чунин хоҳишро тавони рад кардан надорад, мепазирад ба шогирдӣ фарзандони  эшонро.

Устод мунтазам  дар ҳамоишу машваратҳои  аҳли  маорифи  шаҳри Ҳисор дар заминаи  таҷрибаи омӯзгорияш суханронӣ  мекунад, ба ҳампешагонаш дастурҳои  судманд медиҳад ва аз мулоҳизоти   онҳо бархӯрдор мешавад. Ӯ бо бисёр омӯзгорони  номвари  кишвар робита дорад, табодули  таҷриба мекунад. Ҳамчунин, солҳост, ки  бо нашрияҳои соҳавии  кишвар ҳамкорӣ дораду пайваста мақолаҳои  дастурию маърифатияш дар саҳифаҳои  ин нашрияҳо чоп мешаванд.

Аълочии  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори дорои тахассуси олӣ  Аслон Муслиҳиддинов имрӯз дар сафи  беҳтарин омӯзгорони  химияву биологияи кишвар  қарор дорад ва хушо, ки  ҳамоно ба ҷидду ҷаҳди  ҷавонмардона ва бо неруи  тавоно  ба таълиму тарбияи  шогирдон машғул аст. Саргузашти  ин омӯзгори асил ва садоқатпеша шоиста бар он  бувад, ки  ба таври  густурда омӯхта шавад, то манбаи  омӯзиши ҳампешагон ва омӯзгорони  оянда бигардад. Ин устоди  шуҳратёрро, ки  ним аср боз қадам дар ҷодаи  маориф мегузорад, бо итминони комил метавон  таърихи  зиндаи марҳилаҳои  рушди маорифи  кишвар номид.

 

А.Муродӣ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш