Нашрияи Омӯзгор

Ҷойгоҳи адабиёт олист

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 788        Шарҳ: 0

 

Дар ҳавзаи фарҳангии форсӣ-тоҷикӣ аз қадимулайём то имрӯз адабиёт ҷойгоҳи вижа дошта, ба инсонҳо дар шинохти бовару эътиқодоташон кумак намудааст. Адибони номвару ҷаҳоншумули форсу тоҷик - Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Хайёми Нишопурӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ тавассути назму насри зебову арзишмандашон масоили ахлоқӣ, иҷтимоӣ, равонӣ, фикрӣ ва динӣ - ирфониро матраҳ намуда, симои инсони воқеиро, ки орӣ аз таассубу хурофот аст, ба намоиш гузоштаанд. Абулқосим Фирдавсӣ яке аз чеҳраҳои калидии адабиёт ва фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ба шумор рафта, афкори ӯ дар ташаккули шахсияти хонанда ва умуман, ҷомеаи тоҷикӣ сахт таъсиргузор мебошад. Ба андешаи Ҳаким Фирдавсӣ, инсон аз тариқи мутолиоти густурда ба дараҷаи шахсият мерасад.

Инсони худойгунаи Ҷалолуддини Балхӣ инсонест, ки дар олам ҷойгоҳи вижа дорад. Ин нуктаро номбурда дар мисраи “З-ин ду чаро нагзарем, манзили мо кибриёст” возеҳу рӯшан таъкид кардааст. Осори баландмазмуни ӯ мавзӯъҳои ирфониро дар бар гирифта, дар шинохт, ташаккули шахсият ва ҳайсияти инсон нақши муассир дорад. Дар таърихи адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ шеъри Мавлоно қутби шеърият маҳсуб меёбад ва ашъори дигар шоирон аз бисёр ҷиҳат ба сатҳи шеъри Мавлоно намерасад, чаро ки онҳо дар ашъорашон бештар ба тасвир маҳдуд шуда, қудрату иқтидори каломро ба тахайюлу суханпардозӣ масраф кардаанд.

Ба таъкиди коршиносон, дар таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ назм нисбат ба наср мавқеъ ва мақоми баландтарро касб кардааст, зеро назм аз эҳсос таркиб ёфта, ҷомеа бештар дар масири эҳсосу авотиф қадам мебардорад. Бинобар ин, адибон бештар рӯйи назм ва осори манзум, ки нохун бар пардаи эҳсосоти мардум мезанад, тамаркуз кардаанд. Танҳо дар адабиёти муосир раванди нависандагӣ дар симои адибони замони мо - Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод, Баҳманёр ва дигарон маҳбубият касб намуд. Дар баробари наср, назми муосири тоҷик бо чеҳраҳои Лоҳутӣ, Турсунзода, Муъмин қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор рӯйи кор омад. Шеърҳои Лоиқ ва Бозор шахсиятсоз буда, ин ду чеҳраи шинохтаи фарҳангӣ, адабӣ ва миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ адабиёти муосири тоҷикро муаррифӣ карда метавонанд.

Маърифати адабӣ-бадеӣ талаботи завқӣ-эстетикии ҷомеа аст ва адибон қонеъкунандаи талаботи зебоиписандии иҷтимоъ мебошанд. Сатҳи завқу салиқа ва бинишу дониши хонандагон ба сатҳи завқу маърифати нависанда ва шоирон бастагӣ дорад. Ҳар қадар маърифат, дониш, биниш ва андешаю завқи адиб баланд бошад, ҳамон қадар маърифати ҷомеа баланд мешавад. Адабиёти қудратманд ҷуръат ва ҷасорати иҷтимоӣ офарида, саранҷом шахсияти комил месозад. Ғояҳои созандаи адабиёт, ки дар осори манзуму мансури бадеӣ мунсаҷим мешаванд, ҷомеаро аз дарун дигар мекунанд ва дар сохтмони худӣ нақши калидӣ иҷро мекунанд. Ғояҳои созанда ва абадзинда дар натиҷаи мутолиоти пайваста, ковишу ҷустуҷӯҳои мудавом, ҷуръату ҷасорати эҷодӣ рӯйи кор меоянд ва барои садсола ва ҳатто ҳазорсолаҳо хидмат мекунанд.

Гурӯҳи омӯзгорони забон ва адабиёти

мактаби №50-и шаҳри Истаравшан


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш