Нашрияи Омӯзгор

Гурӯҳбандӣ фаъолгардонист

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Ман дар дарси забони русии синфҳои 3–юм усули кори гурӯҳиро истифода кардаам, маълумот медиҳам.

Кори гурӯҳбандӣ аз тақсим кардани синф сар мешавад. Мумкин ин ҳамчун лаҳзаҳои осон ва нолозим  ба назар расад, аммо ба назари ман чунин нест. Роҳҳои зиёди тақсим ба гурӯҳҳо  мавҷуд  аст. Ман аз рӯи супориш ва хусусиятҳои муайян синфро ба гурӯҳҳо тақсим намудам. Супориш “Бобуна” ном дошт. Пешакӣ бобунагулҳои ҳархеларо тайёр намудам: сурх, зард, кабуд... Ҳамагӣ 5 намуд бобунагулҳои ҳарранга тайёр шуданд. Дар ҳар як барги бобуна супориши ҳар гурӯҳро навиштам, баргҳои бобунагулҳоро омехта кардам ва гирифтани як адади баргро ба хонандагон пешниҳод намуда, аз онҳо ҳоҳиш кардам, ки якдигарро аз рӯйи ранги бобунагулҳо дарёфт намуда, бобунагулро созанд. Вақте ки хонандагон ҳамдигарро ёфта бобунагулро сохтанд, ман ба қадами ояндаи ташкилии кор дар гурӯҳбандӣ гузаштам. Равиши кор дар гурӯҳ  аз  саҳми ҳар як талаба  ва муносабати он   барои ташкили кор дар гурӯҳбандӣ лаҳзаи зарурӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳамчун стратегияи кори гурӯҳбандӣ - кооперативӣ “Мизи мудаввар”-ро интихоб кардам. Пеш аз оғози ҳар як супориш ҳар баргаи бобунагул рақамгузорӣ карда шуд, то ҳар як хонанда  супоришро интихоб намояд ва иҷро кунад.

Супориши  навбатӣ тарзи сохтани матн аз руйи тартиб ҷойгир кардани ҷумлаҳо буд. Бо ёрии хонандагон матн тартиб дода шуд: Дарахтҳо дар фасли баҳор чӣ қадар зебоянд! Зардолу ва олуболуҳо чӣ қадар дилкашанд! Ба дарахт  тӯдаи парандаҳо нишастанд! Дар гирди саҳро шаҳпаракҳои аҷоиб тоб мехӯранд. Баҳоре, ки дер боз интизораш будем, омад! Гузоштани сарлавҳа ба матн. Хонандагон сарлавҳаи “Баҳор ё Баҳор омад”-ро интихоб мекунанд.

Кори гурӯҳбандиро аз ибтидо то интиҳо чунон нақшакашӣ намудан лозим аст, ки дар гузаронидани ҷараёни дарс самаровар бошад.

 

Мадина БЕКНАЗАРОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоии  литсейи Президентӣ барои  кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш