Бо омӯзишу мутолиаи осори бадеӣ инсон ба дунёи рангини илму адабиёт ворид мешавад ва донишу ҷаҳонбиниаш рушду инкишоф меёбад. Нависанда ва драматурги маъруфи рус Антон Павлович Чехов (1860– 1904) аз зумраи адибони барҷастаи ҷаҳонист ва осори ӯ дар Тоҷикистон низ хонандаи зиёд дорад. Ин адиби маъруф бештар дар таълифи ҳикоя маҳорати баланд дошт ва аз ин ҷост, ки ҳамчун падари ҳикоянависон шинохта шудааст. Ба наздикӣ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон» аз силсилсаи «Шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳон» китоби наве бо номи «Панҷоҳ ҳикоя» ба табъ расид, ки тарҷумаи ҳамин миқдор ҳикояҳои А. П. Чеховро аз ҷониби муҳаққиқ ва тарҷумони чирадаст Обид Шукурзода дар бар гирифтааст.
Ба таъкиди номзади илмҳои филологӣ Шодӣ Шокирзода, «А. П. Чехов баъд аз Шекспир дуюмин адибест, ки осораш дар ҷаҳон бештар чоп мешавад. Асарҳои машҳури драмавии ӯ «Се хоҳарон», «Боғи олуболу» ва «Моҳихӯрак» солҳост, ки дар театрҳои машҳури дунё ба саҳна гузошта шуда, ба тамошобинон ғизои бузурги маънавӣ мебахшанд».
Дар пешгуфтори китоб, ки бо сабки хос навишта шудааст, ҳамчун чеҳрашинос О. Шукурзода тавонистааст, симои барҷастаи адабии нависандаи оламшумулро барои хонандаи тоҷик ба таври шоиста муаррифӣ кунад: «Аммо ӯ гӯиё адибу нависанда ба дунё омада буд, ки аз даҳсолагӣ нахустин таълифоташ рӯйи нашрияҳо ғулғула афганд ва он озмудаҳои нахусти табъро баъдан бо андаке вироиш, дубора орояи осори худ намуд». Ҳамин тавр, мутарҷим зина ба зина ҳаёт ва фаъолияти нависандаро бо тавсифи осори безаволаш пеши хонанда равшан менамояд ва ҳадафу мақсади ӯро дар таълифи осор воқеъбинона баҳогузорӣ мекунад: «Антон Чехов – ростгӯй, росткору накурой, одилу мунсифу хайрхоҳ, бо иҳсону боимон, фақирпарвар, беозор ва безор аз истисмору чаридани инсон бар инсоне! Дар вуҷудаш таассубе набуд ва танҳо як орзу дошт – мардум дар камоли озодию рифоҳ зиндагӣ кунанд».
Ҳамин тариқ, эҷодиёти нависандаи номварро ба риштаи таҳлил кашида, аз пуркортарин адибони дунё буданашро махсус таъкид менамояд. «Ӯ инқилобе дар адабиёт барангехт. Бист ҷилд асари насрии дар ҷаҳон маъруф таълиф намуд; дар бисту панҷ соли таҷрибаи адабӣ муваффақ ба эҷоди ҳудудан нуҳсад асари хурду бузург шуд. Осораш ба беш аз сад забони дунё баргардону нашр шуда ва низ беш аз дусад асараш рӯйи саҳнаи синамо рафт».
Бояд гуфт, ки хонандаи тоҷик зиёда аз 100 сол мешавад, ки ба осори ин адиби навовару муъҷизаофари адабиёти ҷаҳонӣ ошност ва аввалин тарҷумаҳои асарҳои А. Чехов ба забони тоҷикӣ ба қалами Т. Самадӣ, Р. Ҳошим, Ҷ. Икромӣ, Ҳ. Карим, Э. Муллоқандов, А. Пирмуҳаммадзода, Ҳ. Аҳрорӣ, П. Толис, Ӯ. Кӯҳзод, Қ. Рустам, А. Партав, Ф Ғуломов ва дигарон тааллуқ дорад, ки дар тарҷума ва ба хонандаи тоҷик шинос намудани таълифоти ӯ саҳми арзанда гузоштаанд. Муҳаққиқи пуркор О. Шукурзода низ дар тарҷумаи ҳикояҳои пурмуҳтаво, дорои ғояи баланд ва марғуби Антон Чехов муваффақ шудааст, ки инро аз китоби «Панҷоҳ ҳикоя» метавон равшан мушоҳида кард.
Хонанда баъди мутолиаи ҳикояҳо зуд дарк мекунад, ки мутарҷим дар ин ҷода дастболост, зеро забони тарҷумаи ҳикояҳо хеле ҷаззобу дилнишин буда, дар онҳо асолати забони поку хушобуранги тоҷикӣ нигоҳ дошта шудааст, ибораву суханҳои ҳикматборро нигоҳ доштаву дар ҳолати зарурӣ аз зарбулмасалу мақолҳои тоҷикӣ низ бамавқеъ истифода кардааст. Забоншинос ва тарҷумашиноси машҳури рус В. Н. Комиссаров дар китоби машҳури худ «Теория перевода» («Назарияи тарҷума») перомуни баробарарзишии тарҷума ҳангоми интиқоли мазмуни феълӣ –вазъияти матни асл чунин андеша дорад: «Яке аз вазифаҳои муҳими мутарҷим иборат аз он аст, ки матни аслро то ҳадди имкон пурра интиқол намояд. Маъмулан, умумияти воқеии мазмуни матни асл ва тарҷума хеле муҳим аст. Баробарарзишии комил, яъне, умумияти томи мазмуни матнҳои ду забони гуногунро аз баробарарзишии тарҷума, яъне, қаробати маъноии воқеии матнҳои асл ва тарҷума, ки дар ҷараёни кор аз тарафи мутарҷим ба даст оварда мешавад, фарқ бояд кард. Ҳадди аксари баробарарзишии тарҷума дараҷаи болотарини имконпазири нигоҳ доштани мазмуни матн ҳангоми тарҷума ҳисоб меёбад, вале дар ҳар як тарҷумаи алоҳида қаробати маъноӣ ба матни асл дар дараҷаҳои гуногун ва ба роҳҳои гуногун ба ҳадди комил наздик мешавад».
Шоистаи таъкид аст, ки аксари ҳикояҳои адиби номвар А. Чехов ҳаҷман хурд будаву бо сабку услуби ҷаззоб офарида шудаанд. Ҳар як ҳикоя хонандаро ба он водор мекунад, ки дар атрофи масъалаи матраҳшуда андеша намояд. Калимаву ибораҳо бамавқеъ истифода шудааст ва наметавон дар онҳо калимаеро иваз намуд, зеро чунин амал ба фасоҳати забон ва ҳам маънии ҳикоя латма ворид мекунад. Баъзе ҳикояҳои адиб ба насри психологӣ иртибот дошта, дидгоҳу назари афроди гуногуни ҷомеаро ба хонанда бармало месозанд.
Чунончи дар ҳикояи аввали китоб «Пеш аз арӯсӣ» ҳамин тамоюлро метавон мушоҳида кард. Баъди ноншиканон арӯсро аввал модар, баъдан падар ва сипас, шавҳар ба назди худ даъват мекунанд ва ҳар яке ба бад кардани ҳамдигар машғул мешаванд, ки ин, аз як тараф, вазъи маънавии муҳити замони мазкурро нишон диҳад, аз ҷониби дигар, бозгӯйи дидгоҳу назари ҷомеаро дар давраҳои гуногуни таърихӣ собит менамояд. Ба гунаи мисол, «Модарҷон бар рахти хоб дароз кашида буд, ӯро ин дарси ахлоқ дод:
– …Ман сахт дар аҷабу ҳайратам, ки ту дина хушҳол будӣ, гиря накардӣ. Хушҳол аз чӣ? Оё пуле пайдо карда будӣ? Тааҷҷуб мекунам! Мардум хаёл мекард, ки ин шодиҳоят ҳама ба хотири тарки хонаи падариятанд. Албатта, шояд чунин ҳам бошад. Хуб? Ишқу ошиқӣ? Кудум ишқ? Ту аз рӯи муҳаббат ба дунболаш нестӣ, дар умум, аз пайи вай давидӣ? Ё ки нодуруст? Ҳайҳот, ки чунин! … Шавҳардорӣ аз ҳавасҳои духтарҳост, вале он ҳич чизи хуб надорад. Худам таҷриба кардааам, медонам. Ба сар уфтод, ту ҳам мефаҳмӣ. Печутоб нахӯр, ин қадар, бе ин ҳам сарам чарх мезанад. Мардҳо ҳама аблаҳанд, ҳамзистӣ бо онҳо чандон ширин нест. Ёри ту ҳам аблаҳ аст, агарчи фукаш чухт аст. Аз ҳад мутеи ӯ мабош, ин қадар ҳам нозбардорияш накун, эҳтиромашро ҳам чандон ба ҷо наёвар: ба ҳиҷ ваҷҳ…».
Аз ҳамин пора маълум мегардад, ки нависанда ин мавзӯъҳоро чӣ гуна хуб таҳлил мекунад ва ин мушкилот дар ҷомеаи имрӯза низ ба мушоҳида мерасад ва ҳар кас кӯшиш мекунад, ки назари маҳдуди худро ба он нафаре, ки нав ба пайроҳаи зиндагӣ қадам мениҳад, баён намуда, ба ин васила, ӯро ба раҳгумиву бадбахтӣ талқин бинамояд. Ташхис кардан мумкин аст, ки дар ҳамон давра ин масъала аз доғтарин дардҳои ҷомеа маҳсуб меёфтааст, ки перомуни он адиб бонги изтироб задааст. Дар охир ба чӣ анҷом ёфтани ҳикояро ба худи хонанда вогузор мекунад: «Инҳо ҳам то ҷашни арусӣ… Аммо баъди арусӣ чӣ пеш хоҳад омад, гумон намекунам, танҳо ба расулони Худову мардумони хобгард маълум бошад».
Эҷодиёти А. Чехов дар замони мо низ аҳамияти баланди тарбияву инсонофарӣ доранд ва гӯиё адиб садсолаҳои ояндаро медид, дарк мекард ва андешаю мушоҳидаҳояшро дар либоси бадеӣ таҷассум менамуд.
Дар ҳикояи «Бадбахтӣ», ки расидан ба қадри вақт ва азизу гаронмоя доштани азизу ҳамдилонро талқин мекунад, адиб хуб дарёфтааст, ки инсон бисёр нафарони азизашро пас аз даст додан ба ёд меорад. «Харрот мегиряд. Аз сӯзи дил дида, таассуф бештар буд. Ба фикр меравад: ин чӣ дунёест, ки ҳама чиз ин қадар ба зудӣ сипарӣ мешавад! Мусибати ӯ ҳанӯз дар саргаҳи роҳ, вале ба авҷ расидааст. Ӯ тавонист, ки фурсати зиндагие бо пиразан пайдо кунад, бо ӯ рози дил гӯяд, лутфу карам кунад, ки занаш мурд. Чиҳил сол бо пиразан зист, аммо ин рӯзгори чиҳилсола чун рӯъёи тирае бодосо гузашт. Ба дунболи бадмастию ҷанҷолу нодорӣ нашъате аз зиндагӣ набурд. Аммо, аз бахти бад, пиразан ҳине мурд, ки харрот эҳсос мекард, ки нисбати ӯ шафиқу дилсӯз аст, бидуни вай зистан наметавонад, хеле бадкардаи пеши ӯст».
Шоистаи таъкид аст, ки мутолиаи ҳикояҳои Антон Чехов аз як тараф, донишу ҷаҳонбинии хонандагонро тақвият бахшад, аз ҷониби дигар, ба забондониву забономӯзии насли наврас мусоидат мекунад, чунки мутарҷим бо забони шевою дилчасп ва истифодаи зарбулмасалу мақолҳо тавонистааст, ки сабку услуби адибро нигоҳ дорад.
Дарвоқеъ, китоби «Панҷоҳ ҳикоя»-и Антон Чехов, ки аз ҷониби донишманд Обид Шукурзода тарҷума шудааст, барои аҳли илму адаби тоҷик ва дилбастагони каломи бадеъ туҳфаи арзанда мебошад.
Н. ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр