Нашрияи Омӯзгор

Ҳамкорӣ - гарави комёбӣ

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳодисаи муҳиме дар тақвияти ҳамкории мактабу оила ба ҳисоб меравад.

Мақсади асосии ин қонун пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихору ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Дуруст аст, ки баъзе падидаҳои номатлуб (ба мисли истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ), ки имрӯз дар кори таълиму тарбия мушкилиҳо ба бор овардаанд, гузаранда мебошанд. Зеро, алҳол насли навраси мо истифода аз телефони мобилиро ба таври мақсаднок дар сатҳи зарурӣ наомӯхтааст ва чун истифодаашро намедонанд, ба иштибоҳ роҳ медиҳанд.

Дар ин ҳолат волидонро зарур аст, ки ба тақдири ояндаи фарзандон бетарафӣ зоҳир накунанд ва аз ҷумла, ба фарзандони худ телефонҳои гаронарзиши хориҷӣ харидорӣ накарда, ба ҷойи он дар зодрӯз ва иду айём ба онҳо китоб ё дигар ашёи хониш туҳфа созанд, ба курсҳои забономӯзӣ ва ҳунаромӯзӣ шомилашон кунанд.

Вазифа ва мазмуни  меъёрҳои ахлоқ дар тарбия аз он иборат аст, ки мактаббачагонро муттасил дар рӯҳи ватандӯстию башарпарварӣ, миллатдӯстӣ тарбия намоем.

Вазифаи муҳими мактаб ва падару модарон дар тарбияи ахлоқии хонандагон аз он иборат аст, ки ҳисси садоқат ба халқу Ватан, дӯст доштани аҳли меҳнат, тайёр будан ба корнамоию фидокориҳо дар онҳо мунтазам талқин карда шавад. 

Муносибати наврасон ба меҳнат гуногун аст. Як гурӯҳи онҳо бештар табиати дилраборо дӯст медоранд, дигаре ба меҳнати бунёдкорона шавқу завқи зиёд доранд. Дар ду ҳолат ҳам наврасон бештар ба калонсолон тақлид мекунанд, симои аҳли оиларо дар меҳнату ҷамъият инъикос менамоянд. Бояд падару модарон, бародарону хоҳарон бо рафтори неки худ ба бачагон ибрат нишон дода, онҳоро аз ҷиҳати маънавӣ бой гардонанд, аз ин рӯ, хушахлоқӣ дар ҳама гуна рафтори калонсолон шарти муҳими тарбия ба ҳисоб меравад. Қайд кардан лозим аст, ки фарзанд бояд самимияти оиларо доимо ҳис намояд. Таъсири тарбия дар он вақт пурзӯр мегардад, ки омӯзгор дар назди тарбиятгирандагони худ мақсадро ҷиддӣ гузошта тавонад. Агар кори тарбиявӣ талаботи рӯҳии бачагонро қонеъ гардонад, онҳо симои худро дар маҳсули корашон дарк намуда, бештар фаъол мешаванд. Дар тарбияи ахлоқии хонандагон анъана, ибрати шахсӣ аҳамияти муҳим дорад.

Шукрона Додарова,

омӯзгори забони англисӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш