Солҳои охир аз таъсири паёмадҳои тағйирёбии глобалии иқлим муҳити зист, экосистемаҳои табиӣ, мутаносибан тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба мушкилиҳо дучор шуда истодаанд. Бояд таъкид намуд, ки тағйирёбанда будани иқлим ҳатмӣ мебошад ва ин раванди табиии ритмикӣ буда, дар ҳудуди муайян ба амал меояд. Иқлими ҷаҳон чандин тағйирёбии куллиро аз сар гузаронидааст. Вале дар садсолаҳои охир аз сарбории таъсири омили антропогенӣ мувозинати экологӣ халалдор гашта, завол ёфта истодааст ва тағйирёбиҳои иқлим аз ритм ва ҳудуди муайяни табиӣ баромада истодаанд. Мусаллам аст, ки дар натиҷаи ин тағйирёбиҳо яке аз соҳаҳои осебпазир соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки асоси таъмини устувории агроэкосистемаҳо ва амнияти озуқавориро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки бо баробари афзоиши шумораи аҳолии ҷаҳон талабот ба ғизо зиёд гашта, таъмини амнияти озуқаворӣ муҳимияти рӯзафзунро касб намуда истодааст. Тақрибан 99 фоизи ғизои инсон аз олами наботот ва 1 фоиз аз олами ҳайвонот буда, шумораи ками намудҳои растаниҳо, ба монанди гандум, шолӣ, картошка, лӯбиёгиҳо, сабзавот, зироатҳои полезӣ, техникӣ ва ғайра маҳсулоти асосии ғизоӣ мебошанд. Зикр бояд намуд, ки пеши роҳи чунин тағйирёбиҳои иқлимро гирифтан мушкил ва ҳатто имконнопазир аст. Танҳо инсоният метавонад суръати ин тағйирёбиҳоро суст ва таъсири оқибатҳои манфии онро коҳиш дода, ба он фаъолияти худ ва соҳаи кишоварзиро мутобиқ (адаптатсия) намояд. Бинобар ин, дар ин самт вазифаи муҳими олимони соҳаи илмҳои биология, ба роҳ мондани тадқиқотҳо оид ба омӯзиши хусусиятҳои физиологию биохимиявии зироатҳои муҳими кишоварзӣ, кашф, интихоб ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани намуд ва навъҳои зироатҳои дар шароитҳои номусоиди иқлим нисбатан устувор ва сермаҳсул мебошад.
Чунин тадқиқот дар озмоишгоҳи биохимияи фотосинтези Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо роҳбарии узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биология, профессор А.Абдуллоев ба роҳ монда шудаанд. Озмоишгоҳи номбурдашуда дар давоми 60 соли фаъолияти худ ба комёбиҳои зиёд ноил гашта, натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст. Дар ду панҷсолаи охир дар ин озмоишгоҳ тадқиқоти моделӣ оид ба паёмадҳои тағйирёбии иқлим, ба монанди ҳарорати баланд, консентратсияи баланди CО2 ва О3, хушкшавӣ ва шӯршавии хок ба зироатҳои лӯбиёию ғалладонагӣ гузаронида шуда истодаанд. Аз ҷумла, якчанд намуди зироатҳои лӯбиёию ғалладонагии нисбатан устувор ошкор ва интихоб карда шуданд. Барои гузаронидани чунин тадқиқот таҷҳизоти моделсозӣ ва навъу намунаҳои (линия) зироатҳои муҳими кишоварзӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуданд. Аз ҷумла, 112 намунаи гандум ва зиёда аз 20 навъи лӯбиё аз Коллексияи ҷаҳонии Институти умумироссиягии растанипарварии ба номи Н.И.Вавилови шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дастрас ва тадқиқоти моделӣ ба роҳ монда шуданд. Хусусиятҳои физиологию биохимиявии навъҳо ва намунаҳои ба омилҳои дар боло номбаркардашуда нисбатан устувор ва сермаҳсулу ояндадор интихоб карда шуда, бо дарназардошти шароити иқлимии минтақаҳои Тоҷикистон дар истеҳсолот ҷорӣ карда мешаванд. Маълум аст, ки зироатҳои оилаи лӯбиёиҳо дорои миқдори бештари сафедаҳои ғизоӣ буда, инчунин, хокро сермаҳсул мегардонанд ва ҳамчун хӯроки сермаҳсули паранда ва моҳӣ низ васеъ истифода гашта, барои рушди парандапарварӣ ва моҳипарварӣ мусоидат менамоянд. Тадқиқоти мазкур дар партави ҳадафи сеюми стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» хеле муҳим ва саривақтӣ мебошанд. Инчунин, дар доираи тадқиқоти мазкур кадрҳои баландихтисоси соҳа (магистрантон, аспирантон ва докторантон) омода карда шуда, дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои назаррас ба даст оварда мешаванд.
М. Атоев,
ходими пешбари илмии ИБФГР АМИТ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр