Нашрияи Омӯзгор

Нашъамандӣ беморист

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 813        Шарҳ: 0

 

Агар сухан атрофи одатҳои бади инсонӣ равад, ҳатман ибораи «маводи нашъаовар» ба хотир меояд. Бино ба таъкиди директори Маркази тиббии саломатии рақами 13–и шаҳри Душанбе Ҳомидҷон Ҳомидзода, зимни истеъмоли нашъа вобастагии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ ба вуҷуд меояд.

Баъди якчанд маротиба истифода бурдани маводи нашъаовар организми  инсон ба он  одат мекунад, гирифтори бемориҳои вазнин мешавад. Ин шурӯи бемории нашъамандист. Истеъмоли мунтазами маводи нашъаовар инсонро рӯҳан заиф мегардонад. Хусусиятҳои хоси нашъамандҳо одатан тарсончакӣ, худбинӣ, камхобӣ буда, онҳо ҳисси масъулият, вазифашиносӣ ва қобилияти эҷодкории хешро гум мекунанд.    

Дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷумла, дар ҷумҳурии мо низ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ муборизаи доимӣ мебаранд. Барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемории нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҷумҳуриявии клиникӣ - наркологии ба номи профессор Минҳоҷ Ғуломов ташкил карда шудааст.

Мутахассисон барои муо-лиҷаи шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ ғайр аз табобат тавассути  доруҳо, боз миёни аҳолӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бурда,  оид ба оқибатҳои ин беморӣ пайваста вохӯриву семинарҳои омӯзишӣ ва машваратӣ мегузаронанд. Дар баробари ин, усули дигари коҳишёбии нашъамандони бақайдгирифташуда,  бо мурури замон аз қайди наркологӣ баровардани онҳо мебошад. Пас аз гузаронидани табобат дар сохторҳои наркологӣ нашъамандонро  тавассути меҳнат табобат менамоянд, яъне, онҳоро ба кор машғул медоранд.   Дар муассисаи Маркази ҷумҳуриявии клиникӣ – наркологии шаҳри Душанбе бошад, усули махсуси табобати «безаҳролудгардонии зудамал» истифода мегардад, ки дар хориҷи мамлакат ин усул ба роҳ монда нашудааст. Ҳамзамон, бо усули гиёҳдармонӣ низ табобат  мекунанд. Мутаассифона, дар байни истеъмолкунандагони  маводи нашъаовар занону духтарон ҳам ҳастанд.

Табобати  нашъамандӣ мушкил ва тӯлонӣ буда, аз 1 то 5 сол идома меёбад. Пас аз гузаштани табобати пурра бештари беморон аз истеъмоли маводи нашъаовар даст мекашанд. Аммо баъзеи онҳо, мутаассифона,  бо таъсири шахсони бемори дар атрофашон буда боз ба истеъмоли он шурӯъ мекунанд.

Истеҳсол, истеъмол ва интиқоли маводи нашъаовар яке аз масъалаҳои доғи рӯз ва глобалии ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб гардида, кулли мамлакатҳои оламро нигарон кардааст. Тибқи маълумоти СММ муомилот ва истеъмоли он дар бештар аз 170 кишвари дунё ба мушоҳида расида, сафи шахсони нашъаманд аз миллионҳо нафар ҳам гузаштааст.

Бо мақсади тақвият бахшидани мубориза алайҳи ин амали  номатлуб ҳанӯз соли 2013  дар кишвари мо «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020»  ба имзо расида буд, ки ин амали саривақтӣ ба шумор меравад.

Ба тасдиқи подполковники милисаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон   Сангинмурод Шомаҳмадов   дар пешгирӣ ва муборизаи беамон бар зидди ин зуҳуроти  номатлуб саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хеле  назаррас аст. Зеро ҳамасола дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳангоми баргузории амалиёти «Кӯкнор» миқдори зиёди маводи нашъадорро мусодира менамоянд. Қариб панҷоҳ фоизи маводи мухаддири мусодирашаванда дар миқёси мамлакат маҳз бо кӯшишу талошҳои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ амалӣ карда мешаванд.

 Саволе  пайдо мегардад, ки чӣ омиле инсонро ба истеъмоли маводи нашъаовар ташвиқ мекунад? Муқаррар аст, ки ин иштиёқи раҳо шудан аз ҳиссиёти хавотирӣ, ноқаноатмандӣ, хастагӣ, ғаму андуҳ мебошад, ки ба ҳар як шахс дар роҳи пуршебу фарози зиндагӣ рӯй медиҳад. Гурӯҳе аз мардум мехоҳанд, ки дили беғаш доштаву хушҳол бошанд, қисми дигар барои баланд бардоштани рӯҳия ва қобилияти корӣ, дур шудан аз муаммо ва маҳрумиятҳо ва гурӯҳи дигар аз ҷиҳати кунҷковӣ онро истифода мебаранд, ки куллан кори хатост. Даст кашидан аз ин гуна кори зишт амали оқилонаи ҳар як инсони комил ба шумор меравад.         

 Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш