Нашрияи Омӯзгор

Дониш фурӯғафзои  зиндагист

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 806        Шарҳ: 0

 

Дар дунё миллату халқиятҳои зиёде умр ба сар мебаранд, ки аксари онҳо забону алифбо, урфу одати хосаи худро доранду узви ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ – Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Миллати тамаддунсозу бофарҳанги мо замоне дар сафи пеши арсаи илму дониши олам қарор дошт. Фарзандони фарзонаи он - шоирону нависандагон, олимон ва донишмандон, чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хисрав, Умари Хайём, Ал-Хоразмӣ дар рушду нумӯи илмҳои замонаашон (забон, адабиёт, кимиё, кайҳоншиносӣ, ҳисобу риёзӣ, табиатшиносӣ, тиб…) саҳми босазою мондагор гузоштаанд. Олимони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ Арасту, Ҷ.Дарвин, Эйнштен дар заминаи бардошт аз осори классикони мо фаъолият намуда, ба мартабаҳои баланд расидаву кашфиёти пурарзиш кардаанд.

Дар яке аз  суханрониҳояшон Пешвои миллат оид ба қаноатбахш набудани донишу малакаю маҳорати аксар хатмкунандагони мактабҳои олии мамлакат изҳори норозигӣ намуданд. Бо дохил шудан ба мактаби олӣ бояд донишҷӯ кӯшиш намояд, ки барномаи пешниҳодгаштаро сидқан, пурра ва бо маҳорати баланд аз бар сохта, панҷ-шаш соли ҳаёти пурқимати худ ва орзую омоли падару модар ва миллаташро барбод надиҳад.

Ҳамчунин, Сарвари давлатамон роҷеъ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, англисӣ пайваста таъкид менамоянд, зеро дар замони ҷаҳонишавӣ ягон халқу миллат бидуни истифода аз забони англисӣ наметавонад рушд намояд. Забонҳои хориҷӣ барои омӯхтани илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ шароити муфид фароҳам меоваранд. Бояд зикр кард, ки заминаи омӯзиши ҳама гуна фанҳо мактаби ибтидоӣ ва миёна ба шумор меравад. Зербинои забономӯзӣ дар ҳамин зинаи таҳсилот гузошта мешавад.

Мо - омӯзгорон вазифадорем, ки донишу маҳорат ва таҷрибаи кории худро пайваста сайқал дода, дар таълиму тарбия ва забономӯзии шогирдони худ саъйю кӯшиши судманд намоем. Талош созем, ки хонандагонамон дар баробари забони модарӣ-забони англисиро дар пояи баланд аз худ намоянд. Омӯзгорони фанни забони тоҷикиро зарур аст, ки шогирдонашонро саводноку бофаҳм тарбия созанд. Агар хонанда забони модарии худро дақиқ надонад, дар кадом замина забони хориҷиро омӯхта метавонад?!  Магар метавон бе таҳкурсӣ хонаи мустаҳкам сохт?

Беҳуда нагуфтанд:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад.

Маҳина Саидова,

омӯзгори забони англисии мактаби №6, ноҳияи Варзоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳеҷ инсоне он қадар сарватманд нест, ки гузаштаашро бихарад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш