Нашрияи Омӯзгор

Рӯ ба фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 803        Шарҳ: 0

 

Эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши фанҳои мазкур ва тавсеаи тафаккури техникии насли наврас равона гардидааст.

Президенти мамлакат изҳор намуданд, ки бояд «назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр намуда, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд».    

Рӯй овардан ба илмомӯзӣ ва бахусус, илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ худ қадами устуворест барои рушди босуботи иқтисодии мамлакат ва таъмини рақобатпазири кишвар дар арсаи ҷаҳон.

Дар таърихи тамаддуни Аҷам мафҳуми илм дар баробари дониш ба маънии маълумот, огоҳӣ, малакаву маҳорат ва пеша низ истифода мешуд. Гузаштагони мо то оғози солҳои бистуми қарни гузашта дар баробари илмҳои риёзӣ (илмҳои арифметика, алҷабру муқобила-алгебра, ҳандаса-геометрия, ҳайат-астрономия, ҷарри асқол-механика) илмҳои табииро низ илм меомӯхтанд. Аҳмади Дониш фармудааст:

«Дар тӯли дақиқаҳое, ки ман бо ҷустуҷӯи маводи илмӣ қарор доштам, назаре ба ҳодисаҳои табиат кардам, ки чӣ гуна офатҳои табиӣ бар сари инсон меоянд, ҳазорон нафар инсонҳо ҷонашонро аз даст додаанд». Воқеан миллионҳо аз хурӯҷи бемориҳои вирусӣ ва нарасидани оби ошомиданӣ дар азобанд. Афзун ба ин, боиси нигаронист, ки инсон бо вуҷуди он ҳамаи қудрату тавоноие, ки дорад, ҳадди аксари офатҳои табиӣ-заминларза, тӯфонҳои баҳриро пешгирӣ карда наметавонад: ӯ дар муқобили офатҳои заминию осмонӣ тамоман оҷиз аст. Гузашта аз ин, қисми зиёди рӯйдодҳои хатарноки замони мо дар натиҷаи фаъолияти илман ва ахлоқан норавои худи одамон рух медиҳад. Чуноне мегӯянд, «аз мост, ки бар мост».

Инак, барои обод кардани ин дунё офарида шудааст, вазифаи қудсии онҳо тамаддунсозии оқилонаю одилона аст.

Пас, вазифаи инсон дар рӯи замин чист? Мо бояд ин табиати зеборо ҳифз кунем, чунки нафаси тозаи мо аз ҳамин табиат аст. Мақсади асосии 20-солаи рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар он аст, ки ҳамаи мо, шаҳрвандон, дониши дақиқ дошта бошем ва наслҳои ояндаро барои обод кардани кишварамон омода созем.

 

 Хушбахт АЗИЗБЕКОВ,

 омӯзгори математикаи

 мактаби №7, шаҳри Хоруғ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш