Нашрияи Омӯзгор

Осори мондагор

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 834        Шарҳ: 0

 

Ҳанӯз соли 1996 бори нахуст китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар шакли мухтасар чоп шуд. Соли 2001 китоби якум, соли 2002 китоби дуюм ва ниҳоят соли 2006 китоби сеюми «Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён» - и Пешвои миллат чоп гардид, ки сарчашмаи боэътимоде дар шинохти муҳимтарин масъалаҳои таърихи миллати тоҷик дар замони муосир ба шумор мераванд.

Дар ҷилди аввали китоб оид ба муҳимтарин масъалаҳои таърихи қадимаи халқи тоҷик, мақоми таърихӣ ва фарҳангии китоби  «Авасто», давлатҳои Суғду Бохтар, давлатдории Ҳахоманишиҳо  маълумоти мухтасари таърихӣ оварда шудааст. Дар ҷилдҳои дуюму сеюми ин китоб, ки давраҳои таърихи ташаккули давлатдории миллии моро фаро мегиранд, сабақҳои таърихии давлатдории Сомониён бар асоси манбаъҳои таърихӣ таҳлили амиқи худро ёфтаанд.

Дар ҷараёни таълими таърих омӯзгор метавонад, ки китоби мазкурро барои мутолиа ва иҷрои корҳои мустақилона тавсия намояд, то ки хонандагон дар  дарси оянда аз он маводи вобаста ба мавзӯъро мутолиа ва нусхабардорӣ намоянд. Инчунин, хонандагон   метавонанд аз ин китоб матнҳоро интихоб карда, дар дарсҳои забони русӣ ва забони англисӣ барои тарҷума  истифода намоянд. Ин ҳам ба забономӯзӣ ва ҳам ба баланд бардоштани  савияи худшиносии миллии  хонандагон мусоидат хоҳад намуд.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби  «Чеҳраҳои мондагор» ба хонандагон муроҷиат карда навиштаанд:  «Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад». Дар ин китоб дар бораи симоҳои барҷастаи сиёсӣ, илмӣ ва адабии миллати тоҷик сухан меравад.

Китоби мазкурро омӯз-гори таърих дар дарсҳои худ бо хонандагони синфҳои 5 – 11 истифода бурда метавонад. Зеро бахши панҷуми китоб ба барномаи таълимии синфҳои 11 (боби 9) мавзӯи «Қадршиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба қаҳрамонони Тоҷикистон рост меояд ва маҳз аз «Чеҳраҳои мондагор» истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.

Мастона МАҲМУДОВА,

омӯзгори таърихи гимназияи №2  ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Бӯстон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш