Оид ба нақши омӯзгор дар ҷомеа Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ гуфтаанд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад.”
Воқеан ҳам, омӯзгор шахсест, ки бо тамоми ҳиссиёт ва заҳмат саҳми беназири худро барои таълиму тарбияи насли наврас мегузорад. Муаллим тарбиятгар, раҳнамо ва қувватбахшандаи неруи зеҳнии фарзандони мост.
Имрӯз омӯзгор бояд бо тамоюлҳои муосири ҷаҳони рақамӣ ва инноватсионӣ, бо истифода аз усулҳои муосир ва дастгоҳҳои технологӣ барои гузаронидани дарсҳо тибқи стандартҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад.
Омӯзгори муваффақ бояд аз ҳама пешрафти технологӣ огоҳ бошад. Пандемия нақши муаллимонро дар таълиму тарбияи тарбиятгирандагон тағйир дод, агар ба таври куллӣ набошад, пас дар ҳар сурат назарҳо дар бораи таълиму таҳсилот тағйир ёфтанд ва он, бешубҳа, дар қадамҳои минбаъдаи мо дар самти таълим инъикос хоҳад ёфт.
Аз сабаби инкишофи технологияҳои муосир ва интернет рӯз аз рӯз ҷавонон аз навгониҳои ҷаҳон бохабар шуда истодаанд ва баъзан онҳо ҳамеша дар паси мизҳои худ нишаста, аз навиштан хаста мешаванд, онҳо ҳаваси тағйирот ва истифодаи технологияҳои муосирро орзу мекунанд ва мехоҳанд, ки худро ақибмонда эҳсос накунанд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо нақши технологияҳои инноватсионӣ ва муосирро дар ҳама самтҳо таъкид менамоянд. Хушбахтона, дар аксар муассисаҳои таълимӣ синфҳои компютерӣ ташкил карда шуда, дар дарсҳо технологияҳои муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ, проекторҳо ва ғайра истифода бурда мешаванд.
Имрӯзҳо муассисаҳои таълимӣ танҳо иншооти одӣ нестанд, онҳо марказҳои омӯзишии бефосила мебошанд. Муҳим он аст, ки омӯзгорӣ ҳамчун яке аз касбҳои душвортарин ва гиромӣ шинохта шудааст ва барои рушди иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишварамон комилан муҳим аст.
Ҷаҳони муосир омӯзгоронро ба мутобиқшавӣ ва татбиқи усулҳои нав равона менамояд, моҳияти таълим муносибати наздики муассисаи таълимӣ, муаллим ва донишҷӯ мебошад. Омӯзгорон мефаҳманд, ки нақши муҳимтарини онҳо дар ҷаҳони муосир ва зуд тағйирёбанда – ин шинохтани ҳар як донишҷӯ ҳамчун шахси алоҳида мебошад.
Барои он, ки донишҷӯён, воқеан, масъулияти таҳсилоти худро ба дӯш гиранд, раванди омӯзиш бояд бо манфиатҳои онҳо алоқаманд бошад ва баҳои онҳо бояд дастовардҳои воқеиро муайян намуда, қисми таркибии омӯзиш бошад.
Яке аз роҳҳои самарабахш, ки нақши омӯзгорон ва донишҷӯёнро дар соҳаи маориф иваз мекунад, технологияҳои нав мебошад. Нақши технологияҳои муосир қувваест, ки омӯзгорон ва донишҷӯёнро зуд тағйир медиҳад. Ҷаҳони имрӯзаро ҷаҳони ҷараёни иттилоотӣ тавсиф кардан мумкин аст, ҳаҷм ва сифати иттилоот, мундариҷаи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳо зуд тағйир меёбанд. Истифодаи технологияҳои компютерӣ дар фаъолияти омӯзгор маъмул гашта, истифодаи он ва усулҳои инноватсионии таълим ба зарурати таълими босифати хонандагон дар ҷаҳони муосир табдил меёбанд.
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд солҳост, ки санҷишу имтиҳонҳоро ба тариқи электронӣ қабул менамояд ва бо ин ҳар гуна мушкилот ва масъалаҳоро, ба монанди ришва дар соҳаи маориф роҳ намедиҳад. ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ аз аввалинҳо шуда ба системаи таълими силсилавӣ гузашт ва бо ин сифати тайёр кардани мутахассисонро дар системаи таҳсилоти олӣ баланд бардошт.
Ф. ҲУСАЙНОВА,
омӯзгори калони кафедраи забони хориҷии Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд
Иловакунӣ
Иловакунии фикр