Нашрияи Омӯзгор

ВАҲДАТ: дастовардҳои коллеҷ меафзояд

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 826        Шарҳ: 0

 

Дар  коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат моро сардори шуъбаи таълим Пироншо Бодомаев ва муовини қисми таълимии коллеҷ Ҷамшед Дӯстов ба ҳузури худ пазируфта, аз он  изҳори хушнудӣ карданд, ки ба  ин даргоҳ омадаву аз ҳолу аҳвол, вазъи таълиму тарбия дар муассиса пурсон мешавем.

Ҳамон тавре ки П.Бодомаев иттилоъ дод, коллеҷи мазкур таърихи беш аз нимасра дорад. Он ҳамчун омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат бо фармони Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷикистон, сеюми марти соли 1966 бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи тиб таъсис дода шудааст. Албатта, дар  шурӯи ҳама кор мушкилоту монеаҳо пеш меоянд ва чунин проблема дар ин муассиса низ ба чашм мерасид. Яке аз онҳо нарасидани кадрҳои ихтисосманд ба шумор мерафт. Дар баробари ин, ҷалби довталабон, хосса, духтарони деҳот аз масъалаҳои умда ба  шумор мерафт. Бо саъю кӯшиш ва эҳтимоми коллективи навташкил корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби ҷавонон ба омӯзишгоҳ самараи нек дод. Хуллас, худи ҳамон соли таъсиси муассиса 96 нафар ба омӯзишгоҳ ҳуҷҷат супориданд. Он вақт танҳо ду шуъба: момодоягӣ ва кори ҳамширагӣ амал мекард ва 36 нафар шуъбаи момодоягӣ 60 нафари дигар шуъбаи кори ҳамширагиро хатм карданд. Ҳамин  тариқ, соли 1968 омӯзишгоҳ нахустин  хатмкунандагони худро барои кор ба муассисаҳои табобатӣ фиристод, ки дар байни онҳо 40 нафар духтари тоҷик, 28 нафар рус, 16 нафар ӯзбек ва  дигар миллатҳоро дар бар мегирифт.

Минбаъд шароиту имконият дар омӯзишгоҳ беҳтар гардида, фаъолияти  муассисаи тиббӣ рушд ёфт, заминаи моддӣ-техникӣ мустаҳкам ва кадрҳои баландихтисос ҷалб гардиданд. Ниҳоят, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз сеюми марти соли 2014, №148 омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат ба коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат табдили ном кард. То имрӯз ин муасисаи таълимиро 14462  нафар хатм намуда, онҳо дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳия ва вилоятҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.

Айни замон коллеҷ яке аз калонтарин муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ба ҳисоб рафта, дар он беш аз 2,5 ҳазор донишҷӯ таҳсил карда истодаанд. Дар баробари ин, аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш дар шаҳрҳои Норак, Роғун, ноҳияҳои  Файзободу  Нуробод, Тоҷикободу Варзоб ва Рӯдакӣ гурӯҳҳои мақсаднок амал мекард. Ҳоло бошад, вобаста ба имконият чунин гурӯҳҳо танҳо дар шаҳри Роғун ва навоҳии Файзободу Рӯдакӣ фаъолият мекунанд.

Бино  бо таъкиди муовини қисми таълимии коллеҷ Ҷ.Дӯстов, барои пешрафти кори муассиса мутахассисон нақши муҳиме доранд. Барои ҳамин ҳам, маъмурият ба ин масъала аз рӯзҳои  аввал диққати ҷиддӣ зоҳир мекунад. Хусусан, коллеҷ кадрҳое омода месозад, ки тақдири минбаъдаи саломатии одамон дар дасти онҳост. Айни замон, шумораи омӯзгорони коллеҷ ба 215 нафар расидааст.

Чунонки П.Бодомаев иттилоъ дод, тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 19 феврали соли 2021, №14/5-414 оид  ба эълон гардидани солҳои 2020 - 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» озмуни кушоди ҷумҳуриявӣ дар байни донишҷӯён аз фанҳои физика ва математика (рӯзҳои 12-13 марти соли ҷорӣ) баргузор гардид, ки хонандагони коллеҷ дар он бомуваффақият иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Инчунин, шогирдон тибқи даъватнома дар конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ», ки дар коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

-Дар ин замина, - мегӯяд П.Бодомаев,  -  дар коллеҷ фармоиш ва нақша- чорабиниҳо оид ба амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон аз 26.09.2020, №503 «Дар бораи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» таҳия ва тасдиқ гардида, оид ба самтҳои афзалиятноки он корҳо зина ба зина  идома доранд. Илова бар ин, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП – 44 ва супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса нақша – чорабиниҳо оид ба татбиқи талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳия гардида, дар асоси он  дар ҳамаи кафедраҳо бо иштироки омӯзгорону аспирантон, мудирони кафедраҳо, унвонҷӯён гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, мизҳои мудаввар ташкил гардид. Дар онҳо моҳияти ин озмун фаҳмонда шуда, аз байни муҳассилин барои иштирок дар он  беҳтаринҳо номнавис шуда, барои ширкат намудан тайёрӣ мебинанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими рӯз барои муассисаҳои таълимӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот ба шумор меравад. Таъмин намудан бо китобҳои дарсӣ ва тахассусӣ маҳаки боло рафтани дониши хонандагон  дар ҳамаи бахшҳои таҳсилот хоҳад буд. Ҳоло таълим дар ин ҷо тавассути тахтаҳои электронӣ (ба шакли низоми кредитӣ) гузаронида шуда, машғулиятҳои  назариявӣ  ба шакли мултимедиявӣ ташкил ва сурат мегиранд.

Барои беҳтар ба роҳ мондани низоми кредитӣ дар коллеҷ шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҳуҷраи бақайдгирӣ ва синфхонаҳои  низоми кредитӣ ташкил карда шуда, бо таҷҳизоти муосири таълим муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Аз ҷониби мутасаддиён пайваста дар байни донишҷӯён мониторинги сифати таҳсилот ташкил гардида, натиҷаҳои он ба Шӯрои омӯзгорон ва Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти ҶТ пешниҳод карда мешаванд. Тибқи натиҷаҳои мониторинг сифати таҳсилот 46, 5 ва азхудкунӣ бошад, соли равон 82, 9 фоизро тащкил медиҳад. Дар коллеҷ  ятимону бепарасторон низ (11 нафар ятими кулл, 104 нафар нимятим) таҳсил мекунанд. Ба ёздаҳ нафар ятими кулл хӯроки яквақта, хилъати сафед, кумакпулӣ ва идрорпулӣ дода шуда, онҳо ба таври ҳамешагӣ таҳти назорати роҳбарияти муассиса қарор доранд.

- Мо ба тақдири ояндаи шогирдонамон бетараф нестем, - мегӯяд муовини директор оид ба қисми таълими коллеҷ Ҷ. Дӯстов. – Ҳангоми таҷрибаомӯзӣ хонандагон дар беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат, дар бинои кумаки аввалияи тиббии шаҳр (КАТС), беморхонаҳои марказии шаҳри Роғун ва ноҳияи Файзобод, беморхонаҳои маҳаллаи Якуми Советӣ, беморхонаи шаҳрии рақамҳои 3 ва 5 – и пойтахт, бунгоҳҳои ҷойҳои истиқоматии худи шогирдон таҷриба меомӯзанд.  Онҳо  пас аз хатми коллеҷ тариқи суҳбат ба курси дуюми ДМТ қабул гардида, маълумоти олии тахассусӣ мегиранд. Агар шогирди мо коллеҷро бо дипломи аъло хатм намояд, метавонад ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино ҳуҷҷат супорида, донишҷӯйи ин даргоҳ шавад. Ҳамагӣ як сол пеш аз ин, 6 нафар шогирди коллеҷ дар донишгоҳҳои тиббии Федератсияи Россия ҳуҷҷат супорида, донишҷӯ гардиданд.

Барои рангину хотирмон гузаштани ҳаёти хонандагон чорабиниҳои фарҳангӣ дар сатҳи баланд ҷараён мегиранд. Аз ҷумла, иди байналмилалии Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар ин рӯз бо фармони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор омӯзгорони  соҳибтаҷриба бо нишони  «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ду нафар бо Ифтихорномаи ин вазорат қадрдонӣ гардиданд.

Корҳои ободонӣ низ дар коллеҷ идома доранд. Дар саҳни муассиса ва гулгаштҳои он дусад бех гулҳои ороишии ҳамешасабз, беш аз панҷоҳ намуд дарахти ороишӣ шинонда шуд. Барои боз ҳам беҳтар гардондани вазъи таълиму тарбия   ҳоло дар саҳни бинои коллеҷ корҳои сохтмонӣ барои эъмори бинои нави таълимии  чорошёна идома дорад.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш