Нашрияи Омӯзгор

Пайдарҳамии мавзӯъҳо муҳим аст

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 748        Шарҳ: 0

Яке аз махсусиятҳои дарси  математика омӯхтани амал, аз худ кардани  қоидаҳо, ҳал кардани мисолу масъалаҳо ва азбарнамоии маводи нав ба шумор  меравад. Омӯзгор  бояд, пеш аз ҳама, мавзӯъҳои ҳар як дарсро, махсусан, ҳамон дарсҳоеро, ки дар он маводи  нав омӯхта мешавад, ба диққати кӯдак расонида,  дар оғози дарс ба бачаҳо мавзӯъ ё мақсади дарсро баён намояд ва дар охири дарс ба саволи  «зимни дарс чиро омӯхтем?» ҷавоб талаб кунад. Мавзӯъҳои бисёр дарсҳо, ки бо онҳо маводи нав омӯхта мешавад ва онҳоро  омӯзгор дар тахтаи синф ва хонандагон дар дафтарашон менависанд, афзалиятноканд.

Ҳангоми тавзеҳи омӯзиши мавзӯи нав омӯзгор дар суҳбат ба бачаҳо мефаҳмонад, ки то ин вақт кадом мавзӯъҳо омӯхта шуданд. Барои он ки хонандагон  номи мавзӯъҳои омӯхташударо дар ёдашон маҳфуз доранд, омӯзгор бояд ҳар як мавзӯи навро дар варақи коғази махсус, ки дар синф овехта шудааст, нависад.

Ғайр аз ин мундариҷаи китоби дарсиро истифода бурдан лозим аст, ки аз рӯйи он кӯдакон  ҳар дафъа муқаррар мекунанд, ки  то ин дам кадом мавзӯъҳо омӯхта шудааст.

Барои он ки хонандагон пайдарпаии омӯхтани маводи ҳар як мавзӯъро хубтар дарк кунанд, омӯзгор дар рафти дарс ҳар як саволи навро, ки дар синф дида баромадан лозим меояд, дар тахтаи синф менависад.  Ин, махсусан, дар дарсҳои такрорӣ сурат мегирад. Ҳамин тавр, дар синфи IV ҳангоми омӯхтан ё татбиқи  мавзӯи «Зарби ададҳои бисёррақама»  ба омӯзгор лозим аст, ки аввал номи ин мавзӯъ, баъд   мавзӯъҳои  дигарро нависад.

Бо ҳамин тарз, дониши хонандагонро роҷеъ ба ҳар як мавзӯъ ба низом дароварда, омӯзгор ба мутассилии азхудкунӣ замина мегузорад ва ҳавасмандии толибилмонро зиёд менамояд.

Ҳурлиқо ҚАЮМОВА,

мудири шуъбаи муассисаҳои

таҳсилоти олии касбӣ ва

баъдидипломии ПРМ АТТ,

номзади илмҳои педагогӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш