Нашрияи Омӯзгор

Омили пешрафти ҷомеа

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 810        Шарҳ: 0

 

Дар сарнавишти ҳар як миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томаш ҳамчун оғози созандагиҳои бузург ва даврони саодатофарин маҳсуб мешаванд. Барои мо – мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол 27 – уми июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои  тақдирсоз мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст ва ҳеҷ гоҳ зудуда намегардад. Дар ин рӯзи мубораку саид пас аз талошу қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар кулли соҳаҳо ҳадя овард. Воқеияти таърихиву ҳуқуқии тақдирсози миллати мо – Ваҳдати миллӣ дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ислоҳоти рукнҳои давлатдорӣ аз рӯи принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Тоҷикистон нақши мондагор дорад ва аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ барои муттаҳиду сарҷамъ сохтани миллат, хотима бахшидан ба низоъҳои дохилӣ, таъмини сулҳу субот ва амнияти мардум иқдомҳои шоистаро рӯи кор овард.

Воқеан ҳам, дар байни миллатҳои мутамаддини олам мисли миллати тоҷик кам халқе вомехӯрад, ки борҳо ба вартаи нобудшавӣ наздик шуда, баъди ҳар шикасту нокомӣ барои истиқлолияту бақои худ мубориза бурдааст ва аз нав ба зинаҳои баландтарини рушду нумӯъ  расидааст.

 

Рустам ҶӮРАЕВ                         

омӯзгори мактаби №25-и            

ноҳияи Айнӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш