Нашрияи Омӯзгор

Комёбӣ аз ҳамбастагист

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Тоҷикон аз бузургтарин дастоварди худ дар интиҳои садаи ХХ -  ваҳдати миллӣ ифтихори абадӣ дарёфтанд. Оре, на бо ҷангҳои ишғолгаронаю талаю тороҷ, на бо ихтилофҳои бузург ва силоҳҳои  қатли ом, балки маҳз бо ваҳдати миллӣ. Ин дастоварди халқи тоҷик таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб намуд ва гузашта аз ин, ба мактаби фарогиру ибратомӯзи ҳамдилию ҳамбастагӣ табдил ёфт, манбаи омӯзиши пажӯҳишгоҳҳои сиёсии дунё гардид, онро кишварҳои ҷангзадаю гирифтор ба зиддиятҳои дохилии бардавом ҳамчун манбаи таҳқиқу корбаст қарор доданд. Ба ваҳдати миллии тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои миллат омилҳои зиёде созгор омаданд. Аз ҷумла, ҷараёни сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон омилҳои вобаста ба илму адабиёт, фарҳангу маърифат, анъанаҳои миллӣ, хусусиёти равонӣ суръат ва тақвият бахшиданд.

Фарҳанг дар ҷумҳурии мо ба сифати таъмиргари ҳастии миллат шинохта шудааст. Аз ин рӯ, ба  рушди фарҳанг таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир мешавад. Фарҳанги миллӣ дар солҳои тақдирсози миллат – даҳсолаи охирини садаи бист баҳри таъмини сулҳу осоиштагӣ ва ҳамбастагию ваҳдат неруи тавоное гардид. Пеш аз ҳама,  чун дар Тоҷикистон ҳампаҳлу бо халқи тоҷик намояндагони халқҳои дигар, аз ҷумла, ӯзбекистону русҳо, туркманҳою қирғизҳо… зиндагӣ мекарданду мекунанд, дар айёми зиддиятҳои дохилӣ дӯстию бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмии ин халқҳо аҳамияти махсус пайдо карда буд. Ҳар яке аз ин халқҳо, табиист, ки фарҳангу маънавият ва расму оину довардҳои худро доранд. Худо накарда, агар байни ин халқҳо дар дохили кишвар ихтилофе ба вуҷуд меомад, оташи ҷанги дохилӣ дучанд аланга мегирифт. Вале дар заминаи хиради сиёсӣ ва сиёсати сулҳгароёнаи Пешвои миллат ҳама сокинони Тоҷикистон, новобаста аз дину оин, мазҳабу миллат ва монанди инҳо, ба ҳам омаданд, дасти ҳам гирифтанд, дӯстию рафоқаташонро тақвият бахшиданд ва  ниҳоят, аҳлона бо мардуми  бумии Тоҷикистон- халқи тоҷик ба ваҳдат расиданду ҳаёти осоиштаро пеш  гирифтанд. Ин ҳолат як махсусияти асосии ваҳдати халқи тоҷик гардид. Ҳамзамон, ин навгоние буд дар ҳошияи кулли ҳаводиси ҷаҳонӣ вобаста ба ваҳдат; тоҷикон фарҳанги ваҳдатро муҳтавою мазмуни тоза башиданд ва ваҳдате офариданд,  ки гунаашро таърихи ҷаҳон ёд надорад. Дар паҳнои  таърих бори дигар ва ба таври басо воқеию дақиқ собит гардид, ки тоҷикон дорои анъанаҳои  беҳтарини инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ ва ваҳдатгустарӣ мебошанд, барои ин халқ ҳеҷ арзиши дигаре баробар ба сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоиштаи халқҳо буда наметавонад.

Ҳамакнун аз рӯзи тантанаи ваҳдати миллии мо - тоҷикон 24 сол сипарӣ гаштааст.  Дар ин давра фарҳанги ваҳдати мо боз ҳам тақвият ёфту устувор гашт ва ба неруи заволнопазир табдил ёфт. Дар Тоҷикистон марказҳову ҷамъиятҳои халқҳои гуногун арзи ҳастӣ доранду озодона амал мекунанд ва асоси барномаи ҳамаи онҳоро ваҳдату сулҳу осоиштагӣ ташкил медиҳад. Халқҳо ба фарҳангу анъанаҳои якдигар арҷ мегузоранд, бо ҳам иртиботи ҳамешагӣ доранд ва дар зарурат дасти ҳамро сахттар мефишоранду ба мадади ҳам мешитобанд. Ин ҳолати сурурбахш, пеш аз ҳама, вобаставу пайваста аст бо фарҳанги ваҳдат, бо сулҳу ҳамдилӣ.

Месозад, ки мо - омӯзгорон дар машғулиятҳои худ бо шогирдон мазмуну моҳияти фарҳанги ваҳдатро ба таври саҳеҳ ва бо далелҳои ҷолиб шарҳ бидиҳем ва дар онҳо рӯҳияи сулҳпарастию эҳтиром ба ваҳдати миллиро  тақвият бахшем.

Азиза  ДАНИЕВА, директори мактаби № 79-и ноҳия Рӯдакӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш