Нашрияи Омӯзгор

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун!

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 828        Шарҳ: 0

 

Зумрае аз пажӯҳишгарону адабиётшиносон бар он ақидаанд, ки мавзӯи ваҳдати миллӣ дар адбиёти тоҷик  ҳамбаста бо истиқлол ва ҳаводиси мансуб ба  солҳои 90-уми қарни бист аст. Ин ақида то ҷое дуруст ҳам ҳаст, вале агар  амиқтару фарохтар бингарем,  аслан, дар адабиёти бостонии мо мавзӯи ваҳдат реша ба умқи асрҳо дорад ва аз мавзӯъҳои умдаи  адабиётамон ба шумор меравад. Ҳидоят ба сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат ҳатто дар «Авасто», ки аз  қадимтарин маъхазҳои хаттии осори ниёгонамон эътироф гардидааст,ба мушоҳида мерасад. Дар он чунин нуктаҳои ҳикматборе  мавҷуданд, ки пайванд бо мавзӯи ваҳдатгароиянд: «Касе, ки (барои дигарон) хостори рӯшноӣ аст, рӯшноӣ (бад-ӯ) арзонӣ хоҳад шуд,» «Ба андешаи нек, бо равиши дуруст, бо гуфтору кирдори нек ба ту наздик мешавем», «Эй касоне, ки дил ба  маниши нек бастаед, хашмро фурӯ афканед ва худро дар баробари тундхӯй неруманд кунед»… Минбаъд ғояи ваҳдатситоӣ дар адабиёти тоҷик дар заминаи эҷодиёти пурмуҳтавои устод Рӯдакӣ, Фирдавсию Саъдию Ҳофиз, Низомию Амир Хусраву Ҷомӣ… такомул ёфту рангу ҷилои тоза пайдо кард. Байтҳои  зер намунаи барҷастаи мавқеи устувори мавзӯи сулҳу ваҳдату дӯстӣ дар осори шоирони маъруфи адабиёти классикии тоҷик мебошанд:

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,

Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.

Абӯшакури Балхӣ

Ба пеши бародар бародар  ба ҷанг

Наояд, агар бошадаш ному нанг.

Абулқосим Фирдавсӣ

Агар  пилзӯрӣ в-агар шерчанг,

Ба наздики ман сулҳ беҳтар, ки ҷанг.

Саъдии Шерозӣ

Дӯстие бояд он гуна ҷуст,

К-он абадуддаҳр бимонад дуруст.

Хусрави Деҳлавӣ

Мавзӯи ваҳдату вахдатпарастӣ дар адабиёти давраи навини тоҷик, ки марҳилаи пас аз Инқилоби Октябрро фаро мегирад, вусъат пайдо кард. Ба ин ду байти баландғоя таваҷҷуҳ намоем:

Бувад майдони мардӣ сулҳхоҳӣ,

Ба сидқи ин диҳад дунё гувоҳӣ.

Лоҳутӣ

Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,

Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун!

Турсунзода

Дар даврони истиқлол ва махсусан, пас аз пирӯзии Ваҳдати миллӣ (27 июни соли 1997) мавзӯи ваҳдат дар адабиёти тоҷик мавқеи устувор дарёфту хеле доман паҳн кард. Агар образнок бигӯем, ин мавзӯъ дар марзи вусъатманди адабиёти тоҷик аз шоха ба шоҳруд табдил ёфт. Ҳамакнун, агар ваҳдатномаҳои адибони тоҷикро гирд оварем, даҳҳо ҷилд китоб хоҳад шуд. Имрӯз шоиреро наметавон дарёфт, ки шеъре дар ситоиши ваҳдати миллӣ нагуфта бошад. Дар саргаҳи ваҳдатномаҳои адабиёти муосирамон ду шеъри машҳури устод Лоиқ, ки «Имоми ду тарафро мекунам табрик» ва «Сулҳи деринтизор» ном доранд, қарор гирифтаанд. Устодон М.Қаноат, Б.Собир, Гулназар, Гулрухсор, Ҳақназар Ғоиб, Н.Қосим, М.Ғоиб, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло, Сайдалӣ Маъмур, М.Бахтӣ…. дар васфи ваҳдат як силсила шеърҳои баланду дилписанд гуфтаанд, ки қисме аз ин ашъор ба сурудҳои самимию дилошӯб табдил ёфтаанд. Ба гунаи мисол ду қитъа аз ваҳдатномаҳои муосир иқтибос оварда, бо итминони комил мегӯем, ки ин мавзӯъ дар адабиёти тоҷик минбаъд боз ҳам густариш хоҳад ёфт:

Дӯстон, бо ҳам бисозед, ин замони ваҳдат аст,

Ҳамдилу ҳамдард будан ҷисму ҷони ваҳдат аст.

Ҳусну неруи Ватанро мекунад ваҳдат фузун,

Тоҷикистон  хонадони ҷовидони ваҳдат аст.

Меҳмон Бахтӣ

Қиссаи ваҳдати моро ба ҳама ҷо донанд,

Сухан аз сулҳ равад, Сарвари моро хонанд.

Ҳар куҷо пайкараи Ваҳдат агар бигзоранд,

Ном бояд ки ба он тоҷбасарҳо монанд.

Исмия ДАВЛАТОВА,

омӯзгори синфҳои ибтидоӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш