Нашрияи Омӯзгор

Ҷавонон ваҳдатгароянд

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Моро зарур аст, ки ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшида, онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Ин ҳадафи олӣ ва мақсади наҷиби ҳар як сокини кишвар бояд бошад. Дар ин масир ҷавонони мо рӯз то рӯз саъйю талошҳои бештар нишон медиҳанд. Онҳо бо неруи созандаи хеш баҳри дар амал татбиқ намудани барномаи рушди кишвар саҳми босазо мегузоранд.

  Пешвои муаззами миллат ба нақши созандаи ҷавонон ҳамеша баҳои баланд дода, иброз медоранд, ки саъйю талоши ҷавонону наврасон ба худшиносии миллӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ бештар шуда, онҳо дар азхудкунии дониш ва илмҳои замона ҷаҳду талош менамоянд. Таъкиди зерини Сарвари кишвар:-“Одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо дар лавоми даҳсолаҳои охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиносӣ ва нангу номуси миллӣ дар байни онҳо торафт густариш ёфтааст. Дар шароити имрӯза бояд ҳамаи инро ҳамчун падидаи мусбат арзёбӣ кунем”, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки наврасону ҷавонони мо дар масири ободкориҳо ва шукуфоии Ватани азизамон –Тоҷикистон эҳсоси баланди дӯстдории миллат ва ин сарзаминро нишон медиҳанд.

Дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ ва аз баракати Ваҳдати миллӣ ҷумҳурии мо ба таври бесобиқа рушду тараққӣ кард. Барномаҳои бузурги рушди иқдисодиёту саноат, кишоварзӣ... берун шудан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини озуқаворӣ қабул шуд ва ин ҳадафҳои созанда давра ба давра амалӣ гардиданд.

  Ҳамасола Ваҳдати миллии мо боз ҳам мустаҳкаму қавитар мегардад, ҳар сокини кишвари мо аз он ифтихор мекунаду меболад, ки  дар сарзамини амну босубот, аз ҳар нигоҳ ободу шукуфон умр ба сар мебарад.

Ҳусейн САРТИПОВ,

омӯзгори коллеҷи тиббии ноҳияи Б. ғафуров


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш