Пас аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ба даст овард, ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ омад, ки вобаста буданд ба иқтисодиёту иҷтимоиёт ва таъминоту бунёдкорӣ. Илова бар ин, дар кишвар зиддиятҳои дохилӣ, тороҷгарӣ ва талошҳои манфиатҷӯёна, ихтилофоти динию мазҳабӣ авҷ гирифтанд. Чунин ба назар мерасид, ки ҷумҳурии тозаистиқлоли мо дар вартаи муҳлик қарор гирифтаасту хавфи аз байн рафтанаш бармалост. Чунин вазъро маъмулан вазъи печида мегӯянд ва на ҳамеша дар ин гуна ҳолат сари калобаро дарёфтан муяссар мегардад. Чун дар соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтанд, аз вазъи сахт ногувори кишвар хуб огоҳӣ доштанд. Хиради бунёдиву амиқбини Сарвари ҷавони ҷумҳурӣ имкон дод, ки мамлакат ягона роҳи дурустро интихоб намояд: аз кулли мушкилоти мавҷуда Президенти муҳтарам бартарафсозии низоъҳои дохилиро дар мадди аввал гузоштанд ва батакрор иброз доштанд, ки то дар саросари ҷумҳурӣ сулҳу ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тантана накунад, дар ягон ҷабҳаи дигаре мо ба муваффақият нахоҳем расид. Ҳамин тавр, аз оғози ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон раванди расидан ба ваҳдати миллӣ оғоз ёфт. Имрӯз ҳамагон хуб медонем, ки барои расидани ба ваҳдати миллӣ тоҷикон ҳамбаста бо дигар халқҳои муқими кишвар чӣ марҳилаҳоро аз сар гузарониданд. Пешвои миллат барои тантанаи ваҳдат ҷон ба каф гузошта, ба иқдомҳои ҷасурона даст заданд ва собит карданд, ки тоҷикон аз қадим халқи сулҳдӯсту ваҳдатпарваранд, ба зиндагии осоишта бартарӣ қоиланд ва шиорашон ҳамбаста бо садоқату матонату дӯстиву рафоқат аст. Рӯзи Ваҳдати миллиро тамоми тоҷикистониён бо шодию нишот пешвоз гирифтанд ва 27 июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистон давраи комилан навро оғоз намуду кишвари мо ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ ворид гардид. Ваҳдати миллӣ имкон дод, ки Тоҷикистон истиқлоли давлатии худро устувору безавол сохта, бари ободонию шукуфоии Ватан ба корҳои бузург оғоз намояд. Имрӯз ҳамагон бар он назарем, ки бунёди шоҳроҳҳои баландсифату нақбҳои азим, неругоҳҳои барқи обии пуровоза, ривоҷи бинокорӣ, таъсиси коргоҳҳои замонавӣ, рушди бесобиқаи соҳаҳои илму маориф, адабиёту фарҳанг, пешрафти соҳаҳои саноату кишоварзӣ… бо тантанаи ваҳдати миллӣ иртиботи ногусастанӣ доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова бар он ки бартарию моҳияти ваҳдати миллиро дар воқеияти сиёсати хирадбунёдашон нишон доданд, ҳамчунин дар ин мавзӯъ асарҳои пурмуҳтавою роҳнамо ва иборатбахш эҷод карданд. Асарҳои машҳури Сарвари кишвар «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Чеҳраҳои мондагор», «Забони миллат- ҳастии миллат»… ҳама реша ба тафаккури миллӣ доранд ва пеш аз ҳама, дӯстию ваҳдат, ифтихори миллӣ ва хештаншиносиро талқин менамоянд…
Гузашти солҳо қотеона собит намуд, ки Пешвои миллати мо аз оғози давраи роҳбарии хеш маҳз сиёсати сулҳҷӯёнаву ваҳдатпарваронаро пеш гирифта, хато накардаанд, балки ба иқдоми бузурги ватанпарастона даст задаанд. Воқеан ҳам:
Рӯзи милоди Ватан аз ваҳдат аст,
Бахту тахти анҷуман аз ваҳдат аст.
Гулбутта ҶУМАЕВА,
омӯзгори синфҳои ибтидоӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр