Гузашти бист сол аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки мардуми тоҷик ва сокинони ин сарзамини биҳиштосо дар баробари баҳраварӣ аз меваи ширини Ваҳдат кӯшидаанд ин дарахти нусратбахши меҳру садоқат дучанд нашъунамо намояд.
Маҳз бо шарофати ин созишномаи такдирсоз мо тавонистем, ба бесарусомониҳои дохилӣ, муқовимату ҷудоихоҳии гурӯҳҳои тундгаро, оташи ҷанги бародаркуш хотима бахшида, бо эътиқод ба рӯзи фардои саршор аз шукуфоию саодати Ватан ба марҳалаи нави давлатдории худ бо таъмини сулҳ, ваҳдати миллӣ ворид гардем. Ва дар ин замина барои рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ оғоз бахшем.
Халқи тоҷик дар арсаҳои таърихи худ басо азобу шиканҷа кашида, лашкаркашию ғоратгарии аҷнабиён, гарму сардиҳои рӯзгорро дидаву аз имтиҳони қисмат борҳо бо сари баланду ғурури миллии ба худ хос гузаштааст. Душманони миллати тоҷик аз сари мардони ин халқ манораҳо сохтаву шаҳрҳои ободашро оташ зада, валангор кардаанд, вале орияти миллӣ, худогоҳию ба шиканҷаи рӯзгор тобоварияш нагузошт, ки ғосибон ба мақсад расанд.
Гузашти айём боз ҳам исбот кард, ки ҷанги шаҳрвандии дар Тоҷикистон рухдода ҷанги харобиовар ва пурзарару зишт будааст. Ҳарчанд он замон гурӯҳе худро ҳақ мешумориданд, гузашти вақт ба кулли рафтору кирдор ва мақсаду мароми ҷонибҳои даргир баҳои воқеъона дод. Бо баракати ваҳдати миллӣ мо кишварамонро аз нав ободу осуда мебинем ва шукрона мекунем, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол зиндагӣ менамоем:
Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Аз саводаш дидаи мо равшан аст,
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Решаи ҷонҳост дар ҳам бофта,
Риштаи ҷонҳост дар ҳам тофта.
Дар ҳақиқат, ваҳдат барои мардуми тоҷик саодату сарфарозӣ ва бахту шодӣ овард. Шоирони мо бо дарки ин маънӣ дар васфи ваҳдату якдилӣ шеърҳои ноб сурудаанд.
Тавассути хираду дурандешии Пешвои миллат ва сокинони Тоҷикистон моро сулҳи комил насиб шуд ва ин рӯзи саид - 27 июн дар тақвими давлатдории мо чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Ваҳдат ба мо умеди зиндагӣ, шукуфоию саодат ва пешравиро ато намуд. Расидан ба ваҳдати миллӣ назари мардуми оламро ба сокинони диёри мо дигаргун сохт ва боиси ҳамкориҳои судманди иқтисодиву сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва бунёдкориҳои беназир гардид.
Имрӯз тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба масъалаи доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Рӯзи Дониш ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ намуда, таъкид карданд, ки барои аз байн бурдани ин хатари умумӣ кишварҳои олам алайҳи он бояд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва муттаҳидӣ муборизаи беамон баранд:
«Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».
Шаҳноза РАҲИМОВА,
номзади илми таърих, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва иҷтимоии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр