Нашрияи Омӯзгор

Дарс дар пояи маҷмааи ёдгорӣ

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Дар таълимгоҳҳо таҷлил намудани санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои гуногун ҳукми анъанаро дорад. Вобаста ба ин, таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ низ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бояд дар сатҳи баланд баргузор шавад. Маълум, ки ҳангоми фарорасии ин ҷашни хуҷаста дар тамоми таълимгоҳҳо хонандагон машғули  фароғатанд, яъне рӯзи 27 июн ба давраи таътили тобистонаи аҳли мактаб рост омада.  Аз ин рӯ, қабл аз  фарорасии таътил, дар ҳафтаи охири соли хониш дар таълимгоҳҳо ба ифтихори  Рӯзи Ваҳдати  миллӣ баргузор кардани чорабиниҳои тантанавӣ ва омӯзишию тарбиявӣ мувофиқи мақсад аст.

Бахшида ба ин ҷашни фархунда дар поёни соли  таҳсил дарси тарбиявиеро дар шакли дарс-саёҳат ҷараён бахшидан хеле муфид ва хотирмон хоҳад буд. Ин гуна дарс дар пояи маҷмааи ёдгории «Ваҳдат ва  эҳёи миллии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Хонандагон дар доираи ин дарс - саёҳат маҷмааи ёдгории мазкурро тамошо мекунанд, дар пояи  муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гул мегузоранд, дар васфи сулҳу ваҳдат, Ватану миллат ва муқаддасоти миллӣ шеърхонӣ мекунанд, сухан мегӯянд, аз таърихи миллат дар давраҳои нахустини истиқлол ёдовар мешаванд. Нақли омӯзгор дар бораи маҷмааи ёдгории «Ваҳдат ва эҳёи миллии Тоҷикистон» муҳтавои марказии ин дарси тарбиявист. Муаллим ҳикоят мекунад, ки маҷмааи ёдгории мазкур дар маркази ҷумҳурӣ, дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе соли 1999 ба ифтихори ҷашнвораи 1100-солагии Давлати Сомониён ҳамчун рамзи ваҳдат ва иттиҳоди тамоми тоҷикони ҷаҳон  бунёд шудааст.

Муаллифи лоиҳаи маҷмаа меъмори маъруф Б.Зуҳуриддинов мебошад. Маҷмаа аз бинои арки бузурге бо баландии 40 м ва сатҳи 17 х 6м ба самти майдон шурӯъ шудааст ва дар маркази ин суфатахт бар рӯи  ҳайкалпоя муҷассамаи Исмоили Сомонӣ қад афрохтааст, ки дар дасти рост кавкабаи тиллоии шоҳона гӯё ба  сӯи мардум ҳаракат мекунад. Ин кавкаба ваҳдати мардум ва давлатро ифодагар аст. Он ба таври рамзӣ дар  намуди қурси офтоб тасвир шудааст, ки дорои анвори некуӣ, неруи ҳаётбахш ва сулҳу равшаноӣ мебошад. Нурҳои офтоб тамоми коинотро, ки зери шумораи пурасрори 7 муттаҳид шудааст, фаро мегиранд. Ин 7 ситора аст, ки аз қадим дар байни шарқиён маънои 7 сайёраи   қаламрави Офтоб, 7 ранги тирукамон, 7 муқаддасоти ҷомеаи инсонӣ, 7 ситораи  Ҳафтдодаронро дошт. Қурси Офтоб ифодагари сифатҳои ҳамидаи ваҳдат, сулҳу иттиҳод мебошад. Худи арк натанҳо рамзи аркҳои давлатдории қадим, балки умуман, баёнгари давлати шарқӣ ба шумор меравад. Дигар аз унсурҳои маҷмааи меъморӣ муҷассамаи ду шер (ҳар яке ба дарозии 5м) аст. Ин шерҳо бино ба боварҳои бостонӣ, кафили устувории сулҳу осоиштагӣ дар кишвар, рамзи пойдории ҳукумат мебошанд. Дар зери зербинои асоси маҷмааи ёдгорӣ маҷмааи Сомониён ва толори пазироӣ бунёд шудааст. Дар маркази толор амсилаи мақбараи  Исмоили Сомонӣ дар Бухоро ҷойгир мебошад, ки марқаде аз санги гаронбаҳо ва хоки муқаддаси Бухоро дар дохил дорад. Дар тори арк тоҷи тиллоии дурахшон (қутраш 4,5м) гузошта шудааст, ки рамзи вожаи тоҷик дониста мешавад. Дар атрофи маҷмааи ёдгорӣ гулгаштҳои дилрабо бунёд ёфтаанд. Умуман, паҳноии ин маҷмааи бузург 120 х 325м буда, аз самти шарқ, аз майдони «Дӯстӣ» ба  тарафи ғарб, то хиёбони Саъдии Шерозӣ тӯл кашидааст…

  Пас аз бодиққат шунидани нақли омӯзгор хонандагон таассуроташонро дар бораи саёҳат ба маҷмааи ёдгории «Ваҳдат ва эҳёи миллии Тоҷикистон» мухтасаран баён мекунанд, ки ин анҷомбахши дарс мешавад. 

Хадича  СУЛТОНОВА,

омӯзгори мактаби миёнаи

№67-и ноҳияи Сино


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш