Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад.
Аслан, сиришти занону модарон аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарми ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати вай қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.
Давлату ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионӣ, густариши фаъолияти ташкилотчигию ҷамъиятии меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳалли проблемаҳои демографӣ, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ дар тӯли солҳои истиқлолият маҷмӯи тадбирҳои имконпазирро андешида амалӣ мегардонанд, ки онҳо дар як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҷассум ёфтаанд. Бахусус, ба камол расонидани фарзандони солим, ватандӯст, худогоҳу худшинос, соҳибмаърифату донишманд, баору номус дар шароити кунунӣ, беш аз пеш аҳамият пайдо мекунанд ва расидан ба ин ҳадафҳои инсондӯстона, ба ҷо овардани ин рисолати бузург ба ному хизматҳои зан-модар сахт марбут аст.
Таърихи башарият борҳо бузургии занону модарони соҳибмаърифатро собит кардааст. Модарони донишманд ҳамеша боиси ифтихоранд, ки онҳо ҳар як нияту иқдом, ҳар як рафтору кирдори фарзандашро эҳсос менамоянд ва мекӯшанд, ки ӯро ба сӯйи зиндагии шоиставу пурсаодат раҳнамоӣ созанд. Заҳматҳои беназири зан - модар дар ҳаққи фарзанд, инчунин, ба хотири ободиву оромии кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аҳли ҷомеа моро водор месозад, ки қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша ба ҷо орем ва барояш шароитҳои мусоид омода кунем, то ки дар баробари фаъолияти созандаашон фарзандони соҳибмаърифатро тарбия намоянд.
Дилафрӯз НУРМАТОВА,
омӯзгори биологияи мактаби №172, ноҳияи Рӯдакӣ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр