Нашрияи Омӯзгор

Китобҳои рӯимизии мо

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Муҳтавои Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле фарогир буд. Бояд гуфт, ки тамоми азму талош, мақсаду маром, саъю кӯшиш, иродаву матонат, заҳмату меҳнати Роҳбари давлатамон барои пойдории сулҳу амонӣ, истиқлолу ваҳдат, созандагию бунёдкории ин сарзамин равона гардидааст, то ин ки Ватанамон - Тоҷикистони гулистон боз ҳам шукуфазор гардида, мардумаш оромонаю осудаҳолона зиндагӣ кунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро пайваста дастгирӣ намуда, маошу стипендияи омӯзгорон, табибон, донишҷӯён, магистру аспирантҳо, докторантҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва хизматчиёни давлатиро давра ба давра зиёд мекунанд. Ташкилу гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва дигар чорабиниҳо, озмуну мусобиқаҳо шавқи кӯдакону наврасон ва калонсолонро бедор кард. Ман ҳамчун як омӯзгори одии деҳот ҳамеша дар байни мардум ҳастам ва бевосита мушоҳида мекунам, ки дар ҳар тӯйю маърака, суҳбату вохӯрӣ, сари дастурхони оилаҳо, суҳбати байни одамон дар кӯчаю маҳаллаҳо, дукону бозор, корхонаю муассисаҳо сухан дар бораи маҳорату малака, шеърхонию шеърфаҳмӣ, ҳозирҷавобию ҳунарнамоии иштирокдорони озмунҳо меравад. Баргузории ин гуна озмунҳо дар сатҳи баланд мардумро ба ҷӯшу хурӯш овардааст.

Сарвари инсонпарвар, маорифпарвар ва маърифатпарварамон, ки узви рақами 1-и Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, китобдӯсти бузург буда, пайваста ба китобхонию эҷодкорӣ машғуланд. Асарҳои навиштаашон дорои маънию мазмуну мундариҷаи бағоят баланд асту сабку услуби навиштори ба худ хоссе доранд. Алалхусус, асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Чеҳраҳои мондагор» … китобҳои рӯимизии ҳар яки моянд. Омӯзгорон ҳангоми гузаштани мавзӯъҳои дарсӣ, машғулиятҳои тарбиявӣ ва дигар чорабиниҳо аз нуктаҳои Паём, маърӯза, баромад, амру супориш, ҳидояту нишондод, тавсияву маслиҳатҳои падаронаи Сарвари кишварамон мунтазам истифода мебаранд.

 

Саймаҳмад СУЛТОНОВ

омӯзгори  мактаби №17-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш