Нашрияи Омӯзгор

Озмунҳо такмилбахши ҳамкориҳоянд

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 834        Шарҳ: 0

 

Ҳафтаномаи «Омӯзгор» яке аз куҳантарин нашрияҳои кишвар буда, байни хонандагон маҳбубияти зиёд дорад. Ин ҳафтаномаи маъруф анъанаҳои неку судмандеро даҳсолаҳо боз пайгириву татбиқ менамояд, ки нахустҳадафи  онҳо вусъати олами донишу маърифати ҳамагонист.

Яке аз анъанаҳои дерину манфиатбори «Омӯзгор» эълони озмунҳо байни хонандагон оид ба умдатарин масоили замон ва низ бахшида ба истиқболи шоистаи санаҳои  таърихӣ мебошад. Чунончи, танҳо дар давоми даҳсолаи охир ҳафтанома бахшида ба такмили сифати таълиму тарбия, инъикоси шоистаи фаъолияти омӯзгорони деҳот, тавсифи ҳунар ва ҳунармандӣ барои беҳтарин мақолаҳо озмунҳое эълон намуд, ки дар онҳо теъдоди зиёди омӯзгорону эҷодкорон ва муштариёни нашрия ширкат варзиданд. Ин озмунҳо мазмуну муҳтавои ҳафтаномаро такмил бахшиданд, доираи инъикоси мавзӯъҳои мубрами рӯзро густурдатар карданд, чеҳраҳои шоистаи соҳаи таълиму тарбияро муаррифӣ намуданд ва ҳамзамон, боиси шинохти боз як зумра қаламкашони сиҳибистеъдоду тозаназару навҷӯй гардиданд. Хусусияти дигари озмунҳои мазкур он аст, ки онҳо иртиботи нашрияро бо хонандагони боз  ҳам қавитар сохтанд. Ҳоло дар саҳифаҳои ҳафтаномаи «Омӯзгор» дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи давлатии  забонҳои  Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмун барои беҳтарин мақолаҳо дар бораи ин нависандаи маъруфи тоҷик идома дорад, ки «Улуғзода вафодори Ватан буд» ном гирифтааст. Ҳафтаи гузашта озмуни дигаре, ки ба «Бистсолаи омӯзиш ва  рушди фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бахшида  шуда буду беш аз даҳ моҳ идома ёфт, ҷамъбаст гардид. Дар ин давра ба ин озмун нафарони зиёде мақолаҳо пешниҳод намуданд, ки  мо беҳтарини ин мақолаҳоро (беш аз сӣ навишта) дар саҳифаҳои нашрия ҷой додем. Бояд гуфт, ки эълони озмуни мазкур ба ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – дар доираи солҳои 2020-2040 эълон намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» иртиботманд буд. Сарвари кишвар зимни пешниҳоди ин ибтикори хеш тамоми масъулини соҳаи маорифро даъват намуданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеию илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва  риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, ба ин васила тафаккури техникии ояндасозони миллатро фарогиртар созанд. Дар Паём  ва Маҷлиси Олӣ (26 декабри с.2019) ҳамбаста ба эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Пешвои миллат бо лаҳни ифтихоромез таъкид карданд:

«Мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштагонамон ҳар чӣ бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем». Дар  ин самт ҳар як неруи маънавӣ ва  ниҳоди ҷамъиятӣ бояд нақшагузор бошад. Ҳафтаномаи «Омӯзгор» илова бар озмуни мазкур дар аксар шумораҳояш зери рубрикаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мақолаҳо ба нашр мерасонад…

Дар оғози ҳафтаи равон дар идораи ҳафтанома бахшида ба ҷамъбасти озмуни «Бистсолаи омӯзиш ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи  илму маориф» ҳамоиш баргузор гашт, ки дар он ғолибони озмун ва аҳли қалами нашрия ширкат варзиданд. Сармуҳаррири ҳафтанома Н.Нурализода нахуст ғолибонро эълон кард: Азизбек Зумратов, омӯзгори литсейи №3-и  шаҳри Душанбе (ҷои аввал), Ислом Ғуломов, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ профессор, устоди ДДК ба номи  Рӯдакӣ (ҷои дуюм), Ҳомид Маҷидов, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илмҳои  техникӣ, профессор устоди ДДТТ ва Асадулло Шарифзода, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, дотсент, корманди маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» (ҷои сеюм). Ғолибонро самимона табрику таҳният гуфта, сармуҳаррири «Омӯзгор», ҳамчунин, иттилоъ дод, ки ба озмун беш аз сӣ мақола пешниҳод шуд. Аксари ин мақолаҳо дорои мулоҳизоти ҷолиб ва таклифу пешниҳодҳои судманд буданд. Ҳамагон ин иқдоми Пешвои миллатро бо камоли масъулият ҷонибдорӣ менамоянд ва бар он ақидаанд, ки воқеан ҳам, он ба рӯҳияи замон созгор буда, дар вусъати омӯзиши фанҳои дақиқ ва рушди тафаккури техникии насли наврас нақши бориз хоҳад гузошт.

Зимни суханрониашон ғолибони озмун ва чанде аз кормандони «Омӯзгор» ҷанбаҳои дигари  манфиатбори эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи  илму маориф»-ро тавзеҳ бахшида, андешаҳои ҷолиб иброз доштанд.

Дар фароварди ҳамоиш зикр гардид, ки ҳафтаномаи «Омӯзгор» минбаъд низ нашри беҳтарин хабару мақола ва гузоришҳоро бахшида ба «Бистсола….» идома хоҳад дод.

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш