Сохтмони бинои нави чорошёнаи раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ идома дорад. Санги асоси бинои мазкурро соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буд. Барои бунёди бинои раёсати маориф аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар 6 миллиону 711 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, то ин дам дар ҳаҷми 3 миллиону 312 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст. Тибқи нақша бино то охири моҳи августи соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин бино ҳамчунин марказҳои таҳсилоти иловагӣ, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва академияи хурди илмҳои вилоят ҷой дода мешаванд.
Ҷ. Қозибеков,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр