Омада бар файзи озодӣ китоби «Тоҷикон»,
Шодии хурду калон аз армуғони хонадон.
Ин шаҳодатномае имрӯз буда бар ҳама,
Аз тамаддунҳои миллат мекунад моро баён.
Маҳфили унсе шавад з-ин пас сари хон, бегумон,
Рӯи дасту ҷо ба дил гардад китоби «Тоҷикон».
Гар чунин меҳре, ки дорад ташнагони шоҳасар,
Худшиносӣ мешавад худ шеваи хурду калон.
Қаҳрамони халқ таърихи куҳанро зинда кард,
Машъали хомӯши Сомонро зи нав тобанда кард.
Аҷнабӣ дирӯз агар даъвӣ ба ину он намуд,
Аҷнабиро қаҳрамони миллатам шарманда кард.
Асомуддини Сайёдӣ,
омӯзгори мактаби №52-и шаҳри Ваҳдат
Иловакунӣ
Иловакунии фикр