10 донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат бо донишгоҳҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамкории доимӣ доранд.
Дар доираи ин мавзӯъ ректорони ин ду донишгоҳ чунин иброз доштанд:
Ректори ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров Ҷамшед Ҷӯразода:
Донишгоҳи мо бо 20 донишгоҳи Федератсияи Россия, 5 донишгоҳи Ҷумҳурии мардумии Чин, 18 донишгоҳ ва донишкадаи Ӯзбекистон, 5 донишкадаи Ҷумҳурии Қазоқистон, 4 донишкадаи Ҷумҳуриии Қирғизистон ва ҳамчунин, бо дигар марказҳои илмии кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай робитаи мустаҳками илмӣ ва таълимӣ дорад.
Дар соли хониши 2019-2020 донишгоҳ барои ташкил кардани озмоишгоҳи таълимии замонавӣ дар кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физика бо донишгоҳҳои Россия ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монд. Инчунин, дар кафедраи электроника барои таъсиси маркази омӯзишӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии ба номи Баумани шаҳри Москва шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд.
Ҳамкории донишгоҳ бо Институти Конфутсии Чин, воқеъ дар шаҳри Бӯстон хеле самарабахш аст. Тайи солҳои охир омӯзгорони забонҳои чинии ин донишгоҳ дар факултаи забонҳои шарқи донишгоҳ ба донишҷӯён забони чиниро меомӯзонанд. Донишҷӯёне, ки забони чиниро дар сатҳи муайян омӯхта, соҳиби сертификатҳои дараҷаи байналхалқӣ мешаванд, бо бурсияи давлатии Чин ба донишгоҳҳои ин кишвар барои таҳсил фиристонида мешаванд.
Донишгоҳ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамкории дуҷониба дорад. Теъдоди донишҷӯён аз Ҷумҳурии Қазоқистон дар донишгоҳ сол то сол зиёд мегарданд. Айни замон теъдоди донишҷӯён ба 25 нафар расидааст.
Ҳамкорӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои баландихтисос барои Ҷумҳурии Қирғизистон ҳанӯз соли 1991 оғоз ёфта буд. Дар ин муддат донишгоҳ барои Қирғизистон садҳо кадри баландихтисос тайёр намудааст. Айни ҳол 48 нафар донишҷӯ аз ин кишвар дар донишгоҳи мо таҳсил доранд.
Ҳамкории донишгоҳ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва марказҳои илмию фарҳангии ин кишвар ба марҳилаи тозае ворид гаштааст.
10 нафар устоди факултаи филологияи ӯзбеки донишгоҳ дар Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти Тошканд ба номи А. Навоӣ курси такмили ихтисос гузашта, соҳиби сертификат гаштанд.
Соли ҷорӣ нашри интиқодӣ ва тарҷумаи матни “ Фарҳод ва Ширин”- и Алишери Навоӣ ба забони тоҷикӣ анҷом дода шуда, бо сифати баланд нашр гардид.
Ректори ДДҳБСТ Муъмин Шарифзода: Ҳам-кориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат бо донишгоҳҳои ҳавзаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай аз соли 2010 инҷониб шурӯъ гардидааст.
Донишгоҳ дар самти иқтисодиёт ҳамкории самаранокро бо Донишгоҳи Давлатии Федеролии Урал ба роҳ мондааст. Соли 2014 барои бакалаврҳои донишгоҳи мо дар ин донишгоҳ се бурсия ҷудо карда шуд.
Соли 2015 се бурсия аз тарафи Донишгоҳи Давлатии Олтой аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёти бозорҳои Осиё”ва 1 адад аз тарафи Донишгоҳи Урал аз рӯи ихтисоси “Минтақашиносии хориҷӣ” ҷудо шуда буд .
Дар соли 2016 барои донишҷӯёни мо аз ҷониби ин ду донишгоҳи шарик 5 бурсия ҷудо гардид, ки 3 –тои он ба Донишгоҳи Олтой тааллуқ дорад.
Ҳамкориҳои мо бо ду донишгоҳи Россия сол то сол рушду тақвият меёбанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 Донишгоҳи Урал 5 бурсия ва Донишгоҳи Олтой 4 бурсия барои донишҷӯёни мо ҷудо намуданд.
Соли ҷорӣ бори аввал барои таҳсил ба Донишгоҳи Федеролии Урал на танҳо магистрон, балки аспирантҳо, аз ҷумла, муаллимони донишгоҳ фиристонида шудаанд.
Ҳамкориҳои мо бо Донишгоҳи “Дӯстии халқҳо”-и Федератсия Россия низ умедбахшанд. Муаллими донишгоҳ Ҳамзалӣ Воситов дар риштаи ҳуқуқшиносӣ аспирантураро дар ҳамин донишгоҳ хатм намуда, дар шӯрои илмии он рисолаи номзадии худро бомуваффақият дифоъ намуд.
Феълан, корманди кафедраи донишгоҳ Мадина Абдураҳмонова дар аспирантураи донишгоҳи мазкур таҳсилро идома медиҳад.
Н. Неъматзода,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр