Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти доманадор

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 799        Шарҳ: 0

 

Дар кафедраи методикаи таълими Донишкадаи давлатии забонҳои  Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Нақши методҳои муосири таълим дар рушди касбии омӯзгорони оянда» семинари илмӣ – амалӣ баргузор гардид. Он ба фаъолияти панҷоҳсолаи илмиву адабии   дотсенти кафедраи методикаи таълими ин донишкада Барно Ашӯрова бахшида шуд.

Ректори донишкада, профессор Ж. Гулназарзода, аз ҷумла, қайд кард, ки  Б. Ашӯрова соли 2006 таҳти роҳбарии академик И. Обидов дар мавзӯи  «Ташаккули арзишҳои умумибашарии хонандагони мактабҳои типи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Мавсуф тӯли 50 соли фаъолияти кориаш як монография, як дастури тарбиявӣ, як курси лексия ва машғулиятҳои амалӣ аз фанни методикаи таълими адабиёти тоҷик, дувоздаҳ дастури таълимӣ ва  (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ)   зиёда аз 40 номгӯй лавҳа, очерк, ҳикоя, мақолаҳои илмию  методӣ ва таълимиву тарбиявӣ ба табъ расондааст. Ин омӯзгори соҳибсалиқа барои заҳматҳои пурсамар дар соҳаи маориф бо нишони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», унвони муаллим – методисти дараҷаи олӣ, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст. Имрӯз шогирдони зиёди ӯ дар муассисаҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат кору фаъолият менамоянд.

Дар семинари илмӣ-амалӣ  зумрае аз олимон оид ба паҳлуҳои гуногунҷабҳаи фаъолияти илмиву адабии Б. Ашӯрова суханронӣ намуданд.         

 

 Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш