Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Шуғнон дар асоси лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ - техникӣ ва омӯзиш»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби 78 адад мошин ва таҷҳизоти дигари дӯзандагӣ гардид. Акнун дар баробари шогирдони литсей дар ин ҷо занону духтарони бешуғли ҷамоати деҳоти Навободи ин ноҳия ҳунари дӯзандагиро ёд мегиранд.
Ба гуфтаи директори литсейи мазкур Ҳалима Мамадаёзова, дар доираи ин лоиҳа Бонки Осиёии Рушд 78 адад мошини дӯзандагӣ, ҳамчунин, таҷҳизоти дигари заруриро ба муассиса дастрас намуд.
«Ҳоло ду синфхонаро ба коргоҳи дӯзандагӣ табдил додем, ки дар онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Дар як синфхона барои шогирдони литсей дарсҳои амалӣ баргузор мекунем ва дар синфхонаи дигар занони хонашини деҳа шуғли дӯзандагиро ёд мегиранд», -афзуд Ҳалима Мамадаёзова
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки «дар навбати аввал, 20 нафар занони деҳа, ки бо касби дӯзандагӣ каму беш шинос ҳастанд, ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Ин дӯзандагон дар баробари қабули дархост аз мизоҷон барои дӯхтани либосҳои миллӣ, ҳамчунин, ду соат ба омӯзиши усулҳои нави дӯхти куртаҳои пурнақшу нигори тоҷикӣ машғул мешаванд. Солҳои қаблӣ пироҳани занонаро дастӣ ороиш медоданд, аммо ҳоло ин амалро мошинҳои муосири дӯзандагӣ низ анҷом медиҳанд. Талабот ба ин навъи куртаҳои тоҷикӣ сол аз сол бештар мегардад. Куртаҳои мӯди нав ҳатто таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро низ ба худ ҷалб мекунанд».
Тавассути барномаи мазкур барои хобгоҳи литсей 5 адад мошини ҷомашӯӣ, 14 тахтаи дарзмолкунӣ ва14 адад хушккунаку 14 дарзмол дастрас ва дар ихтиёри муҳасиллини ин муассиса қарор дода шуданд.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр