Нашрияи Омӯзгор

Таълимгоҳи тозабунёди Нурбахш

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Нурбахши деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара ташриф оварда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25-ро ифтитоҳ намуданд.

Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Бинои мактаб аз ду ошёна иборат буда, барои 1240 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардид. Муассисаи навсохт аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, астрономия, табиатшиносӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, утоқҳои корӣ барои омӯзгорон ва кормандон, инчунин, ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар муассиса маҳфили шоҳмотбозӣ амал мекунад, ки хонандагон дар ин сабқати зеҳнӣ фаъолона ширкат меварзанд.

Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои 50 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, барои ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзишӣ бо 100 ҷойи нишаст барои тамошобинон сохта шудааст.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ ороста, ба истифода додани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи сазовори ҷашни пуршукӯҳи таърихӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, барои сокинони шарафманду меҳнатқарини деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара арзёбӣ намуданд.

Президенти мамлакат таъкид карданд, ки аз шароитҳои муҳайёгардида дар муассисаи нави таълимӣ омӯзгорону хонандагон босамар истифода намуда, ба омӯзиши барномаҳои таълимӣ, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” солҳои 2020-2040 диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Омӯзгорону хонандагон бунёди муассисаи нави таълимиро ташаббуси ибратомӯз ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи илму маориф арзёбӣ намуданд.

Дар бинои хуштарҳи таълимӣ имкон аст, ки дар ду баст, 336 нафар хонандаи синфҳои аз 1 то 4 ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва дигар аёнияти таълимӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Тамоми синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва долонҳои муассисаи нави таълимӣ ба шабакаи гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, пайваст гардидаанд.

Масоҳати умумии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 25 3,2 гектар буда, дар ҳудуди он майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ мавҷуд аст. Ҳудуди иншоот сабзкорӣ ва чароғон шуда, зебою назаррабо мебошад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш