Тибқи гузориши Институти иқтисод ва сулҳ (Institute for Economics & Peace, IEP), Тоҷикистон дар радабандии Нишондиҳандаи ҷаҳонии сулҳ – 2021 дар байни 163 давлат дар ҷойи 97-ум қарор гирифт, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи маркази таҳлилӣ.
Тибқи гузориши «Global Peace Index», дар тӯли як сол Тоҷикистон якбора 10 зина боло рафтааст. Ба андешаи таҳлилгарон, Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои дорои сатҳи миёнаи сулҳ шомил аст. Ба ин гурӯҳ Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Озарбойҷон низ шомиланд.
Кореяи Шимолӣ, Венесуэла, Судон, Россия, Либия ва Сурия, Яман ва Афғонистон дар охири рӯйхати 163 кишвар қарор гирифтаанд.
Кишвари осоиштатарин ба мисли соли гузашта Исландия эътироф шудааст. Ба даҳ кишвари осоиштатарин, инчунин, Зеландияи Нав, Дания, Португалия, Словения, Австрия, Швейтсария, Ирландия, Чехия, Канада, Сингапур ва Япония шомиланд. Рӯйхати пурраро дар суроға — https://reliefweb.int/sites/reliefweb.int/files/resources/GPI-2021-web.pdf — дидан мумкин аст.
Болоравии нишондиҳандаи сулҳ дар 87 мамлакат ва коҳишёбӣ дар 73 кишвар ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, нишондиҳандаи ҷаҳонии сулҳ 0,07 фоиз коҳиш ёфтааст.
Бояд тазаккур дод, ки радабандии ҷаҳонӣ омилҳоеро, чун сатҳи муттаҳидии ҷомеа, эҳтироми ҳуқуқи инсон, суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ, шумораи маҳбусон дар маҳбасҳо, сатҳи таҳдиди терроризм, хароҷоти мудофиа ва иштироки ин ё он кишвар дар амалиёти ҷангӣ ба инобат мегирад.
Дар радабандии ҷаҳонии сулҳ, ки ҳамасола аз ҷониби Институти иқтисод ва сулҳи Австралия нашр мешавад, Тоҷикистон дар соли 2018 дар ҷойи 117, дар соли 2019 дар ҷойи 105-ум ва дар соли 2020 дар байни 163 кишвари ҷаҳон дар ҷойи 107-ум қарор дошт.
Ба андешаи таҳлилгарон, Тоҷикистон ба рӯйхати давлатҳое шомил шудааст, ки сатҳи амнияти боэътимод доранд.
АМИТ «Ховар»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр