Нашрияи Омӯзгор

Ваҳдат

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Чашм бар дур назар кард, хабардор шудем,

Заҳрро ақл шакар кард, шакардор шудем.

Панд бар фанд асар кард, асардор шудем,

Меҳр бар кина зафар кард, сипардор шудем.

 

Нешро аз хотири ҳастии миллат нӯш кардем,

Оташи ҷанги ватансӯзандаро хомӯш кардем.

 

Хунҷигар шуд баду ин қавм бадомӯз нашуд,

Ҷо даруни қафаси дуд худафрӯз нашуд,

Соҳиби нури хирад буд, сияҳрӯз нашуд,

Сабзтар гашт, сияҳрӯ чу заминсӯз нашуд.

 

Ин нишоне аз гуноҳи  ҳам гузаштан буд,

Ин баҳори ваҳдати сарсабз гаштан буд.

 

Қиссаи ваҳдати моро ба ҳама ҷо донанд,

Сухан аз Сулҳ равад, Сарвари моро хонанд.

Ҳар куҷо Пайкараи Ваҳдат агар бигзоранд,

Ном бояд, ки ба он тоҷбасарҳо монанд…

 

Мо ба Ваҳдат дар ҷаҳон машҳур гаштем,

   Чун нишони ориён машҳур гаштем.

Муҳаммад Ғоиб,

Шоири халқии Тоҷикистон


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин вазифаи мо дар назди мардумон ростӣ дар гуфтору кирдор аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш