Нашрияи Омӯзгор

Гуфтугӯ перомуни «Маърифати оиладорӣ»

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 795        Шарҳ: 0

 

Дар толори Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи педагогика ва психологияи пажӯҳишгоҳ вохӯрӣ бо муаллифи китоби дарсӣ аз фанни “Маърифати оиладорӣ”, профессор Хуррам Раҳимзода баргузор гардид, ки дар он муовини директори пажӯҳишгоҳи номбурда Султонмурод Туронов, мудири шуъбаи омӯзиши стандарт, нақшаю барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ Давлатназар Имомназаров, мудири шуъбаи педагогика ва психология Наимҷон Абдурашитов, ходимони илмии пажӯҳишгоҳ ва омӯзгорон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш Султонмурод Туронов ҳадафҳои вохӯриро барои ҳозирин тавзеҳ бахшид.

Хуррам Раҳимзода оид ба китобҳои дарсии “Маърифати оиладорӣ” ва “Таърихи дин” ва таърихи навиштани онҳо ҳамчун муаллифи ин китобҳо  маълумоти муфассал ироа карда, ба саволу дархостҳои пешниҳодкардаи омӯзгорон посухҳои мушаххас дод.

Сипас, миёни ҳозирин оид ба масъалаи мавриди зикр баҳсу мунозира сурат гирифт. Аз ҷумла, аз ҷониби омӯзгорон пешниҳод гардид, ки китобҳои дарсӣ бояд талаботи хонандаро қонеъ карда тавонанд, мувофиқ ба стандарти соҳа таҳия шаванд ва дар нақшаи таълимӣ соатҳо аз фанни “Маърифати оиладорӣ” зиёд гардад (ҳоло як соат аст). Агар фанни мазкур мисли солҳои пештара дар синфҳои 9 ҳам дарс дода шавад, ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Китобҳои дарсӣ бо теъдоди зиёд нашр ва ба муассисаҳои таълимӣ дастрас шаванд, зеро дар аксари мактабҳо ин китобҳо намерасанд. Дар китоби дарсии “Маърифати оиладорӣ”-и нашри соли 2015 аксари калимаву ҷумлаҳо мушкилфаҳм аст, беҳтар мебуд, ки матнҳои он содаву равон ва бо мисолҳои мушаххаси ҳаётӣ пешниҳод мегардид.

Дилафрӯз Қурбонӣ,

“Омӯзгор” 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш