Нашрияи Омӯзгор

Мафҳуми дараҷа дар осори ниёгон

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

Таҷриба нишон медиҳад, ки омӯзиши ин ё он фан барои хонандагон замоне шавқангезу таъсирбахш мегардад, ки дар рафти таълим аз таърихи истилоҳу мафҳумҳои омӯхташаванда ба онҳо маълумот дода шавад.

Аз ҷумла, ҳангоми омӯзиши фанни алгебра дар муассисаҳои таълимӣ дар рафти дарс аз таърихи истилоҳу мафҳумҳо каму беш истифода намоем, шавқу рағбати хонандагон бештар мешавад.

Фанни алгебра, ки таърихи қадим дорад, боиси ифтихори мардуми мо мебошад, зеро ниёгони мо барои ба фан табдил ёфтани ин илм хизмати босазое кардаанд. Хусусан, асари Муҳаммад Мӯсо Ал-Хоразмӣ бо номи «Ал-китоб-ал-мухтасар-фи-ҳисоб-ал-ҷабр вал-муқобала» дар пайдоиши ин фан нақши калидӣ дорад.  Истилоҳи алгебра аз мафҳуми «Ал-ҷабр»-и ҳамин асар ба вуҷуд омадааст.

Ниёгони мо дар пешрафти илми риёзӣ саҳмгузор буда, дар ин кор аз истилоҳҳои хоси забони модарии худ истифода кардаанд, ки ин, бешак, мустақилияти онҳоро аз олимони Аврупо собит менамояд. Мехостам дар бораи яке аз мафҳумҳои асосии риёзӣ, ки бо номи «дараҷа» маълум аст, аз осори ниёгон маълумот пешкаш намоям.

Дар адабиёти таълимӣ ҳосили зарби якчанд адади байниҳам баробарро дараҷа меноманд. Дараҷа дар шакли умумии аn навишта мешавад, ки а-ро асоси дараҷа ва n-ро нишондиҳандаи дараҷа меноманд. Дараҷаи якумро чун а-  ишора карда, дуро чун а2, дараҷаи сеюмро чун а3 ва ҳоказо ҳамин тавр менависанд. Бояд қайд намуд, ки ниёгони мо калимаҳои хосеро истифода мекарданд, ки тартиби дараҷаҳоро ифода мекард. Номи дараҷаи якумро онҳо «шай» меномиданд, яъне а1. Дараҷаи дуюмро, ки дар Аврупо «квадрат» меноманд, ниёгони мо бо калимаи «мол» ифода мекарданд, яъне а2. Дараҷаи сеюмро «каъб» ном мебурданд, ки аврупоён онро «куб» меноманд ва чун а3 менависанд. Ҳамин тавр, дараҷаи чорумро ниёгони  мо бо «мол-мол ифода  ифода мекарданд, яъне а2.а2= а2+2= а4.. Дараҷаи панҷумро бошад, дар шакли «мол-каъб» истифода мебурданд, моҳияти он а2.а3= а5 буд. Дараҷаи шашумро бо ислоҳи «каъб-каъб» ифода менамуданд, ки а3. а3= а6-ро баёи мекард. Дараҷаи ҳафтумро «шай-каъб-каъб» меномиданд, ки моҳияташ а.а3 .а3=а1+3+3= а7 - ро ифода мекард.

Ин маълумотҳо собит менамоянд, ки ниёгони мо, новобаста ба аврупоиён мустақиман татқиқотҳо бурда, дар пешрафти илми риёзӣ саҳми босазо гузоштаанд. Ин маълумотҳо ақидаи бархе олимонро, ки мустақилияти олимони Осиёи Миёнаро дар илми риёзӣ инкор мекарданд, ботил месозад. Дар дарсҳои риёзӣ ба хонандагон додани маълумотҳо оид ба мафҳумҳои хоси ниёгонамон аз аҳамият холӣ нест. Зеро ин маълумотҳо боиси баланд гардидани худшиносии миллии наврасон гардида, шавқи онҳоро ба таърихи ниёгон бештар менамояд.

Аз ҷумла, онҳо аз осори илми риёзии ниёгонамон бархурдор мешаванд. Истифодаи истилоҳҳои илмии ниёгон ба хонандагон шавқи кунҷковии онҳоро бедор менамояд, то дар ин ҷода бештар огоҳӣ ёбанд.

 

Абдулазим ИСМОИЛОВ,

омӯзгори математикаи

мактаби №43,

шаҳри Ваҳдат


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш