Нашрияи Омӯзгор

Ваҳдат дар оинаи публитсистикаи тоҷик

Сана: 2021-06-24        Дида шуд: 805        Шарҳ: 0

 

Суҳбати ихтисосӣ бо публитсистикашинос, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ

- Устоди арҷманд, чун суҳбати мо дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ сурат мегирад,   мехостам  суханро аз  ёдкарди  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ  (27. 06. 1997) ҳамчун падидаи сиёсию таърихӣ шурӯъ намоем.

– Воқеан,  пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз муҳимтарин дастоварди таърихи навини давлатдории тоҷикон маҳсуб меёбад. Расидан ба сулҳ кори осон набуд, зеро, аз як тараф, ҳукумати тозатаъсиси Тоҷикистон таҷрибаи кофии сулҳофариро надошт, аз ҷониби дигар, мухолифин кӯшиш мекарданд, ки ба ин раванд халал расонанд. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба сабақҳои таърихӣ тӯли чор сол (1994-1997) бо намояндагони Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон: Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон музокираҳо анҷом доданд. Музокираҳо барои ба даст овардани сулҳи сартосарӣ низ осон набуд. Бахусус, музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон дар вазъияти басо мураккаб ва ноамн сурат гирифт. Дар тӯли чор сол барои татбиқи ҳадафҳои сулҳ 9 давраи гуфтушунид, 6 мулоқот бо иштироки сарони гурӯҳҳо  ва 21 музокира баргузор гардид. 

Раванди сулҳи тоҷикон худ воқеаи беназир аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар саросари ҷаҳон мавриди истиқбол ва омӯзиш қарор гирифт. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ на танҳо сокинони Тоҷикистонро ба ҳам овард, балки ба ваҳдати тоҷикони ҷаҳон мусоидат кард. Сулҳи тоҷикон собит намуд, ки дар ҳалли ҳар гуна моҷаро ва зиддияти иҷтимоиву гурӯҳӣ ва қавмиву миллӣ нақши шахсияти таърихӣ барҷаста аст. Ба бахти тоҷикон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси чунин шахсияти барҷастаи таърихӣ тақдири давлату миллатро ба дӯш гирифт. Ба ин мазмун, ба яқин гуфтан мумкин аст, ки ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории мо бозёфти арзишмандтарин маҳсуб меёбад. Моро мебояд, ки ба қадри он расем,  арзишҳояшро гиромӣ дорем ва ҳифз кунем, сабақҳои таърихии созишномаро ба наслҳои имрӯзу оянда омӯзонем. Ин рисолати зиёиёни кишвар, бахусус, аҳли эҷод аст, ки дар шаклҳои гуногун: асарҳои таърихӣ, илмӣ, адабӣ, публитсистӣ, театрӣ, синамоӣ ва ғайра сурат мегирад.

– Табиист, ки ин падидаи фараҳбахши таърихӣ дар  осори публитсистии замони соҳибистиқлолӣ низ таҷассум ёфтааст. Мехостам дар бораи вижагии  публитсистика ҳамчун сухани рӯз ва асарҳои марбут ба мавзӯи сулҳу ваҳдат маълумот ироа менамудед.

– Публитсистикаро ифодагари рӯҳи замон меноманд, ки барҳақ аст. Рӯҳи замон, аз як тараф, публитсистикаро ба вуҷуд меорад, аз ҷониби дигар, публитсистика рӯҳи замонро тақвият мебахшад. Ба ин мазмун, публитсистика сухани рӯз аст, ки ҷомеа ба он ниёз дорад. Сухани рӯз ҳамеша вуҷуд дорад, вай тавлид мешавад, ба ҳаракат медарояд, гӯяндаву шунаванда, нависандаву хонанда пайдо мекунад, ҳаводоронро ба ҳам меорад, афкор месозад ва рӯҳияи созандагиву бунёдкориро талқин мекунад.

Сухани рӯз ба воқеаву рӯйдодҳои таърихиву иҷтимоӣ, ҷашнҳои милливу ҷаҳонӣ, мушкилоту муаммоҳои ҳаётӣ ва умуман, зиндагиии иҷтимоии мардум иртибот дорад, вай дар шаклҳои гуногун баён гардида, такрор мешавад, аммо бо мазмун ва тобиши тозаи замонавӣ. Тобишҳои тозаи замонавӣ умри сухани рӯзро тӯлонитар мекунанд, ба он солорӣ мебахшанд, доманаи тасвир ва тароваташро васеъ мегардонанд.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар тараннуми сулҳу ваҳдат, тантанаи ҷашнҳои таърихиву миллӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангиву адабӣ, ҳифзи муҳити зист ва амсоли инҳо ба мавзӯъҳои мубрам табдил ёфтанд. Инъикос ва тараннуми ин мавзӯъҳо дар фазои иттилоотӣ ва фарҳангиву адабии кишвар рӯҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, бунёдкорӣ ва созандагиро тақвият мебахшад. Миёни ин мавзӯъҳо сулҳ ва ваҳдати миллӣ арзиш ва мақоми баландтар дорад, зеро пешравии ҷомеа, тақвияти рӯҳияи бунёдкориву созандагӣ маҳз ба ҷомеаи орому осоишта вобаста аст. Ба ин мазмун, агар ағлаби пешравиҳои  кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба шарофати ваҳдати миллӣ арзёбӣ кунем, хато нахоҳад шуд.

Аслан ваҳдат мавзӯи нав нест. Чун инсон худро шинохт ва ба маърифати худу олам кӯшид, масъалаи ваҳдат таваҷҷуҳи ӯро ҷалб намуд. Ин таваҷҷуҳ тадриҷан вусъат пайдо карда, тобиши фалсафӣ (ваҳдати вуҷуд), адабӣ (ваҳдати умумиинсонӣ), фарҳангӣ (ҳамдилии халқиятҳои гуногун) ва публитсистӣ (эҳтироми ҳамдигар, ба қадри зиндагии осоишта расидан) касб намуд.  Аз ин  бармеояд, ки ваҳдат созгор ба ҳар давру замон аст ва ба таъбири Мирзо Турсунзода, моро зарур аст, ки «Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун»-ем.

Баргардем ба қисми дуюми саволатон. Агар гӯем, ки ба мавзӯи сулҳу ваҳдати миллӣ аксари адибону публитсистони тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуда, шеъре, ҳикояе, қиссае, очерк ва ё лавҳае навиштаанд, хато нахоҳем кард. Зеро ин воқеаи арзишманди таърихиро ҳама ба хушнудӣ истиқбол гирифтанд ва ҳама мехоҳанд, ки дар таҳкими он саҳим бошанд. Дар ин замина, бояд дар назар дошт, ки ҳар халқу миллат неруи бузург аст,  аммо ин бузургӣ бидуни Пешвои оқилу хирадманд ҳеҷ аст. Бинобар ин, метавон гуфт, ки ҳарчанд дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ хизмати халқ басо бузург аст, аммо дар ин раванд, бе муҳобот, қаҳрамони асосӣ фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба ин мазмун, осори марбут ба мавзӯи сулҳу ваҳдати миллиро бидуни тасвири корнамоиҳои Пешвои миллат наметавон тасаввур кард. Дар адабиёт ва публитсистикаи тоҷик мавзӯи сулҳу ваҳдат ва шахсияти Пешвои миллат ба ҳам зич алоқаманданд. Вақте сулҳу ваҳдат мегӯем, корномаи асосгузори он пеши назар меояд, ҳангоме ки аз хидматҳои беназири Пешвои миллат сухан ронданӣ мешавем, кӯшишҳои сулҳофаринии Сарвари давлат ба ёд меояд. Батакрор мегӯем, ки тамоми комёбиҳои кишвари соҳибистиқлоли мо аз сулҳу ваҳдати миллӣ маншаъ мегиранд.

Ба ин мазмун, аз аввалин китобе, ки ба мавзӯи суҳбати мо иртибот дорад, «Дар роҳи таҳкими ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд» ном дорад, ки  фарогири маҷмӯи мақолаҳои илмиву оммавӣ буда, соли 1996 ба нашр расидааст. Баъдан, асарҳои В. Сухомлинов, В. Шалаев «Роҳ ба сӯйи созиш» (2003), С. Мирзошоҳ, Ш. Ҳаниф «Меъмори Ваҳдат» (2004), Қ. Восеъ «Аз Қасри Арбоб то кохи Ваҳдат» (2004),  А. Ҳамдам, Л. Чигрин «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон» (2012), Воҳид Ғаффорӣ, Зафар Сайидзода «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» (2012), Н. Абдулваҳҳоб, У. Шерхон «Ваҳдатофар»  (2014), Ш. Мӯсо «Ҷасорат» (2016), «Шукӯҳи ваҳдат» (2017) ва ғайра рӯйи чоп омаданд.

– Ба андешаи шумо, раванди хатми ҷанги дохилӣ ва марҳалаҳои ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидан дар кишвар дар ин ва дигар асарҳо чӣ тавр инъикос ёфтааст?

– Доир ба раванди муноқишаҳои сиёсии дохиликишварии солҳои аввали истиқлол асарҳои зиёди публитсистиву таърихӣ ва бадеӣ офарида шудаанд. Ин асарҳо бо вуҷуди мавзӯи ягонаро фаро гирифтан, вижагиҳои гуногун доранд. Ин вижагиҳоро ҳам дар мавзӯъ, ҳам дар дараҷаи огоҳиву маърифати муаллифон ва ҳам дар муносибати нигорандагон метавон мушаххас намуд. Масалан, дар публитсистикаи китобии фарогирандаи  муқовиматҳои сиёсӣ ва ҷараёни сулҳофарӣ дар Тоҷикистон, ки аксаран дар гармогармию авҷи воқеаҳо навишта шудаанд, бо вуҷуди фаро гирифтани паҳлуҳои мухталифи  раванди муноқишаҳо ва талошҳои сулҳхоҳонаи гурӯҳҳои алоҳида, муносибатҳои субъективии муаллифон ва худситоишии онҳо афзалият дорад.

Асарҳои баъд аз анҷоми муноқишаҳо ва Созишномаи сулҳи тоҷикон таълифшуда, аксар аз ҷониби коршиносон ва адибону публитсистон навишта шудаанд. Албатта, ин гурӯҳи муаллифон низ аз раванди хатми ҷанги дохилӣ ва марҳалаҳои ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидан огоҳӣ доштаанд, аммо дар раванди муноқишаҳо ва ё сулҳи тоҷикон бевосита шарик набудаанд. Бинобар ин, дар чунин осор мо ҳам аносири илмиву оммавӣ ва ҳам услуби публитсистиву бадеиро мушоҳида мекунем. Масалан, мақолаҳои маҷмӯаи «Эмомалӣ Раҳмон дар оинаи замон» – «Эмомалӣ  Раҳмон: «Ман ба шумо сулҳ меоварам» (1998), «Президент Эмомалӣ Раҳмон ва густариши худшиносии миллӣ» (2002), «Эмомалӣ Раҳмон – бунёдгузори Артиши миллии Тоҷикистон» (2002), «Пешбару роҳнамои миллат» (2006) ва амсоли инҳо дар заминаи сарчашмаҳои ҳуҷҷатӣ навишта шуда бошанд ҳам, дар онҳо таъсири  фазои иҷтимоӣ кам нест, балки муҳтавои матолиб бо асноди ҳуҷҷатӣ ва таассуроти фазоии муаллифон омезиш ёфта, ба баланд шудани оҳанги иҷтимоии асарҳо  мусоидат кардааст.

«Корномаи Эмомалӣ Раҳмон»-и А. Ҳамдам, Л. Чигрин ва  «Ҷасорат»-и Шералӣ Мӯсо бо вижагиҳои мавзӯиву услубӣ ба ҳам наздик бошанд ҳам,  аз нигоҳи сабку услуби нигориш фарқ мекунанд.  Асари аввал ба саволҳои чӣ гуна сурат гирифтани раванди ташаккули шахсияти Президенти Тоҷикистон, чӣ гуна будани робитаи мутақобилаи он кас бо таърихи халқ,  чӣ корҳои азимро иҷро намудан ва монанди инҳо посух медиҳад.  Ато Ҳамдам дар мақолааш «Зинаҳои ифтихор» (Адабиёт ва санъат. – 3 сентябр)  ҳадафи эҷоди ин асарро чунин тавзеҳ додааст:   «Мехоҳем хонандагон ба мазмуни он сар фурӯ бурда, дар бораи он паҳлуҳои шахсияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасаввурот ҳосил кунанд, ки махсусияту паҳнои онро ифода менамояд. Мехоҳем хонандагон бифаҳманд, ки чӣ корҳои зиёде кардааст ӯ, чӣ талошҳое ба харҷ додааст».

Асари Шералӣ Мӯсо аз маҷмӯи қиссаю очерк, мақола ва ҳикояҳои воқеӣ таркиб ёфтааст. Ин ҷо низ аз корнамоиҳои фидокорона ва қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан меравад, аммо фазо ва доманаи тасвирҳо нисбатан маҳдуд буда, дар атрофи ҳодисаи моҳи сентябри соли 2014 дар шаҳри Ваҳдат рух дода чарх мезанад. 

Ин ва дигар асарҳо дар маҷмӯъ, раванди сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллиро дар қолабҳои публитсистиву бадеӣ таҷассум намудаанд, ки арзандаи мутолиа ва нақданд.

– Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар публитсистикаи тоҷик то чӣ андоза бозтоби бадеию воқеии худро ёфтааст?

– Тавре дар боло тазаккур намудем, ҳарчанд дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ фарҳанги волои мардум нақши муҳим бозидааст, аммо бидуни муҳобот, қаҳрамони асосии ин раванд фарзонафарзанди миллат Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин ҳақиқати таърихӣ аст. Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ниҳоят бузург аст. Бо гузашти солҳо ин нақш арзиши бештар пайдо мекунад.  Агар ба таври умумӣ дар посух ба  ин савол андешем, гуфтан мумкин аст, ки ин самти кӯшишу талош ва ташаббусҳои Пешвои миллат дар адабиёт ва публитсистика  ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ бозтоби худро наёфтааст. Аз нигоҳи миқдор дар ин бора асарҳо зиёданд. Бахусус, асарҳои назмӣ, шеъру сурудҳо дар васфи Пешвои миллат хеле зиёд гуфта шудаанд, аммо ағлаби онҳо на танҳо мазмуни ҳамгун доранд, балки баъзан такрори ҳамдигаранд.

Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ваҳдатофариву сулҳу суботи мамлакат ва ободу зебо гардонидани кишвари соҳибистиқлоламон беназир аст. Пешвои миллат бо ҷоннисориҳои хеш тавонист маҳбуби дилу дидаи тоҷикон гардад ва аз ҷониби мардум унвони ифтихории Президенти мардумиро касб намояд. Ҳамзамон, ӯ бо сиёсати хирадмандонаи худ дар сатҳи байналмилалӣ обрӯю эътибори бузург пайдо намуда, дар қатори дигар сиёсатмадорони ҷаҳон сазовори унвони “Пешвои асри XXI” гардид. Тасвири ҳунармандонаи чунин симо дар адабиёт ва публитсистикаи бадеӣ нишони арҷгузориву эҳтироми халқ нисбат ба Пешвои миллат аст. Мутмаинам, ки ин арҷгузорӣ умри тӯлонӣ дорад ва ин умр боиси эҷоди асарҳои нав ба нав хоҳад шуд.

  – Оё адибону публитсистони  тоҷик тавонистаанд, ки раванди ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишварро ба таври шоиста тасвир намоянд?

– Мавзӯи ваҳдати миллӣ тамоми соҳаҳои эҷодро фаро гирифта, на танҳо ба  қисми таркибии мундариҷаи матбуоти давриву воситаҳои дигари ахбори омма, балки ба як рукни ҷудонашавандаи эҷодиёти адибону публитсистон табдил ёфт. Бахусус, дар назми иҷтимоӣ ин мавзӯъ мақоми хосса пайдо кард. Адибон Низом Қосим, Абдулҳамид Самад, Ато Мирхоҷа, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғоиб, Камол Насрулло, Озарахш, Фарзона, Давлат Сафар, Бахтиёр Муртазоев, Ато Ҳамдам, Шералӣ Мӯсо, Ҷумъа Қувват, Раҷабалӣ Аҳмад, Доро Наҷот, Назри Яздонӣ,  Рустами Ваҳҳоб, Хайрандеш, Абдуллоҳи Раҳнамо, Зулфия Атоӣ, Муҳтарам Ҳотам ва дигарон ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ намуда, дар заминаи бардошту таассурот ва эҳсоси иҷтимоии худ асарҳо офарида, моҳият ва аҳамияти Ваҳдати миллӣ, сиёсати сулҳофарии Пешвои миллат, азму талошҳои ӯ дар роҳи расидан ба сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, муҳаббат ба ватан, талош баҳри ободии он ва амсоли инҳоро тараннум намудаанд. Асарҳои эшон ҳарчанд саршор аз тасвирҳои бадеиву шоиронаанд, аммо аз воқеияти аслӣ дар канор нестанд. Дар онҳо саҳнаҷӯию саҳнасозӣ ва суханёбию суханбофӣ камтар аст, балки ҳақиқати воқеӣ тасвир ва талқин мешавад. Чунончи, пораҳое аз ашъори Низом Қосим:

 Аз миён бархост ногаҳ тоҷбарсар тоҷике,

Мулкро кард аз хатар огоҳ бофар тоҷике.

Тоҷиконро ҷамъ овард аз ҳама дар тоҷике,

Зарра-зарра, ҳамчу аз реги равонзар, тоҷике…

Муҳаммад Ғоиб:

Шавад то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ,

Ливои мулки худро ашкрезон бӯсаҳо кардӣ.

На танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ,

Ҳалолат бод, дар ваҳдат вафо, қарзат адо кардӣ.

Ҷумъа Қувват:

Марде, ки мадори Тоҷикистон бошад,

Қалбаш ҳама кони шону имон бошад.

Маҳбуби дили мардуми Раштон бошад,

Бисёр азизи Суғду Хатлон бошад.

Чун кӯҳи сахобахши Бадахшон бошад,

Бунёдгузори Ваҳдатистон бошад.

В-андар дили сулҳпарварон ҷон бошад,

Фархундапай Эмомалӣ Раҳмон бошад.

Табиист, ки пойдору устувор мондани сулҳу ваҳдат дар ҳар кишвар аз фарҳангу маърифати мардуми он вобаста аст. Чи қадаре фарҳангу маърифати мардум баланд бошад, ҳамон қадар сулҳу ваҳдат пойдор мемонанд. Фарҳанги волои инсониро якбора наметавон ба вуҷуд овард. Он кори ҷиддӣ, мудовим ва таҳаввулпазир аст. Ба ин манзур, адибон ва ҳамчунин, публитсистон ҳангоми таваҷҷуҳ ба мавзӯи сулҳу ваҳдат кӯшиш намудаанд, ки дар фароҳам овардани чунин фазо саҳм гузоранд.

Ин гуна ашъор ҷанбаи қавии публитсистӣ доранд. Дар онҳо  на танҳо сиёсати ваҳдатофарӣ ва ҳадафҳои созандагии Пешвои миллат тараннум мегардад, балки фарҳанги сулҳ ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносии хонанда тарғибу талқин мешавад.

– Ба андешаи шумо, инъикоси васею ҳамаҷонибаи раванди сулҳу ваҳдат дар кишвар аз нигоҳи публитсистону адибон магар то ҷое дур намондааст?

 – Сулҳ заминагузори ваҳдат ва осоиши кишвар аст, онро бояд маърифат кард, ба қадраш расид ва ба наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун олиҳаи зебоиву осудагӣ тарғиб кард. Дар ин кор, пеш аз ҳама, адибону публитсистон ва олимону муҳаққиқон  саҳм гузошта метавонанд.  Ҷойи шубҳа нест, ки таблиғи ғояҳои истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, таҳкими суботи сиёсӣ вазифаи муқаддасу меҳварии адабиёт ва публитсистикаи тоҷик маҳсуб меёбад. Гумон мекунам, ки асарҳои зиёди адабиву публитсистӣ ва илмиву оммавии дар ин мавзӯъ то ин дам иншову эҷодшуда, на танҳо дар фазои фарҳангиву адабии кишвар нақши созанда доранд, балки  барои таълифоти минбаъдаи нисбатан барҷастаи илмиву адабӣ ва асарҳои ҳуҷҷативу публитсистӣ ҳамчун сарчашмаи илҳомбахшу пурмуҳтаво мусоидат намуда, боиси тавлиди асарҳои боз ҳам хонданиву монданӣ хоҳанд гашт.

– Ташаккур барои суҳбати гуворо.

Суҳбаторо Насруддин ОХУНЗОДА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш