Нашрияи Омӯзгор

Синфхонаҳои нав барои омӯзиши барномаҳои компютерӣ ва дӯзандагӣ

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Дар Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ду синфхонаи нави таълимӣ барои омӯзиши барномаҳои компютерӣ ва дӯзандагӣ дар заминаи инфрасохтори намояндагии филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон бунёд гардида, аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар синфхона бо 10 мошинаи дӯзандагӣ ва 10 дастгоҳи компютерии муосир таъмин гардиданд.  Дар заминаи ин синфхонаҳо имкон дорад, ки дар ду баст то 80 нафар хоҳишманд аз ҳисоби аҳолии бекор ва бекасб ба касбомӯзӣ фаро гирифта шаванд.

Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷараёни  ифтитоҳи синфхонаҳои таълимӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Раҳмонзода ва  муовини якуми раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Исфара ва дигар намояндагони мақомоти дахлдор  иштирок намуданд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш