Нашрияи Омӯзгор

Таъзия

Сана: 2021-07-01        Дида шуд: 752        Шарҳ: 0

 

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Омӯзгор”, маҷаллаҳои “Маърифати омӯзгор” ва “Маорифи Тоҷикистон” аз даргузашти Сафаралӣ Абдуллоев, собиқ мутахассиси пешбари Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  андуҳгин буда, ба аҳли  оила ва хешону пайвандони марҳум ҳамдардӣ  баён мекунанд.

 

Роҳбарият, ҳайати иттифоқи касаба ва омӯзгорону кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба мудири шуъбаи равобити байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳои донишкадаи мазкур Собирахон Ҳабибова бинобар даргузашти падараш изҳори ҳамдардӣ менамоянд.

 

Кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти ҳамкори худ, сармутахассиси фанни химия Солеҳ Расулов  андуҳгин буда, ба пайвандону  наздикони марҳум ҳамдардӣ баён мекунанд.

 

Кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  ҳамкори худ, сардори бахши банақшагирӣ, мониторинг ва муносибатҳои байналмилалӣ Парвина Шаропова бинобар даргузашти МОДАРАШ  изҳори ҳамдардӣ менамоянд.

 

Аз даргузашти ҷонгудози собиқадори маориф ва иттифоқи касабаи шаҳри Душанбе, зани хирадманду бомаърифат ва раҳнамою маслиҳатгари ҷавонон Бону Усмонова сахт андуҳгинем ва ба аҳли оилаву пайвандони марҳум изҳори ҳамдардию таслият мекунем.

Н.Ниёзмамадова,

М.Нуриддинова,

Б.Ашӯрова,

М.Атаева

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш